ИСЛОҲОТ БА МО ЧӢ МЕДИҲАД?

Сиёсати хирадмандонаи раҳбарияти Ӯзбекистон дар ин авохир аз он далолат медиҳад, ки кишвари мо барои ноил гардидан ба як давлати аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта далерона гом мебардорад.

Мутахассисони ватанӣ дуруст дарк кардаанд, ки қуфлкушои ҷумла мушкилоти чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷии кишвар маҳз иқтисодиёти пешгом ва буҷаи ғанӣ доштани давлат мебошад. Иқтисодиёти заиф ҳар гуна мушкилоти ҷомеаро жарфтар мебарад ва табиист, ки фарҷоми он таназзул аст. Аммо бояд таъкид кард, ки сарватманд гардидани давлатро танҳо он вақт метавон мушоҳида намуд, ки  мардуми қаламрав аз фақру нодорӣ халос шаванд ва дар домани як ҳукумати мардумсолор ҳаёт ба сар бурда, зиндагии шоистаеро ба роҳ монанд. Қабул гардидани барномаҳои мухталифи коҳиши фақр дар ҷумҳурӣ далел бар он аст, ки ҳукумати кишвари мо ба таври ҷиддӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ камар бастааст. Дар қатори давлати демокративу ҳуқуқбунёд аз ин баъд кишвари иҷтимоӣ будани Ӯзбекистон дар Сарқонуни Нав махсус дарҷ гардидааст, ки маҳз ба дурнамои кори ҳукумат дар ин самт ишораи сареҳ мекунад ва бо дили пур метавон гуфт, ки беҳбуд бахшидани вазъи зиндагӣ, бартараф кардани муаммои ҷойдоштаи иҷтимоӣ дар оянда аз вазоифи аввалиндараҷа қарор хоҳанд гирифт. Интизор меравад, то охири соли 2026 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ду баробар поин оварда шавад. Тарҳҳои нав ба нав сармоягузорӣ мешаванд ва ҳукумат дар амал татбиқ сохтани онро оқилона раҳбарӣ мекунад. Аммо бояд тазаккур дод, ки ҳаёти фаровону намунавӣ танҳо ба серии шикаму пӯшиданиҳои рангобаранг маҳдуд нашуда, балки ба ғановати маънавияту маърифат ҳам бастагӣ дорад. Тарғиби маънавияти воло ва тарбияи аз ҳар ҷиҳат шоистаи ҷавонон низ аз назари ҳукумат дур намондааст. Ин аст, ки Президент дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар ва намояндагони мардумӣ дар Олий Маҷлис (охири моҳи декабри соли 2022) ба таври мушаххас ин мавзӯъро баррасӣ намуда, ҳадафҳои ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самт возеҳ баён сохта буд. Вай аз вазъи ҷаҳони зуд тағйирёбанда, ғайричашмдошт боло рафтани кайфияти экстремистӣ дар кишварҳои ҳамҷавор, тарғиб гардидани ғояҳои мутлақ ба хостаҳои дини ислом зид, ноогоҳона ба гурӯҳҳои мамнӯъ пайвастани бархе аз намояндагони қишри ҷомеа, хоса ҷавонони ҳанӯз дар кӯраи оташи ҳаёт ногудохта сухан ба миён оварда, ҳар фарди солимақли Ватанро огоҳ намуда буд, ки дар қиболи чунин зуҳуроти номақбул садди чинӣ гарданд ва муборизаи оштинопазир баранд. Хоса, раҳбари давлат аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд ва дар ҳоли андаке бепарвоиҳо мафкураи ҳанӯз дар ҳоли ташаккули онҳо метавонад бо ғояҳои мутлақ ба ормонҳои ҷомеаи демократӣ зид махлут гардад. Бесабаб нест, ки Президент дар суханрониҳояш ҷавононро ҳамеша такягоҳи босуботи давлат мехонад ва аз муассисаҳои дахлдор даъват мекунад, ки барои рушди ҳамаҷониба, солим ва бехалал мондани маънавияти онҳо, маърифати ҷавобгӯи меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди эшон шароити мусоиде фароҳам созанд. Қобили зикр аст, ки ҷавононро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ равона кардан ва дар ин роҳ кушодани мактабу масканҳои илмомӯзии замонавӣ ҳамеша дар мадди назари ҳукумат қарор дорад. Ислоҳоти соҳаи таълим маҳз бар он нигаронида шудааст, ки пеш аз ҳама мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад ва илму маърифат чун қутбнамои ҷомеа қарор гирад. Президент суханҳои ватандӯстонаи алломаҳои гузаштаро чун далел оварда, роҳи наҷоти ҷомеаро аз ҳар гуна бунбаст дар таълими зӯру босифат ва тарбияи волои фарзандон дониста, мақсади ислоҳоти соҳаи таълимро низ дар ҳамин амалҳо донистааст. 
Ҳама шоҳиди он ҳастем, ки бо ташаббуси Президент ислоҳоти густардае дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа рӯйи кор омадаанд ва кунун дар саросари кишвар бо қатъияти том ҷорӣ мегарданд. Хоса, дар бахши иқтисодиёт ислоҳоти куллӣ роҳандозӣ шуда, мурод аз он коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ба кишвари содиркунандаи молу коло мубаддал сохтани Ӯзбекистони Нав мебошад. Кишваре, ки ба ҷуз аз таъмини бозори дохилии худ маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро ба хориҷа низ содир мекунад, зина ба зина сарватманд мегардад ва ин сарват ба зиндагии фаровон ва шоистаи аҳолии муқими он мусоидат хоҳад кард. Дар чунин ҳол мавқеи давлат ҳам дар ҷаҳон мустаҳкам ва дар ҳалли ҳар гуна мушкилот қудратманд мешавад. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки ба ин тартиб боло бурдани нуфузи Ӯзбекистон дар минтақа низ яке аз барномаҳои стратегии ҳукумати кунунӣ маҳсуб меёбад. 
Пешравии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки бахшҳои иҷтимоии ҷомеа ба таври бояду шояд сармоягузорӣ шаванд ва рушд кунанд. Аммо ислоҳоти иқтисодиро бидуни бозсозии куллии соҳаи таълим наметавон тасаввур кард. Иқтисод ва илм (маънавият) ду боли мустаҳками ҷомеа аст, ки агар баробар кор кунанд, парвози баланд муяссар хоҳад шуд. Аз ин хотир ҳукумат ислоҳотро дар соҳаи таълими халқ низ ҳатмӣ шумурда, хусусан, баланд бурдани сифати таълимро дар макотиби миёнаву олӣ як ҷузъи муҳими барномаи кории худ медонад. Президент дар яке аз маърӯзаҳояш барҳақ таъкид карда буд: «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб ва сохтори таълиму тарбият оғоз мегардад.»Аммо бояд тазаккур дод, ки ҳама гуна муваффақияти ислоҳоти роҳандозишуда ба тағйиру иловаҳои Сарқонун сахт вобаста буданд, ки кунун мардуми шарифи ҷумҳурӣ ба ҷонибдории он овоз доданд. Онҳо хуб дарк карданд, ки Конститутсияи нав дар таҳрири нав ба рӯҳи замона созгор гашта, ҳама гуна монеаҳои пешомадаро бартараф ва роҳро барои иҷрои мақсадҳои наҷиб ҳамвор сохтааст. Ҳамин ислоҳоти иқтисодӣ ҳам ниёз ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дошт. Кунун ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ низ дар Сарқонуни нав возеҳ нишон дода шудааст ва ин гарави он аст, ки тарсу ҳарос дар робита ба маҳрум мондани сармоядорон аз маблағи воридотии худ бартараф гардиданд. Кунун дар Ӯзбекистон ҳуқуқи сармоягузорони хориҷиро Конститутсия ҳимоя мекунад ва ҳукумат ҳам хушбин аст, ки онҳо дар қаламрави мо аз имтиёзҳои қонунӣ бархурдор бошанд. Аз ин баъд тамоми қонунҳо дар асоси банду моддаҳои таҳрир ё илова шудани Конститутсияи нав бознигарӣ хоҳанд шуд ва ҳама гуна саддҳо дар робита ба пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бартараф хоҳанд гашт. Умедворем, ки минбаъд кишвари мо ба сӯи як ҷомеаи мардумсолор, ки қадри инсон назар ба мозӣ волою боло шуморида мешавад, бебокона қадам мебардорад. 
Таҷрибаҳои таҳаввули ҳаёти инсоният нишон додааст, ки давлатҳои ҷаҳон ҳам чун ҷамъияти инсонҳо мебошанд ва нуфузи онҳоро иқтисодиёти пешрафта ва сарвати ғаниашон муайян мекунад. Сурату сирати умумии ҷаҳони мураккаб, ки Ӯзбекистон ҳам шомили ин ҷамъияти қариб 200 давлати рӯйи дунё мебошад, маҳз дар оинаи иқтисоди онҳо мунъакис гаштааст. Дар байни ин қадар давлатҳо ҷойи пой пайдо кардан ва ба овози худ соҳиб будан ба ҳар кишвар мояи тафохур ва шараф аст. Ҷумҳурии мо ҳам дар ин авохир талош меварзад, ки ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯи худ шавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам умедвор аст, ки ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии кунун рӯйи даст доштааш бо чунин финали хеле хушоянд ба анҷом мерасад ва ҷомеаи моро ба шукуфоии ниҳоӣ мерасонад. 

Шариф ХАЛИЛ, рӯзноманигор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: