ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН БЕБОЗГАШТАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 феврал дар доираи бахши кории дараҷаи олии иҷлосияи 46-уми Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи инсон баромад кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 феврал дар доираи бахши кории дараҷаи олии иҷлосияи 46-уми Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи инсон баромад кард.
Шӯрои оиди ҳуқуқи инсон дар низоми СММ яке аз мақомоти бонуфузи байниҳукуматӣ маҳсуб меёбад, ки бо таъмини ҳуқуқи инсон дар сартосари олам сарукор дорад.
Ба ҳайати Шӯро 47 давлати аъзо дохил мешавад. Дар моҳи октябри соли сипаригардида кишвари мо бори нахуст узви ин сохтор барои солҳои 2021- 2023 интихоб гардид. Ба муносибати пандемияи коронавирус маҷлиси навбатии Шӯро дар Женева дар формати видеоконфронс баргузор шуд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои басе муҳиме, ки ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, таъмини  ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иртибот доштанд, дохил карда шудаанд.
 Ба чорабинӣ Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш  ва Комиссари олӣ доир ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Сипас, раиси маҷлис Нажот Шамим Хон аз байни роҳбарони давлату ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, намояндагони дараҷаи олии қариб 150 мамлакат суханро аввал ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дод. 
Сарвари мамлакати мо дар баромади хеш ба амиқрафти дигаргуниҳои демократӣ дар кишвар ва вазифаҳои муҳиме, ки иҷрои онҳо дар якҷоягӣ бо Шӯрои СММ доир ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ шудаанд, рӯйи эътибор гардонд. Аз ҷумла, ӯ сари корҳое, ки дар Ӯзбекистон бобати бартараф намудани мушкилоти бо меҳнати иҷбории бачаҳо иртиботдошта анҷом дода мешаванд ва эътирофи аҳли ҷомеаи байнхалқӣ дар ин росто, махсус таваққуф намуд.
Ислоҳоте, ки солҳои охир дар ин самт татбиқ мешаванд, аз собитқадамии кишвари мо дар таъмини сиёсати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон далолат медиҳад. Баромади Президент нишон дод, ки Ӯзбекистон тибқи сиёсати хориҷии пешгирифтааш минбаъд низ омодааст, ҳамкории пайгиронаро бо сохторҳои байналхалқии манфиатдор дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон идома диҳад. 
Иштироки сарвари давлати мо дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои СММ доир ба ҳуқуқи инсон аз он далолат медиҳад, ки дар Ӯзбекистон ба таъмини ҳуқуқи инсон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Барилова, ба туфайли иродаи қатъии сиёсии Президент навсозиҳои демократӣ дар кишвари мо куллан тибқи принсип ва меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътрофгардида, ошкоро ва узван пайваст бо  ҷомеаи байналхклқӣ ба амал татбиқ мегарданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: