ИСЛОҲОТ БОЯД АЗ ШУУРИ МО ОҒОЗ ЁБАД

Бештар аз ду сол аст, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии мамлакатамон ислоҳот давом доранд.

Вожаи «ислоҳот» маънои ба куллӣ дигаргун кардани тарзи корбарӣ дар ин ё он соҳа аст.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишварамон дигаргунии мактабу маориф дар радифи аввали ислоҳот гузошта шуд, ки ин бесабаб набуд. Зеро дурнамои рушди кишварро маҳз кадрҳои ҷавону болаёқат амалӣ мекунанд.
Дар мактаби мо корҳои таълиму тарбия ба ду забон – забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудаанд. Бо ҷамоаи 44 нафараи педагогӣ, ки 42 нафари онҳо маълумоти олӣ доранд, дар роҳи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия кӯшиш мекунем. Дастовардҳоямон низ бад нестанд. Натиҷаи меҳнати омӯзгорро дар ҷараёни соли хониш санҷиши дониш ва озмунҳои фаннӣ муайян кунад, дар давоми солҳо шогирдони ба ҷамъият фоидаовари ҷамоаи мактаб чун оина нишон медиҳанд. 
Соли равон 15 нафар шогирдамон дар зинаи ноҳиявии озмунҳо ҷойи аввалро ишғол намуданд, 13 нафарашон дар озмуни вилоятӣ иштирок карданд. Бахусус нишондиҳандаҳои дониши шогирдонамон аз фанни кимиё хурсандиовар буд. Зеро, агар хонандаи синфи ёздаҳуми ӯзбекӣ Камол Зуфтаров аз ин фан ҷойи якумро ишғол карда бошад, толибаи синфи ёздаҳуми тоҷикӣ Диёра Субҳонова ба гирифтани ҷойи дуюм муваффақ гардид.
Ман ҳар гоҳ, ки маврид мувофиқ афтад, дар бораи Бахтиёр Темиров, Баҳодур Хидиров, Дилмурод Рӯзиев, Тошбика Деҳқонова, Иброҳим Деҳқонов ва Эргаш Ҳамроев барин омӯзгорони фидоии мактабамон бо фахр сухан мегӯям. Зеро маҳз туфайли меҳнати фидокоронаи онҳо соли гузашта ёздаҳ нафар шогирдонамон ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Алҳол 42 нафар шогирдон дар таълимгоҳҳои олии шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Чирчиқ, Гулистон ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон таълим мегиранд. 
Кушодашавии сарҳадҳо бо давлати ҳамсояи Тоҷикистон дар соҳаи  таълиму тарбия низ ба фоидаи кор буд. Қисми зиёди омӯзгорони болаёқати мо аз фанҳои гуногун дар донишкадаҳо ба забони ӯзбекӣ хондаанд. Онҳо, агарчи тоҷиканд, имрӯз ҳангоми ба синфҳои тоҷикӣ дарс додан бисёр душвориҳоро эҳсос мекунанд, ки яке аз онҳо ба забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан аст. Бинобар ин, ба фикри ман, агар омӯзгор таълими олиро  низ ба забони дар мактаби миёна хондааш бигирад, беҳтар аст.
Барои пурсамар гардидани сифати таълиму тарбия танҳо маҳорати педагогии устодон кам аст. Яъне, гуфтан мехоҳам, ки пойгоҳи моддиву техникии мактаб низ бояд ба талаби рӯз ҷавобгӯ бошад. Бинои ҳозираи мактабамон соли 1984 сохта шудааст. Ҳоло, азбаски синфхонаҳо намерасанд, мо маҷбурем, ки дарсҳоро дар ду баст ташкил кунем. Ин ҳолат барои худомӯзӣ ва истироҳати омӯзгорон ногувориҳои зиёдеро ба миён меоварад. Илова бар ин рӯҳшинос ва роҳбари иттифоқи ибтидоии ҷавонони мактаб хонаҳои алоҳида надоранд.
Дар китобхонаи мактаб беш аз 800  асари бадеӣ мавҷуд, ки ин хеле кам аст. Аксарияти онҳо ба забони ӯзбекӣ мебошанд. Фикр мекунам, ғанӣ гардонидани китобхонаҳо аз китобҳои бадеӣ муаммои тамоми мактабҳои тоҷикии ҷумҳуриамон аст.
Қарору фармонҳои Президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ дастури амал ва раҳнамои мо мебошанд. Мо барои иҷрои ин қарору фармонҳо бояд ислоҳотро аз шуури худ оғоз намоем. Зеро, агар маънавияти мо барои иҷрои ин нишондодҳо омода набошад, тавре ки мегӯянд «зӯри беҳуда миён мешиканад». 
Бигирем, масъалаи китобхониро. Муаллиме, ки китоб намехонад, чӣ тавр ба шогирдон китобхониро меомӯзад?! Ё худ, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, ки «мавзӯи рӯз»-и маъракаи обунаи имсола гардид. Охир «ихтиёрӣ» будани обуна, маънои обуна нашуданро надорад. Мутаассифона, ҳастанд муаллимоне, ки номи солро ба забони тоҷикӣ наметавонанд бигӯянд, вале «обуна ихтиёрӣ» гуфта метавонанд. Аз ин рӯ, мо ният дорем, имсол бо масъалаи китобхонии муаллимон ҷиддитар машғул шавем.
Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Аммо танҳо бо касби омӯзгориро интихоб кардан кас сазовори шараф намегардад. Мо метавонем худро фиреб диҳем, аммо халқро, ҳатто шогирдонро фиреб дода наметавонем. Онҳо сараро аз носара зуд ҷудо мекунанд. Аз ин рӯ, мо бояд меҳнат кунем, бештар хонем, маҳорати касбии худро мунтазам сайқал диҳем.

Фарҳод АМРИҚУЛОВ,
директори мактаби рақами 9, ноҳияи Сайҳунобод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: