ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ГУМРУК

Бо ҳамкории Маркази «Тараққиёт стратегияси» ва Кумитаи давлатии гумрук бахшида ба иҷрои вазифа ва супоришҳо, ки ба зиммаи мақомоти хизмати давлатии гумрук дар Барномаи давлатӣ оид ба амалӣ кардани Стратегияи ҳаракат бинобар панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо вогузор шудааст, нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳим, тартибот ва созгориҳои нави ҷоришуда, ки дар давоми соли 2018 дар соҳаи гумруки давлатӣ ба тасвиб расидаанд, барои минбаъд озодгардонии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, рағбатноксозии афзоиши интиқоли маҳсулот барои содирот, баланд бардоштани рақобатбардории содиркунандагони маҳаллӣ нигаронида шудааст. Дар давоми тадбир оиди мазмун ва моҳияти ҳуҷҷатҳое, ки дар давоми сол бобати фаъолияти мақомоти гумрук қабул гардидаанд, эътибори алоҳида дода шуд.
Фармони Президенти  кишвар аз 12 апрели соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳои куллан такмил додани фаъолияти мақомоти хизмати давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон» фаъолияти мақомоти хизмати давлатии гумрукро ба зинаи нав баровард. 
Аз ҷумла, барои расмикунонии гумрук ба режими «ба муомилаи озод баровардан (воридот)-и молҳо» аз ҷониби мақомоти гумрук ба забони давлатӣ маркировкаи маҷбурии молҳо талаб карда намешавад. 
Модоме ки дар бобати созгориҳо ва сабукиҳои соҳаи гумрук сухан меравад, бинобар қарори Президенти кишвар аз 17 октябри соли ҷорӣ меваву сабзавоте, ки ба содирот бароварда мешаванд, аз назорати гумрук намегузаранд. 
Дар баробари ин бо мақсади дар доираи Барномаи давлатӣ ёрӣ расондан ба содиркунии маҳсулоти меваву сабзавот ва ихтисор кардани хароҷотҳои молиявӣ ва вақти расмикунонии гумрук бо хизматҳои гумруки Федератсияи Русия, Белорусия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи ташкил кардани «Роҳрави гумруки соддашуда» қарордодҳо ба имзо расиданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ дар қонунгузории гумруки мамлакати мо низ як қатор дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Минҷумла, бинобар тағйирот ва иловаҳои ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридшуда, инак, брокери гумрук метавонад бидуни гирифтани иҷозатномаи дахлдор фаъолияти худро амалӣ созад. Ҳамчунин, барои иҷрои расмикунонии гумрук доираи ҳуқуқҳои декларантҳо боз ҳам вусъат дода шуд. Дар кодекси мазкур бисёр меъёр ва талабҳое, ки бинобар расмикунонии гумрук ба мутахассис дахл доранд, бекор карда шуд. 
Мувофиқи Қарори Президент аз 2 ноябри соли 2018 барои тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти гумрук курсҳои олии семоҳаи «Менеҷменти гумрук» ҷорӣ карда шуд, ки корҳои дар ин бобат амалишавандаро ба зинаи сифатан нав мебардорад.
Фармони Президенти кишвар аз 24 ноябри соли 2018 бидуни шубҳа, давраи нави ислоҳоти соҳаи гумрукро оғоз ниҳод. Бинобар фармон низоми идораи автоматикунондашудаи хатарҳо дар амалиёт татбиқ карда мешавад. Акнун барои воситаҳои нақлиёт ва мол низ дар назорати гумрук роҳравҳои махсус ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, аз 1 декабри соли ҷорӣ роҳравҳои «зард» ва «сурх» ба кор дароварда шуда бошад, аз 1 марти соли 2019 роҳравҳои «сабз» ва «кабуд» ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Низоми мазкур дар баробари тезондани иҷрои амалиёти гумрук ҳангоми тавассути сарҳади гумрук гузарондани мол барои муайян кардани вайронкунии ҳуҷҷатҳои қонун оиди гумрук, пешгӯӣ ва пешгирии онҳо нақши алоҳида дорад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар соҳа амалӣ мешаванд, ба динамикаи пардохтҳои гумрук низ таъсири мусбат мерасонанд. Хусусан, соли ҷорӣ аз ҳисоби молҳое, ки ба мамлакати мо ворид карда мешаванд, ба миқдори 10 триллиону 408 миллиард сӯм пардохтҳои гумрук ситонида шуд.
Бо оғоз аз 1 феврали соли 2019 мувофиқ ба стандартҳои байналхалқӣ, ки ба иштирокдорони ҳалоли фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тақдими ҳуқуқи истифода аз тартиботи гумруки соддашударо дар назар дорад, институти операторҳои иқтисодии ваколатдор ҷорӣ карда мешавад. 
Дар чорабинӣ ба саволҳои журналистон ҷавоб гардонда шуд ва пешниҳод гардид, ки кормандони ВАО дар ба халқ расонидани ақидаи ин ки намояндагони соҳаи гумрук бидуни ҳар гуна ришваситонӣ фаъолияти худро аз рӯи тақозои вазифа иҷро мекунанд ва барои амалӣ кардани хизматҳои соҳа ҳеҷ гуна садде вуҷуд нахоҳад дошт, ёрӣ диҳанд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: