ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ — КАФОЛАТИ БОЭЪТИМОДИ БЕБОЗГАШТИИ ДИГАРГУНИҲОИ ДЕМОКРАТӢ ДАР РОҲИ БУНЁДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Мутахассисони Осиёи Марказӣ дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии Ӯзбекистон

Ислоҳоти конститутсиониро, ки дар Ӯзбекистон идома дорад, намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва коршиносони Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳи зиёд пайгирӣ мекунанд. Ва ин табиист, зеро равандҳои сиёсие, ки  дар ҳар як кишвари минтақа ба амал меоянд, ба рушди куллии он таъсир нагузошта наметавонанд.
Ба шарофати аз ҷониби Ӯзбекистон пайваста татбиқ шудани сиёсати муколама ва ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа солҳои охир фазои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас тағйир ёфт. Эътимод байни кишварҳо мустаҳкам гардида, мушкилоти зиёде ҳаллу фасл шуда, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо талошҳои муштарак густариш меёбанд.

Ҷомеашинос, роҳбари Фонди ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти иҷтимоӣ ва сиёсии «Стратегия»  Гулмира ИЛЕУЛОВА (Қазоқистон):
—  Муҳимтарини ислоҳҳо ба Конститутсия блоки иҷтимоӣ ба шумор меравад. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда, давлат бояд уҳдадориҳои ҳифзи қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолиро ба дӯш гирад. Ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба таҳсил ва хидматрасонии сифатноки тиббӣ кафолат дода мешавад. Васеъ намудани хидматрасониҳои тиббии аз ҷониби давлат ба шаҳрвандон расонидашуда ба баланд шудани сифат ва давомнокии миёнаи умр, кам шудани фавти кӯдакон ва модарон мусоидат мекунад. Ин қадами ҷиддӣ, ба ҷониби дар Ӯзбекистон бунёд намудани давлати комилҳуқуқи «welfarestate»  (давлати некӯаҳвол), мувофиқи меъёрҳо ва стандартҳои дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қабулшуда мебошад. 
Ислоҳоте, ки ба навсозии системаи иқтисодии мамлакат нигаронда шудаанд, низ нақши калон мебозанд. Ислоҳоти либералии иқтисодии таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар тӯли солҳои президентӣ  анҷом додашударо аллакай метавон бо ислоҳоти Лешек Балчерович дар Полша, Иван Миклош дар Словакия ва Людвиг Эрхард дар Олмони баъди ҷанг дар як поя гузоштан мумкин аст. Тағйироти оид ба ҳифз ва дахлнопазирии моликияти хусусӣ пешниҳодшуда, на танҳо ин ислоҳотро қонунӣ мегардонад, балки онҳоро таҳким мебахшад, ки бешубҳа ба рушди босуръати иқтисодии Ӯзбекистон дар солҳои наздик мусоидат мекунад. 
Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон Виктор КИМ:
— Ӯзбекистон бо миқёси азими худ ва ҷараёнҳои ҷиддии ислоҳоти демократӣ на танҳо таваҷҷуҳи доимии ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб мекунад, балки метавонад ба таърих ҳамчун таҷрибаи беназири бунёди давлат дохил шавад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои далерона ва васеъмиқёси куллӣ дар Ӯзбекистон ислоҳоти конститутсионӣ, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар аввали соли 2022 оғоз шуда буд, аллакай метавон ҳамчун таҷрибаи нодири Ӯзбекистон дар ин самт муайян карда шавад.
Конститутсияи Ӯзбекистон, ки 8 декабри соли 1992 қабул шудааст, яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар фазои пасошӯравӣ буда, нақши таърихии худро дар ташаккули давлатдории нави ҷумҳурии ҷавон ба таври беҳтарин бозид.
Ҷаҳони муосир босуръат дигар мешавад ва якҷо бо он ҷаҳони Ӯзбекистони замонавӣ низ тағйир меёбад. Президент Шавкат Мирзиёев дар муборакбодиаш ба муносибати рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ 8 декабри соли 2022 қайд намуд, ки ислоҳоти конститутсиониро моҳият ва мантиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони нав, хоҳишу пешниҳоди мардум тақозо мекунад.
Миқёси дигаргунсозиҳо дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав чунон бузург ва пеш аз ҳама ба «ҳифзи инсон, ҳаёт, ҳуқуқ, озодиҳо, манфиатҳои қонунӣ, шаъну шарафи шахс ҳамчун арзиши олӣ» нигаронида шуда буд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда зарурати ҳаётӣ гардид.
Гузашта аз ин,  сарвари Ӯзбекистон иқдоми далерона карда, дар мулоқот бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард, ки тағйироту иловаҳо ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шаванд. Президенти Ӯзбекистон ба халқ бовар дорад ва Конститутсия бояд воқеан мардумӣ гардад. Ба фикрам, интизориҳои ӯ асоснок буданд.
Дар Конститутсия принсипи асосии «Инсон — ҷамъият — давлат» ифода ёфтааст, яъне манфиати инсон дар мадди аввал меистад. Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст, яъне Ӯзбекистони замонавӣ ба дараҷаи тараққиёте расидааст, ки давлат метавонад аз эълони кафолатҳо ба ҳаракатҳои амалии таъмини шаҳрвандон, масалан, бо манзил, ҳаҷми кафолатноки ёрии тиббӣ гузарад. Дар баробари ин, ҳадди ақали музди меҳнат бо назардошти таъмини зиндагии шоистаи инсон муайян карда мешавад. Конститутсия манфиати шаҳрвандонро ҳимоя мекунад, масалан, норавшание, ки дар қонунгузорӣ ҳангоми муомилаи  шаҳрванд бо мақомоти давлатӣ ба амал меояд, акнун ба фоидаи шаҳрванд маънидод карда мешавад.
Директори Маркази тадқиқоти геополитикӣ Гузел МАЙТДИНОВА (Тоҷикистон):
—  30 апрел дар Ӯзбекистон раъйпурсӣ оид ба қабули тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар рафти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонуни конститутсионӣ оид ба такмили он зиёда аз 220 ҳазор пешниҳод ворид гардид. Илова бар ин, ин санад аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои мусбат гирифта, аз 10 экспертизаи хориҷӣ ва байналмилалӣ гузашт.
Ислоҳоти кунунии конститутсионӣ барои рушди минбаъдаи давлат ва бунёди Ӯзбекистони Нав заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, Қонуни асосиро ба равандҳои муосири кишвар мутобиқ месозад.
Таҷдид ва такмил додани пойгоҳи консептуалӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро дар ислоҳот бо назардошти ташаккули тартиботи нави ҷаҳонӣ муҳим мешуморам. Бояд қайд кард, ки дар Қонуни асосӣ пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи ворид кардани моддаи пеш бурдани сиёсати сулҳҷӯёна ва дӯстонаи Ӯзбекистон бо тамоми кишварҳо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳо инъикос ёфтааст. Илова бар ин, сиёсати хориҷии кишвар ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, принсипҳо ва меъёрҳои тамомияти арзӣ асос ёфтааст. Дар лоиҳа махсусан таъкид шудааст, ки Ӯзбекистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ҷонибдори ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои стратегӣ боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ошкорбаёнӣ ва ҳамсоягии нек, ки дар лоиҳаи Қонуни асосии кишвар ҷой гирифтааст, барои кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон махсусан муҳим аст.
Профессори кафедраи фарҳангшиносӣ ва диншиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ, доктори илмҳои фалсафа Калимаш БЕГАЛИНОВА:
— Дар Ӯз-бекистон муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ барпо гардид ва дар асоси пешниҳодҳои сершумори воридгардида лоиҳаи конститутсионии мазкур такмил дода шуд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ӯзбекистон дар натиҷаи тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, маънавию фарҳангии кишвар ба миён омадааст.
Ислоҳоти конститутсионӣ ба он нигаронида шудааст, ки ҷомеаро дар атрофи як идеяи мустаҳкам – бунёди Ӯзбекистони Нав, давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ муттаҳид намояд.
Дар Конститутсия ба арзишҳои асосӣ, ки манфиатҳои тамоми табақаҳои аҳолӣ ва волоияти қонунро ба инобат мегирад, такя карда мешавад.
Мо мебинем, ки тибқи лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ 65 дарсади матни Конститутсия таҷдид шуда, шумораи моддаҳои он аз 128 ба 155, меъёрҳои конститутсионӣ аз 275 ба 434, қоидаҳо дар бораи ҳуқуқи инсон ва озодиҳо сеюним баробар афзуда, бори аввал ҳуқуқи махфияти мукотиба, гуфтугузори телефон, почта, паёми электронӣ ва дигар хабарҳо, ки танҳо бо қарори суд маҳдуд карда мешавад, ворид карда мешавад. Ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба манзил ва аз тарафи давлат ҳавасманд кардани  сохтмони манзил низ бори аввал ба тариқи конститутсионӣ муқаррар карда шудааст.
Лаҳзаи инноватсионии лоиҳа дар он аст, ки таълим ҳамчун манбаи муҳими стратегӣ баррасӣ мешавад. Давлат бояд барои рушди таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва олӣ шароит фароҳам оварад ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ ройгон бошад. Бори аввал меъёрҳо барои ҳифзи шаъну шарафи омӯзгорон, ғамхорӣ дар бораи некуаҳволии иҷтимоӣ ва моддии онҳо, болоравии касбии онҳо, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва обрӯи омӯзгор дар ҷомеа, ки дар рушди соҳаи кишвар, неруи зеҳнии он нақши калидӣ мебозанд, ҷорӣ карда мешаванд. 
Ин ва бисёр дигар нуктаҳои Қонуни асосӣ далели дигаргуниҳои мусбате мебошанд, ки дар мамлакат ба амал меоянд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: