ИШТИРОКИ ҶАМОА ВА БАРОБАРИИ ҶИНСӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ОБ

Ҳоло дар мамлакатамон баробари тағйиротҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тағйиротҳои экологии глобалӣ низ ба вуқӯъ меоянд.

Тағйиротҳо дар атмосфера, камшавии захираҳои замин ва об нисбат ба солҳои пеш бештар ба назар мерасанд. Дар натиҷаи зиёдшавии аҳолӣ ва афзоиши иқтисодиёт талаб ба об зиёд мегардад. Чунин дигаргуниҳо беҳбудсозии идоракунии захира ва манбаъҳои об, хусусан дар солҳое, ки норасоии об бештар ҳис мешавад, истифодаи пурсамар аз он ва баланд бардоштани сифати сохтори идоракунии соҳаро тақозо менамояд. 
Вазифаи муҳим ва асосӣ он аст, ки таъминоти обро аз ҳолати вобастагии давлатҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон бар омада, тақсимот ва истифодаи онро ба дараҷаи баланд ташкил намуда, бо роҳи ба амал татбиқ намудани тамоюлҳои идоракунии захираҳои об ба тарзи интегратсионӣ (ИЗОИ) бояд идора намуд.
Яке аз ҷузҳои асосии ИЗОИ иштироки ҷамоа ва баробарии ҷинсӣ дар он мебошад. Истилоҳи ҷинсият (гендер) маънои махсусият ва фарқияти иҷтимоии байни мардҳо ва занонро ифода менамояд. Ин калима синоними калимаи «зан» шуда наметавонад, балки ҷиҳатҳои иштироки баробарҳуқуқии занон ва мардҳоро дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъият, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, мафкура, маданият, таълим ва ғайра ифода менамояд.
Гендер стратегияе мебошад, ки занон ва мардҳо дар коркард, амалӣ намудан ва баҳогузорӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мушкилот ба ҷузъи асосӣ бояд табдил ёбанд. 
Мақсади асосӣ аз ҳаракатҳои стратегии гендер барҳам додан ба нобаробарии байни занон ва мардҳо мебошад. Агар ҷиҳатҳои иҷтимоии масъаларо ба инобат бигирем, масъалаи гендер бештар ба бонувон алоқаманд аст, чунки дар аксарият мамлакатҳои ҷаҳон занон бештар аз нобаробарии ҷинсӣ азият мекашанд. Назар ба таъкиди мутахассисони соҳа, ҷиҳати дастрас гардидан ба афзоиши иқтисодиву сиёсӣ баробарии ҷинсӣ ҷойи хосса дорад.
Ҳарчанд дар Конститутсияи Ӯзбекистон мустаҳкам гардонида шудааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқи озод интихоб намудани касбу ҳунарро дорад, дар мамлакатамон мавзеъҳое ҳастанд, ки бонувон дар интихоби касб ва музди меҳнати барояшон маъқул ба маҳдудиятҳо дучор мегарданд. 
Дар давоми се соли охир барои мустаҳкамгардонии таъмини баробарии ҷинсӣ дар асоси қонунгузорӣ 20-то ҳуҷҷати ҳуқуқиву меъёрӣ, аз ҷумла 2-то қонун, як қарор ва 4-то фармони Президент, 13 қарори Девони Вазирон қабул шудаанд. Ҳуҷҷатҳои қонун аз нуқтаи назари стандартҳо оиди ҳуқуқи соҳибкорон ва меҳнати занону духтарон аз рӯйихат гузаронида шуд. Ба мақсади афзоиши иштироки бонувон дар идоракунии хоҷагии об захираи мутахассисон, ки беш аз 6 ҳазор нафар бонувонро дар бар мегирад, ташаккул дода шуд. Ҳоло оиди омода намудани онҳо чун кадрҳои роҳбар, ҳифзи модару кӯдак курсҳои хониши рушди касбӣ ташкил дода мешавад. 
Чандин мутахассис – занони соҳа ҳоло аз кор дур карда шудаанд, ки дар идоракунии захираи хоҷагии об фаъол иштирок намуда наметавонанд. Дар миқёси мамлакат ҳоло чандин омилеро муайян кардаанд, ки нобаробарии ҷинсиро пурзӯр мегардонад, аз ҷумла:
– фақат бо корҳои рӯзгор машғул будани занон ва барои ин дода нашудани музди кор ба онҳо, ки аз ин сабаб, имконияти моддии онҳо маҳдуд мегардад;
– шароити вазнини деҳа, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, ҳолатҳои кандашавии электр ва газ, ки мушкилоти рӯзгорро боз вазнинтар мегардонад;
– кам будани шумораи занон дар мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, ки ин ҳолат низ таъсири манфӣ мерасонад;
– ҷалб карда шудани бонувон ба корҳое, ки музди кори он кам аст;
– аз сабабе, ки занон бо соҳаи хоҷагии қишлоқ камтар шуғл меварзанд, ба вазифаҳои роҳбарӣ ва ташкилӣ кам ҷалб мешаванд. 
Аммо аз таҳқиқотҳо натиҷагирӣ шудааст, ки дар корҳои идоракунӣ онҳо нисбат ба мардҳо фаъоланд. Онҳо усулҳои нави кишоварзӣ ва роҳбариро дарёфт карда метавонанд ва бо зудӣ ташкил кардани кор ва тамойилҳои идоракуниро хуб азхуд мекунанд.
Ӯзбекистон аз рӯйи табиат, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ кишвари аграрӣ ба шумор меравад, қисми асосии аҳолӣ дар деҳот умр ба сар мебаранд ва аҳамияти захира ва манбаъҳои обро хуб дарк менамоянд. Ҳарчанд шумораи мутахассисон – номзадҳои фан, дотсент, профессорон ва занону духтарони донишҷӯй дар муассисаҳои таълимии хоҷагии қишлоқ бештар аст, бо вуҷуди ин норасоии кадрҳо дар соҳа ба назар мерасад. 
Ҳоло ҷавонон донишҳои ихтисосиашонро хуб аз бар менамоянд, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компутериро меомӯзанд. Аммо қатъи назар аз донистани муҳимияти идоракунии захира ва манбаъҳои об ақидаи онҳо доир ба ҷой гирифтан аз сафи кадрҳои идоракунии об бетағйир мемонад.
Дар шароити бозаргонӣ занони Ӯзбекистон муҳимияти ислоҳотро дар ташаккули саноати хоҷагии об хуб дарк менамоянд. Зан аз рӯйи табиат чароғ ва посбони хонавода аст. Ӯ ҳамчун модар аҳамияти масъалаҳои иҷтимоиро хуб мефаҳмад. Мушкилоти хоҷагии об нисбат ба мардон занонро бештар ба ташвиш меорад. Мушкилиҳое, ки дар рушди хоҷагии об монеъ мешаванд, бонувонро водор мекунад, ки дар зиндагӣ мавқеи фаъолро соҳиб гарданд.
Ҳоло бо мақсади сабук гардондани меҳнати бонувони деҳа стратегия ва барнома оиди бо оби ошомиданӣ таъмин намудани онҳо коркард шудааст. Чунин барнома барои бо оби тоза таъмин кардани ҳудудҳое, ки расондани чунин об ба он ҷойҳо душвор аст ва инчунин, барои пешгирии бемории модару кӯдак пешбинӣ шудааст.

Гӯзал АЛИМОВА,
мутахассиси Маркази таҳлил ва захираи ахбори Вазорати 
хоҷагии оби Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: