Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи масъалаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии оби Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Баҳодир Тоҷиев аз як қатор ноҳияҳои вилояти Намангон боздид намуда, бо ислоҳоти дар соҳа баамаломада шинос шуд.
Меҳмонон ба ноҳияи Поп, ки ба яке аз минтақаҳои пешсафи вилоят табдил меёбад, рафтанд. Аз ҷумла, коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва бунёди боғҳои интенсивӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили минтақаҳои хурди саноатӣ ва гармхонаҳои замонавӣ, сохтмони хонаҳои бисёрошёна, рушди самтҳои хидмати маишӣ ва савдо, чорводорию бузпарварӣ, инчунин сайёҳӣ соҳаҳои пешбарандаи ноҳия мебошанд.
Манзили аввали гурӯҳи корӣ маҳаллаи Ороми ноҳия буд. Бо фаъолияти гармхонаи масоҳаташ 81 гектар, ки дар минтақа ба роҳ монда шудааст, шинос шуданд. Дар ин ҷо ба 50 нафар соҳибкор 1 гектарӣ ва ба 20 соҳибкор 20 сотихӣ замин ва аз ҷониби бонки Турон ба 62 нафари онҳо ба миқдори 3,9 миллион доллар вом дода, барои оғози фаъолият мусоидат кардааст.
Меҳмонон, инчунин бо фаъолияти маҷмааи гармхонаи замонавии «ZAMIN GREEN-WORLD» шинос шуданд. Гармхонаи замонавии гидропоникӣ, ки дар майдони 7 гектар ҷойгир шуда, арзиши умумиаш 61,6 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, дар онҳо таассуроти калон гузошт.
Меҳмонон бо фаъолияти соҳибкории ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Zeytun cafe restaurant» низ шинос шуданд. Ба ин хоҷагии чорводорӣ, ки ба маблағи 3 миллион доллар бунёд шудааст, аз Фаронса 155 сар гови Монбелярд оварда, дар айни вақт шумораи онҳоро ба 310 сар расонданд. Бо дарназардошти мавҷудияти беш аз 113,7 ҳазор гектар замини чарогоҳ дар кӯҳистон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳия дар маҳаллаҳои Чоркесар ва Маданият «Кластери бузпарварии Чоркесар» таъсис дода, 10 ҳазор сар бузу гӯсфанд оварда шудааст. Бо мақсади мушоҳидаи кори амалӣ аъзоёни гурӯҳи корӣ аз хоҷагии кишлоқи «Ҷӯрабой Эргашалӣ Мироншоҳ», ки ба он Санҷарбек Эргашев роҳбарӣ мекунад, дидан карданд. Бо қарори ҳокимияти ноҳия ба ин хоҷагӣ аз майдони чанд сол боз истифоданашуда 210 гектар замин барои кишти ғалла ва пахта ҷудо карда шуд. Соҳибкори пуртаҷриба бо маблағи худ ба масофаи 2000 метр бо қубур об овард. Соли аввал барои ба мақсад мувофиқ ва самаранок истифода бурдани замин 5-то техника харид карда бошад, солҳои охир боз навъҳои гуногуни техникаи хоҷагии қишлоқро харид. Санҷарбек фаровониро дар бисёрсоҳагӣ дарк намуда, дар бобати рушди соҳаи бузпарварӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва афзун намудани даромади онҳо корҳои ибратбахшу шоиста кардааст. Бузпарварӣ соҳаи сердаромади чорводорӣ мебошад.
Хоҷагии «Темурбек Мироншоҳ», ки дар ҳайати хоҷагии «Ҷӯрабой Эргашалӣ Мироншоҳ» ба парвариши бисёрсоҳавӣ ихтисосонида шудааст, бо мақсади васеъ намудани хоҷагиаш бо усули кластерӣ фаъолият менамояд. Дар ин ҷо парвариши 164 сар чорвои калони шохдор, 350 сар чорвои хурд, 10 ҳазор парранда ва махсусан, 5 ҳазор харгӯшро ба роҳ монда, дар асоси шартнома ба сокиноне, ки ба соҳибкорӣ майл доранд, тавассути ёварони ҳоким дар маҳалла расонда мешавад. Маҳсулоти гармхонае, ки дар майдони 2 гектар бунёд шудааст, низ бозоргир аст. Дар яхдон-анборҳои гунҷоишашон 500 тонна маҳсулоти хушсифат нигоҳ дошта мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.