ИШТИРОКДОРОНИ ФАЪОЛ МУКОФОТОНИДА ШУДАНД

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов як гурӯҳ китобхонҳои самарқандӣ, ки дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Китобхони ҷавон» фаъол иштирок карда, натиҷаҳои назаррасро ба даст овардаанд, бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида шуданд.

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилоят гузаронида шуд, ректори донишгоҳ  Р. Холмуродов, раиси Шӯрои ҷамоатии нурониёни вилоят Ш.Неъматов, роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Т.Тугалов ва дигарон дар бораи корҳое, ки дар роҳи афзун сохтани муҳаббати ҷавонон ба китоб, тарғиби китобхонӣ дар мамлакат амалӣ мегарданд, ҳарф зада, иштирокдорони озмун, устод ва волидони онҳоро табрик карданд. 
– Озмуни «Китобхони ҷавон» барои омӯхтани мероси гаронбаҳои илмию адабӣ ва таърихии ниёгон, пос доштани арзишҳои миллӣ, инчунин, дар рӯҳи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, – гуфт декани факултети филология Азамат Пардаев. – Донишҷӯйи факултети мо Марҳабо Маҳкамтошева ғолиби озмун гардида, туҳфаи Президент – автомобили «Спарк»-ро ба даст овард, ки ин боиси ифтихори мост. 
– Дар озмун бори чорум иштирок кардам ва ниҳоят талошу ҳаракатҳоям самара дод, – гуфт Марҳабо Маҳкамтошева. – Дар рафти омодагӣ ба зинаи ҷумҳуриявии озмун адабиётҳои пешниҳодшударо дубораву себора хондам. Ҳар гоҳе онҳоро такрор мехондам, маъно ва мазмуни навро идрок менамудам. Муносибатам ба ҳаёт, воқеаҳои гирду атроф тағйир меёфт. Дар пирӯзии ман хидматҳои падару модарам ва устодонам калон аст, ки маро пайваста дастгирӣ карданд ва роҳнамоӣ намуданд.
Дар доираи тадбир ғолиби зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Китобхони ҷавон» Марҳабо Маҳкамтошева, ҷоизадори ҷойи дуюми озмун миёни иштирокдорони синни 20-30-сола Ирода Сафоеваи нарпаӣ, Моҳинур Мухтороваи нурободӣ, ки дар байни иштирокдорони тоифаи 10-14-солаи озмун фаъол иштирок кардааст, бо тӯҳфаҳо ва падару модарони онҳо бо ташаккурномаи ҳокимияти вилоят мукофотонида шуданд. 
– Иштирок дар зинаи ҷумҳуриявии озмун бароям бахти бузург аст, – иброз дошт Моҳинур Мухторова. – Бо баҳонаи озмун бисёр китоб мутолиа кардам. Баъзе китобҳоро дубора хондам. Пас аз китобхонии пайваста пай бурдам, ки мутолиа хотираро мустаҳкам карда, ҷаҳонбиниро васеъ менамояд. Ният дорам, соли оянда низ иштирок кунам ва монанди Марҳабо пирӯз гардам. 
Дар доираи тадбир ғолибони озмуни видеонаворҳои «Китобхонаи шахсии ман», ки бо мақсади тарғиби китобхонӣ миёни донишҷӯҷавонон ва дастгирии китобхонҳо дар донишгоҳ гузаронида шуд, мукофотонида шуданд.

Дилафрӯз ҲАМРОЕВА, 
донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: