Ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии кишварамон, пеш аз ҳама, ба манфиати инсон нигаронида шудааст, ки мардуми мо аз имрӯз қаноатманд бошанд ва аз ҳар ҷиҳат дар шароити бароҳат зиндагӣ кунанд.
На танҳо дар марказҳо, балки дар ноҳияҳои дурдаст сари вақт ба амал бароварда шудани вазифаҳои дар ин самт муайяншуда низ кайфияти мардум ва боварии онҳоро ба ислоҳот муайян мекунад.
Имрӯзҳо дар байни аҳолӣ талабот ба иншооти соҳаи иҷтимоӣ зиёд мегардад. Дар тӯли ин солҳо ба соҳаи маориф ва хидматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст ба қадри кифоя эътибор дода намешуд, ки ин боиси аз пайроҳа баромадани кор гардид.
Солҳои охир дар раванди ислоҳоте, аз ҷониби роҳбари давлатамон татбиқ мегарданд, ба рушди хидмати тиббии аввалия, куллан ислоҳ кардани соҳаи таълим эътибори алоҳида дода мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар ноҳияҳои дурдаст ҳам муассисаҳои замонавии табобатӣ, муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд.
Дар ноҳияи Нуробод низ маҳз дар ин самт пешрафту дигаргуниҳо ба назар мерасанд, як қатор объектҳои нави соҳаи иҷтимоӣ, нуқтаҳои хидматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ сохта мешаванд. Шароити табиии иқлими ноҳия каме вазнин бошад ҳам, бо шарофати имкониятҳои фароҳамовардашуда шаҳрвандон саъй доранд, ки бо боварии баланд ба фардо дар ободиву пешрафти ҳудуд саҳми худро гузоранд. Инро дар он дидан мумкин аст, ки ба дигаргунсозиҳои баамаломада ва корҳои созандагӣ ташаббускорони маҳаллӣ сарбонӣ мекунанд.
Масофа аз ҳудуди Сазағони ноҳия то маркази ноҳия бештар аз 60 километр аст. Табиист, ки дар чунин масофа дар бобати расондани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ мушкилот ба амал меоянд. Аз ин рӯ, шуъбаи ҳудудии Сазағони иттиҳодияи тиббии ноҳияи Нуробод ташкил карда, дар ин ҷо ба аҳолӣ хидмати босифати тиббӣ расонда шуд. Шуъбаи ҳудудӣ соли 1959 ташкил ёфта буд ва дар ин ҷо шароити мавҷуда ба талаботи имрӯза мувофиқ набуд. Бо ташаббуси мудири қабулгоҳи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд аз ҷониби ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия барои шуъбаи ҳудудӣ бинои нави конструксияи сабук сохта, ба истифода дода шуд.
– Шуъбаи ҳудудии мо ба зиёда аз 11 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳои Тепақул, Сарой ва Сазағон хизмат мерасонад, – мегӯяд мудири шуъбаи ҳудудии Сазағони иттиҳодияи тиббии Нуробод Абдуҷаббор Умаров. – Маҳаллаҳои ба ҳудуд наздик низ масофаи то маркази ноҳияро ба назар гирифта, ба мо муроҷиат мекунанд. Аммо то ба имрӯз имкони мувофиқи талаби онҳо расондани хидмати тиббӣ маҳдуд буд. Ҳоло дар бинои нав имконияти ба беморон дар шароити амбулаторӣ хизмат расондан фароҳам оварда шуд. Ҳамагӣ 15 кат, яъне 5 кат дар таваллудхона, 5 кат дар шуъбаи кӯдакон ва 5 кат дар шуъбаи терапияи калонсолон мавҷуд буд. Аз бинои куҳнаамон ба сифати статсионари рӯзона истифода мебарем.
Дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар самти баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ татбиқ мегарданд, беш аз чор ҳазор сокини ҳудудҳои дурдасти маҳаллаи Ҷом имкон пайдо карданд, ки дар шароити муосир аз хидматрасонии аввалияи тиббӣ истифода баранд.
Ин маҳалла яке аз ҳудудҳои сераҳолии ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад. Дар Ҷом тақрибан 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Бо мақсади расонидани хидмати тиббӣ ба сокинони ҳудудҳои дурдасти маҳалла филиали «Дукур»-и бунгоҳи тиббии оилавии «Ором» таъсис дода шудааст. Ин филиал соли 1992 сохта шуда, муайян шудааст, ба 4050 нафар сокинони ҳудуд хидматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ расонад. Солҳои охир филиал ба харобазор табдил ёфта, сокинон маҷбур шуданд, ки роҳи дурро тай намуда, ба маркази тиббии оилавии «Ором» раванд. Бо ҳамкории сарпарастони маҳаллӣ ва ҳокимияти ноҳия 200 миллион сӯм маблағ сарф гардида, дар филиал корҳои сохтмону таъмир ба анҷом расонида, он намуди зебо ба бар кард.
– Дар синни 65 ба масофаи 10-15 километр рафту омадан мушкилӣ пеш меовард, – мегуяд Улбӯсин Раҳмонова, ки дар ҳамин ҷо истиқомат мекунад. – Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое, ки филиали «Дукур»-и бунгоҳи тиббии оилавии «Ором»-ро таъмир карда, шароити муносиб фароҳам овардаанд. Қорҳои бо назардошти сиҳатии аҳолии дурдаст анҷом додашуда бахайр бошад.
Бинобар маълумоти ҳокимияти ноҳия, бо назардошти пароканда ҷойгир шудани маҳаллаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия ба ташкили «бунгоҳҳои тиббии маҳалла» диққати махсус дода мешавад. То имрӯз дар ноҳия 25 бунгоҳи тиббии маҳалла аз конструксияҳои сабук сохта шуда, хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани қулайӣ ва расонидани хидматрасонии аввалияи тиббии босифат дар маҳаллаи Амондараи ноҳия «бунгоҳи тиббии маҳалла» кушода шуд. Дар бунгоҳи тиббии маҳалла, ки аз ҳисоби 131 миллион сӯм маблағи буҷа сохта шудааст, барои хидматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҳама муҳимаш, ба ин муассисаҳои тиббӣ мутахассисони ҷавоне, ки мактабҳои олиро хатм кардаанд, ҷалб карда мешаванд.
– Ман имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқандро хатм кардам, – мегӯяд шифокори амалиёти умумии бунгоҳи тиббии маҳаллаи «Амондара» Руслан Қувондиқов. – Ҳамсарам ҳам донишгоҳро бо ман хатм кардааст. Ман аз ноҳияи Пастдарғом, ҳамсарам аз шаҳри Ҷиззах. Ҳардуи мо мақсад доштем, ки дар ноҳияҳои дурдаст кор кунем, то дар ислоҳоти пешгирифтаи Сарвари давлатамон ҷиҳати баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ саҳм гузорем. Барои мо шароити кору маишат муҳайё карда шуд. Мо аз кори саркардаамон хурсандем.
Сокинон аз дигаргуниҳои маҳаллаи Амондара қаноатманданд. Дар бинои нав якҷоя бо бунгоҳи тиббии маҳалла ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ба кор шуруъ намуд. Пас аз анҷоми корҳои сохтмон ба маблағи 168 миллион сӯм аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят толори фаъолон сохта шуда, барои раиси маҳалла, ёвари ҳоким, кумитаи занон, пешвоёни ҷавонон ва нозири профилактика шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.
– Баъди корҳои созандагӣ маҳаллаи мо ба таври шинохтанашаванда дигар мешавад, – мегӯяд фаъоли маҳалла Эштурдӣ Раҳимов. – Аз ҷумла, ба масофаи 12 километр асфалт пӯшонда шуд. Барои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ чоҳи артезианӣ кофта шуд. Бунгоҳи мавҷудаи тиббии деҳот пурра таъмир карда шуд. Имрӯз бунгоҳи тиббии маҳалла ва бинои маҳалла ба истифода дода шуданд. Барои дастгирии оилаҳои камтаъмин як қатор чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд. Барои таъмини некӯаҳволии сокинони деҳот дар муддати кутоҳ ин қадар корҳо анҷом дода мешаванд, ки назир надоранд. Мо дар натиҷаи талошҳои сарвари давлатамон ва масъулини маҳаллӣ ба чунин ободӣ ноил гардидем. Акнун мо ҳамроҳи халқамон дар роҳи ҳисса гузоштан ба пешрафти кишварамон тамоми имкониятҳоро ба кор мебарем.
Бинобар маълумоти ҳокимияти ноҳия, дар ҳоли ҳозир сатҳи фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар ноҳия аз 68 фоиз ба 71 фоиз расонида шудааст. Имрӯз шумораи муассисаҳои таълими томактабии давлатӣ ва ғайридавлатӣ беш аз 170 ададро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ба истифода додани муассисаи давлатии таълими томактабии 20-ум дар маҳаллаи Дӯстлик боз 60 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд. Дар муассиса, ки аз ҳисоби 1 миллиарду 331 миллион сӯм маблағи буҷети маҳаллӣ бунёд шудааст, 18 нафар сокинони маҳалла бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Хабар дода шуд, ки дар арафаи 31-умин солгарди истиқлолият дар ноҳия боз 5 муассисаи таълимии томактабӣ ба истифода дода мешавад.
Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир:
А.ИСРОИЛОВ (ӮзА).