Стратегияи ҳаракат, ки барои панҷ сол пешбинӣ гардида буд, ба анҷом расид.
Акнун барои солҳои 2022-2026 Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав таҳия ва тасвиб гардид. Президент 28 январи соли 2022 ба Фармон «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» имзо гузошт. Дар он, ки дар асоси тамоюли «Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи рушд» таҳия шудааст, ба ҳамаи соҳаҳо дахл гардида, алалхусус ба татбиқи Барнома дар Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол эътибори ҷудогона нигаронида шудааст.
Тавре ки гуфтем, дар қатори соҳаҳои зиёд масъалаи мактабу маориф, ислоҳи он аз мадди назар дур намондааст.
«Дар доираи вазифаҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим, ки дар Стратегияи рушд муайян шудааст, дар соли 2022:
а) аз 1 апрел аз андозаи даромад пардохтҳо ба андозаи то 3 миллион сӯм дар як моҳ барои падару модароне, ки фарзандонашон дар муассисаҳои таълимии томактабии ғайридавлатӣ ва мактабҳо таҳсил мекунанд, озод карда шавад» – омадааст дар ин Фармони Президент.
Ё дар ҷойи дигар:
б) бо мақсади ба талаботи замон мувофиқ кунондани низоми маълумоти миёна:
барои татбиқи барномаи нав кардани китобҳои дарсии муассисаҳои таълими ҳамагонии миёна аз ҳисоби Буҷаи давлат 605 миллиард сӯм ҷудо карда шавад;
141 000 ҷойи нави донишандӯзиро ташкил намуда, то охири соли 2026 миқдори он ба 6,4 миллион нафар расонда шавад».
– Ин нуктаҳо барои мо – омӯзгорон басо муҳиманд, – мегӯяд ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми ноҳияи Фориш Қодир Исоев, – зеро баробари ба ислоҳи мактабҳо, баланд бардоштани сифати таълим, таҳия ва нашри нави китобҳои дарсӣ маблағи зарурӣ равона кардан ва эътибори алоҳида нигаронидан, зиёд кардани маоши омӯзгорон дар як вақт бо табибони боистеъдод низ дар назар дошта шудааст. Мо ин паҳлӯҳои Стратегияи рушдро мақбул дониста, дарки амиқи моҳияти онро ба ҳампешагон ҳамеша талқин мекунем.
Дарҳақиқат, ба таълими халқ ва коркунони ин соҳа, ки барои фардои ҷомеа мутахассисони ногузирро омода мекунанд, то ин вақт ба ин дараҷа ғамхорӣ зоҳир нагардидааст. Дар Фармони Президент оид ба омода намудани лоиҳаи қарор дар ин бора ба вазорату идораҳои дахлдор супориши қатъӣ дода шудааст ва аз ҷумла, чунин омадааст: «куллан аз нав дида баромадани тартиби додани тоифаи ихтисосӣ ба омӯзгорон ва духтурон бо ҷалби корбастҳои байналмилалӣ, инчунин ҷорӣ кардани низоми адолатнок ва шаффоф дар асоси методологияи арзёбии ихтисос таъмин карда шавад.»
Мо аз ҳар як банди Фармон «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» як олам маъно ва мазмун дармеёбем. Алалхусус, нуктаҳое, ки дар бораи баланд бардоштани сифати таълими халқ, беҳ намудани шароити мактабҳо, тадриҷан зиёд кардани музди меҳнати омӯзгорон ва ба ин васила барои фардои ҷомеа кадрҳои ногузирро омода намудан дарҷ ёфтаанд, хеле муҳиманд. Муваффақ шудан ба ин ҳадафу мақсадҳои ниҳоӣ аз ҳар яки мо масъулият ва сидқидилона кор карданро тақозо менамояд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.