ИШҚ КУҶО ШУД?

Нормурод КАРИМЗОДА

Нормурод КАРИМЗОДА

ИШҚ КУҶО ШУД?

Эй молпарастони лаин, ишқ куҷо шуд?
В-эй теғбадастони камин, ишқ куҷо шуд?

Тобед ба сад ранг чу шайтони ҷафокеш,
Бо макру кин олуда замин, ишқ куҷо шуд?

Дар даҳри куҳан мову шумоем ғанимат,
Пас неъмати ноёбтарин – ишқ куҷо шуд?

Гар монд ба мо меҳру вафо з-Одаму Ҳавво,
Орояи фирдавси барин – ишқ куҷо шуд?

Он Ромину Вис, Вомиқу Узро ҳама рафтанд,
Афсонаи ширину беҳин – ишқ куҷо шуд?

Бе ишқи Ватан, ёри дилафрӯз харобем,
Перояи садҳо дилу дин – ишқ куҷо шуд?

ЧОРТОРАҲО

Қалам, эй ҳамдаму ёри дили ман,
Қалам, эй ёри хушкори дили ман,
Бизан хат сактаи иншои қалбам, 
Ки бошад бехато кори дили ман.
        ***
Гаҳе хору гаҳе ғамхори дунё,
Гаҳе зору гаҳе безори дунё,
Ба мақсадмон расида норасида,
Ба ҳасрат мебарӣ аз дори дунё.
        ***
Ками ман ин, ки ҳамкори дилам нест,
Ғами ман ин, ки ғамхори дилам нест,
Дар ин дунёи як кам як ками ман,
Ҳамин, ки ёри хушкори дилам нест.

ШУНИДАМ НОЛАИ БОДИ ВАЗОН...
Ман аз ранги хазон дидам, ки дунё бевафо будаст,
Ки подоши ҳама сарсабзиҳои мо ҷафо будаст.
Бидидам дар кафи дасти хазон ман роҳи қисматро,
Ки роҳаш, эй басо пурпечутобу нораво будаст.
Гирифтам маънӣ ман аз хиш-хиши барги хазон, ёрон,
Ки ҳар мавҷуди дунёро чунин қисмат раво будаст.
Ба дасти бод гӯӣ дастафшон меравад аз мо,
Хаёлам, «хайр, - гӯяд ӯ, – ки рафтан аз қазо будаст».
Шунидам нолаи боди вазон аз баъди рахти барг,
«Дареғи барги сабзи умри мо, ки бебақо будаст».
Ман аз бебаргии шохи дарахтон фол бикшодам.,
Баҳори умрро, дардо, хазоне дар қафо будаст.
Чунин дарёфтам аз қисмати барги хазонгашта,
Ки умри мо ба дасти зиндагӣ ранги ҳино будаст.

Аҳрори МАҲМУДЗОД.
Вилояти ФАРҒОНА.


Ҳикматҳои Пири Ҳирот – Абдуллоҳи Ансорӣ 

Дили дӯст ёфтан подшоҳӣ аст, бе дили дӯст зистан гумроҳӣ.
***
Ишқ мардумхӯр аст, бе ишқ мардум  хор аст.
***
Агар як  касро аз дӯстони Ӯ қабул кардӣ, бирастӣ ва агар як кас аз дӯстони Ӯ туро қабул кард, ба Ҳақ пайвастӣ.
***
Ҷуз рост набояд гуфт, ҳар рост нашояд гуфт.
***
Нӯш аст ҳама заҳр ва хомӯшӣ заҳр аст ҳама нӯш.
***
На дарё ба даҳони саг палид шавад ва саг ба ҳафт дарё – пок.
***
Абдуллоҳ ганҷе буд пинҳонӣ, калиди он ганҷ ба дасти Абулҳасан Харрақонӣ, то расидем ба чашмаи оби зиндагонӣ, чандон хӯрдем, ки на ман мондам ва на Харрақонӣ.
***
Агар ориф ба биҳишту ҳур нигарад, тоҳорати маърифаташ шикаста шавад.
Ва агар дарвеш ба ҷуз аз Худо аз касе чизе хоҳад, дари иҷобаташ баста шавад.
***
Яке ҳафтод сол илм омӯхт, чароғе наяфрӯхт, яке ҳама умр як ҳарф шунид, ҳамаро аз он бисӯхт.
***
Пирӣ кардан муаллимӣ аст, аз ғайб хабар додан мунаҷҷимӣ аст.
***
Захм ба халқ задан ҷаллодӣ аст.

Таҳияи Ҳамидҷон ҲОМИДӢ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: