Мо дар идомаи сафару боздидҳо аз Теҳрон сафари худро ба самти шаҳри Кошон давом додем.
Он марбути вилояти Исфаҳон буда, дар ҷанубу шарқи Теҳрон воқеъ гаштааст. Кошон ҳамчунин бо шаҳрҳои Қум ва Натанзон дар як радиф қарор доранд.
Вақте ки бозори қадимии Кошонро тамошо кардем, роҳбалади мо Ҳуҷҷат Алмосӣ гуфт:
– Ин бозор дар давраи салтанати Салҷуқиҳо сохта шудааст ва Сафавиҳо онро бозсозӣ кардаанд. Атрофи ин бозорро муҷтамаъи масҷид, корвонсарой, ҳаммом ва обанбори хурд иҳота гирифтааст. Аз ҷумла, масҷиди Мир Аҳмад аз иншооте шумурда мешавад, ки ба ҳусни ин шаҳр ҳусн афзудааст ва онро ҳокими сулолаи Салҷуқиҳо Ҷаҳоншоҳи Қароқуюнлӣ бунёд кардааст. Дар деворҳои он номи шоҳҳои Эрон тасвир ёфтаанд.
Хонаҳои Амирӣ, Аббосӣ, Таботабоӣ низ аз осори таърихии ин шаҳр буда, дар асри ХVIII сохта шудаанд. Аммо ёдгории «Боғи Фин», ки аз боғу ҳаммоми хеле бузург иборат аст ва хеле хуб кошинкорӣ ва пурнақшу нигор сохта будаанд, минтақаи хеле калонро ишғол мекард. Тамошои боғи биҳиштии он таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамуд.
Вазири давраи қоҷориён Амири Кабир маҳз дар ҳамин ҳаммом ба қатл расидааст. Дар Теҳрон ба номи ин фарди таърихӣ донишгоҳи давлатӣ фаъолият мекунад. Ин боғу ҳаммомро шоҳ Аббоси 1 дар наздикии деҳаи Фин сохтааст ва ба ин далел он «Боғи Фин» унвон гирифтааст. Ин муҷтамаъ ба феҳрасти Мероси байналмилалии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Ногуфта намонад, ки шаҳри Кошон дар қолинбофӣ хеле шӯҳрат пайдо кардааст. Ҳамчунин ҳунармандони ин шаҳр аз гил зарфҳои хеле зебо ва дурахшон месохтаанд, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ қарор гирифтааст. Гулоби Кошон низ харидорони зиёд дошт.
Баъд ба Исфаҳон омадем ва дар меҳмонсарои хубу зебо ва муҷаҳҳази Донишгоҳи Исфаҳон ҷойгир шудем. Ин шаҳр маркази маъмурии яке аз вилоятҳои Эрон буда, дар чорсадкилометрӣ аз Теҳрон воқеъ гаштааст. Ин шаҳрро пойтахти минтақаи марказии Эрон низ меноманд. Исфаҳон дар зебоӣ шаҳри бостонии Самарқандро мемонад. Зеро аксари ёдгориҳои таърихии он шабеҳи ёдгориҳои таърихии Самарқанду Бухоро мебошад ва ин беҳуда нест. Аммо аз нахустин рӯзи вориди шаҳри Исфаҳон шудан сари он фикр мекардам, ки чаро «Исфаҳон – ними ҷаҳон» мегӯянд ва дар охир матлабро барои муштарӣ шарҳ хоҳам дод.
Шаҳрҳои Ҳумайнишаҳр, Давлатобод, Наҷафобод ва амсоли он аз шаҳрҳои таҳти тасарруфи вилояти Исфаҳон маҳсуб меёфтаанд. Исфаҳонро солҳои 1598-1722 пойтахти тамоми Форс мехондаанд.
– Таърих собит намудааст, ки дар давраҳои гуногун устоҳои чирадасти Исфаҳон биноҳои зиёди шаҳрҳои мухталифи қораи Осиёро нақшпардозӣ кардаанд. Шаҳри Самарқанд низ аз ин шумор аст. Устоҳои исфаҳонӣ маҳорати олии иморатсозӣ ва гулкорӣ доштаанд. Ҳамаи ин иншооте, ки дар Исфаҳон мебинед, беназиранд ва дар тӯли қарнҳо осебнопазир мебошанд,– гуфт роҳбаладамон Ҳуҷҷат Алмосӣ.
Майдони Имом ё «Нақши ҷаҳон» аз рӯи масоҳат хеле бузург буд. Он аз майдонҳои калонтарини дунё низ ба шумор мерафтааст ва баъди майдони Тиянанмэни Пекин дар ҷои дуввум қарор доштааст. Дар атрофи ин майдон масҷидҳои Имом, Шайх Лутфуллоҳ, қасри Алӣ Капу ва Бозори калони Исфаҳон воқеъ гаштаанд.
Тамошои дохили масҷидҳо нишон дод, ки ин иншоот хазинаи бузургест аз давраҳои қадими исломӣ, ки барои сохтани сутунҳои хиштин бо арзи беш аз якуним метр ва баландии 12-14 метр, гунбазҳои пурнақшу нигор, ба он чӣ қадар меҳнати тоқатшикан сарф шудааст. Ҳар як сутуни бузургу баландро бо нақшҳои мухталифу ҷолиб сохта буданд. Дар воқеъ, хиштҳо тарзе болои ҳам чида шуда буданд, ки нақшу нигори мухталифро эҷод кардаанд ва дар мустаҳкамӣ низ шояд назир надоранд.
Майдони кӯҳна, сайлгоҳҳои Чаҳорбоғ ва Ҳоҷу, қасри Ҳашт биҳишт (Ҳарами шоҳ), масҷиди Ҳоким, толори Ашраф, Чиҳилсутун, манораи Ҷунбон низ аз шумори ёдгориҳои таърихии ин шаҳр буданд. Айвони дарози қасри «Чиҳилсутун» бист сутун дошт. Аммо вақти мавҷ назадани оби ҳавзи саҳни ин қаср бист сутун ба чил сутун бадал мегашт. Барои ҳамин номи ин қасрро «Чиҳилсутун» гузошта буданд.
– Баъд аз зуҳр ба тамошои пулҳои болои Зояндарӯд меравем. Он ҷо мардуми зиёд ҷамъ меоянд. Шом, ки фаро расид, тӯдаи одамон боз ба чанд карат меафзояд ва ҳушёр шавед, ки якдигарро гум накунем, – ҳушдор дод роҳбалад.
Оқои Алмосӣ афзуд, ки дар самти чапи рӯд бозор низ мавҷуд аст ва барои харид кардани мавод хеле муносиб мебошад. Ба гуфтаи ӯ хоҳишмандон китобҳои дар Теҳрон пайдо накардаашонро ин ҷо метавонанд бо нархи арзон бихаранд. Аз автобус пиёда шуда, ба пули рӯ ба рӯямон баромадем. Ин пули Ҳоҷуи болои Зояндарӯд буд, ки гуфта мешавад, дар асри ХVII сохтаанд. Об омада, дар зери пули бетонӣ ба шохаҳо тақсим мешуд ва маҷрояш коҳиш меёфт. Аз боло ба поён нигаред, медидед, ки чӣ қадар одамон танҳову гурӯҳ-гурӯҳ худро аз он самти рӯд ба самти дигари он мерасониданд.
Болои Зояндарӯд пуле низ ҳаст, ки «Пули шаҳристон» унвон гирифтааст. Сохтмони зербинои он ба асрҳои III-VII рост меомадааст. Болои онро дар садаи ёздаҳум такмил кардаанд. Ин пул яке аз пулҳои кӯҳантарин дар Эрон маҳсуб меёфтааст. Ду пули дигарро «Сиву се пул» ва «Пули чӯбӣ» ном мебурдаанд, ки сохти қарни ҳабдаҳум арзёбӣ гардид.
Акнун ба сари мавзӯи он меоем, ки чаро «Исфаҳон – ними ҷаҳон» мегӯянд. Дар ин маврид бо яке аз ховаршиносони исфаҳонӣ Козим Иброҳимӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом додам.
– Агар мухтасар гӯям, нисфи ҷаҳон ҳарчи дошта бошад, Исфаҳон онро дорад. Кишвари Норвегия сарсабз бошад, Исфаҳон сарсабз аст. Саноати дастии Ӯзбекистон машҳури дунёст ва саноати дастии Исфаҳон низ хеле пеш рафтааст. Дания панири хушмаза дорад ва Исфаҳон низ панир тавлид мекунад, – мисолҳо овард оқои Иброҳимӣ.
Ба гуфтаи ӯ санг, оҳан, гунбадҳои фирӯзаӣ, масҷидҳои пурнақшу нигор, пулҳои мустаҳкам, хиёбонҳои қадимӣ, қолинҳои хушбофт ва амсоли онро дар кишварҳои гуногун ба танҳоӣ дидан мумкин аст, аммо дар Исфаҳон теъдоди он фаровон аст. Козим Иброҳимӣ мегӯяд, дар Исфаҳон чор фасли сол мева дар пухтан асту деҳқон сари замин дар кишту кор.
– Ба бозори Исфаҳон дароеду бубинед, ки мардуми мо чӣ қадар ҳунарманд ҳастанд. Маводи саноати дастиро ба ин фаровонӣ ғайр аз бозори Исфаҳон дар ягон минтақаи дунё наметавонед пайдо кард, – тазаккур дод ховаршиноси эронӣ дар поёни суҳбатамон.
Бо Козим Иброҳимӣ хайрухуш карда, ба талотуми одамон пайвастам ва вориди бозори пурҷило ва пурмаводи шаҳри Исфаҳон шудам.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
КОШОН—ИСФАҲОН—ТЕҲРОН.