ИШТИРОКИ ИНСТИТУТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ МАСЪАЛАИ МУҲИМ АСТ

Аз қадимулайём дар Ӯзбекистон институтҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ асосан дар шакли мақомоти худидоракунӣ — маҳаллаҳо намоён мешуданд.

Аз қадимулайём дар Ӯзбекистон институтҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ асосан дар шакли мақомоти худидоракунӣ — маҳаллаҳо намоён мешуданд. Имрӯз дар кишвари мо заминаи ҳуқуқие фароҳам оварда шудааст, ки ба принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи умумии байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташкили самараноки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст. 
Дар натиҷа, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо ба шарики иҷтимоӣ, ҳамкори мақомоти давлатӣ, балки ба сохторе табдил меёбанд, ки назорати ҷамъиятиро аз болои фаъолияти онҳо амалӣ мекунанд. 
Албатта, ин ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба иштирок кардан дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба рӯи об бароварда, рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро таъмин карда, масъулияти шахсони мансабдорро дар назди ҷомеа пурзӯр мегардонад. Ба ин мақсад соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи назорати ҷамъиятӣ” қабул гардид. Инчунин, фармони Президент “Дар бораи куллан баланд бардоштани нақши институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ҷараёни навсозии демократикунонии мамлакат” ва қарор “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самарабахшии назорати ҷамъиятӣ аз болои ислоҳоти соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат, инчунин фаъолии шаҳрвандон дар дигаргунсозиҳои демократӣ” қабул шуда, онҳо ба баланд бардоштани нақши ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа хидмат мекунанд.
Дар натиҷа, дар амал аз ҷониби намояндагони ҷомеа ба шаклҳои нави замонавии назорат аз болои фаъолияти мансабдорон аллакай гузашта шуданд. Имрӯз рафтори ношоистаи ҳар як мансабдор дар ҷомеа ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор мегирад. Тавассути барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва ток-шоуҳо аҳолӣ мушкилоти худро мустақиман ба назди масъулин мегузорад. Дар натиҷа, мақомоти давлатӣ барои ҳама як сохтори кушода шуда, фаъолияти онҳо зери назорати воқеии ҷамъиятӣ қарор дорад.
Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ин ислоҳотро дастгирӣ мекунад ва рушди минбаъдаи ҷомеаи озоди шаҳрвандиро дар кишвари мо ҷонибдорӣ мекунад. Ба ин мақсад ба сифати шакли самарабахш ва адолатноки ҳалли мушкилоти аҳолӣ ривоҷ додани сохтори маҳалла, дар ҳалли масъалаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва дигар бояд иштироки пурраи он таъмин карда шавад. 
Имрӯзҳо вазифаву функсияҳои маҳалла васеъ мегарданд, дар таъмин кардани барқарории муҳити иҷтимоию маънавии ҳудудҳо ба онҳо боварии калон зоҳир карда мешавад. Асосҳои нави ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти сохти ба ин монанд офарида мешавад.  Бо вуҷуди ин, баъзе масъалаҳои баррасии муроҷиатҳо, муайян ва ҳалли мушкилоти аҳолӣ вуҷуд доранд. Саъю кӯшишҳоро бояд ҷиҳати таъмини фаъолияти қарини мақомоти иҷро бо аҳолӣ  ва ҳамҷиҳатона кор кардан пурзӯр гардондан лозим. 
Бояд иқрор шуд, ки дар гузашта комиссияҳои ҷамъиятии ҷамоатҳои шаҳрвандон ба ном фаъолият пеш мебурданд. Намояндагони созмонҳои давлатию ғайридавлатии ба маҳаллаҳо вобаста кардашуда ба комиссияҳои гуногун аъзо бошанд ҳам, дар ҷамъомадҳои комиссия қарибки иштирок намекарданд. Ҳисоботҳо рӯякӣ омода карда мешуданд. Механизми возеҳи назорат ва такмил додани фаъолияти онҳо вуҷуд надошт. 
Солҳои охир институти маҳалла куллан такмил дода шуд, оид ба муайян кардан ва ҳаллу фасли  мушкилоти аҳолӣ таҳти тамоюли  «маҳалла—сектор—қабулхонаи халқ—маҳалла» низоми самарабахши ҳамкорӣ офарида шуда, бобати дар амал таъмин кардани “кӯпрук”-и боэътимоди байни халқ ва давлат шудани маҳалла, дастгирии оила ва занону духтарон маҷмӯи чорабиниҳо ба амал бароварда шуданд. 
Аз ҷониби аҳолӣ, хусусан электорати ҳизби мо дар амалиёт ҷорӣ карда шудани низоми «маҳаллабай» ва ба ҳаёт татбиқ гардидани чораҳои дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои соҳибкории аҳолӣ ба мисли «дафтари оҳанин», «дафтари бонувон», «дафтари ҷавонон» ва «дафтари меҳрубонӣ» мусбат арзёбӣ карда мешаванд. Мо ин низомро услуби беҳамто, пешқадам ва самарабахши бартараф намудани бекорӣ ва камбизоатӣ, ки муҳим мебошанд, мепиндорем. 
Бо як сухан ифода намоем, нақш ва аҳамияти ниҳоди маҳалла дар ҷомеа афзуда, муносибати аҳолӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо маҳалла низ ба таври мусбӣ тағйир ёфтааст.
Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҷомеа ва идоракунии давлат вазифаи муҳим шуморида, як қатор пешниҳодҳоро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, пешниҳод карда мешавад, ки иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи ошкоро ва созандаи қабули қонунҳо ва қонунгузорӣ, натиҷаҳои идоракунии давлатӣ васеъ карда шавад. Ин ҳолатҳои ҳар хел талқин намудани қонунҳоро коҳиш медиҳад ва принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофиятро дар идоракунии давлатӣ васеъ мегардонад.
Дар барномаи пешазинтихоботии худ мо пешниҳод намудем, ки амалиёти шарикии иҷтимоӣ ва давлатию хусусӣ байни мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вусъат дода шавад. Масалан, ба воситаи амалиёти шарикӣ ҳамчун шарти муҳими бо кор таъмин кардани аҳолӣ иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар маҷмӯи тадбирҳое, ки барои рушди тиҷорати хурду оилавӣ, соҳибкории хусусӣ ва хонакорӣ, рушди ҳунармандии халқӣ андешида мешаванд, тақвият додан мумкин аст. 
Дуюм, оиди дар байни ҷавонон қарор додани тамоюли тарзи ҳаёти солим, дар ҷавонон ташаккул додани саъйи бунёд намудани оилаи солим ва мустаҳкам, аз таъсири нашъамандӣ, бадахлоқӣ ва “маданияти оммавӣ”-и бегона эмин нигоҳ доштани ҷавонон амалӣ гардондани маҷмӯи чорабиниҳо ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. 
Сеюм, мо бояд минбаъд низ корҳоро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи маъюбон, ба онҳо омӯзонидани касбҳои гуногун, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо, аз ҷиҳати моддию техникӣ мустаҳкам кардани ҷамъият ва иттиҳодияҳои онҳо, дастгирии табақаи ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷи аҳолӣ пурзӯр ва самарабахш мегардонем. 
Чорум, дар ба амал баровардани назорати ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дараҷаи иштироки бевоситаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон баланд бардошта шаванд.
Илова бар ин, азбаски ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст, онҳо беш аз 60 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, дар низоми ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кор кардани ҷавонони салоҳиятдорро бояд рағбатнок гардонд. Мо чунин мешуморем, ки дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ усулҳои замонавии «ташхиси иҷтимоӣ»-ро ҷорӣ кардан зарур аст, ки барвақт муайян кардани мушкилотеро, ки ба рӯҳияи иҷтимоии аҳолӣ таъсир мерасонанд ва ҳалли муассири онҳоро таъмин мекунанд. 
  
Аброр ҚУРБОНОВ,
сардори шуъбаи Шӯрои марказии Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: