ИСЛОҲОТИ МАЪМУРӢ, КИ ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТАТБИҚ МЕШАВАНД, ДАР ОЯНДАИ НАЗДИК НАТИҶАҲОИ МУСБАТ ХОҲАНД ДОД

Ислоҳоти маъмурӣ, ки аз 1 январ дар Ӯзбекистон оғоз ёфту ба муваффақшавӣ ба идоракунии ихчам ва самарабахши давлатӣ нигаронида шудааст, дар ҷомеаи коршиносии кишварҳои хориҷӣ боиси муҳокима қарор гирифт.

Тавре ки қайд мегардад, гузаштан аз «идоракунии дастӣ» ба идоракунии маҷмӯӣ, ки бидуни монеаҳои бюрократӣ ва бесарусомонӣ натиҷаҳои мушаххас хоҳад дод, умуман ба манфиати одамон хидмат хоҳад кард.
Директори иҷрогари Маркази тадқиқи сиёсӣ ва иқтисодии Малайзия Зоҳри ИДРИС:
– Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2022 «Дар бораи чораҳои татбиқ намудани ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав» ҳуҷҷати хеле рӯзмарра ва муҳим ба шумор меравад.
Солҳои охир дар Ӯзбекистон бобати созмон додани низоми самарабахши идоракунӣ ислоҳоти васеъмиқёси маъмурӣ татбиқ шуданд. Зеро беҳбудии ҳама гуна давлати ҳуқуқбунёд аз самаранокии идоракунии давлатӣ вобаста мебошад. Аз ин нуқтаи назар таъмин намудани ихчамӣ, кордонӣ, адолатнокӣ ва низоми баландсифати идоракунии давлатӣ ҳамеша тақозои замон буду ҳаст.
Бешубҳа, ба ин метавон аз тариқи васеъ ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар идоракунии давлатӣ муваффақ шуд. Бо дар назардошти он, ки мо ба инқилоби чаҳорумини саноатӣ «Саноат 4.0» наздик мешавем, идоракунии давлатӣ низ бояд ба анъанаҳои охирин – истифодаи технологияҳои рақамӣ мутобиқ гардад. Истифодаи васеи онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ самаранокии хидматро баланд мебардорад ва омили инсониро хеле коҳиш медиҳад.
Ислоҳоти бонизом дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, аллакай дар ояндаи наздиктарин ҳатман натиҷаҳои мусбати худро медиҳанд. Ба ин тарз масъулият ва тобеияти мансабдорон дар назди халқ меафзояд.
Беҳуда нест, ки соли 2023-юм дар мамлакат «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон гардид. Ин маънои онро дорад, ки дар соли 2023-юм ҳукумат пешбинӣ менамояд кори оғозшударо бобати таҳкими ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмин сохтани таълими босифат ва омӯзишро мустақимона идома диҳад. Ин иқдом сазовори баҳои баланд мебошад.
Дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани шуғл ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, шабакаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва роҳҳо дар минтақаҳо, таъмин кардани рушди устувори иқтисодиёт, беҳтар намудани шароит барои татбиқсозии тиҷорат, мусофиркашонӣ дар соҳаи нақлиёт, коркарди харитаи рақамии тамоми роҳҳо, рушди сайёҳӣ, фарҳанг ва варзиш низ вазифаҳои васеъмиқёс гузошта шудаанд.
3-4 ноябри соли 2022-юм ман дар анҷумани дуюми иқтисодии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Одамон дар маркази ислоҳоти иқтисодӣ» ширкат доштам. Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҷониби Ӯзбекистон як қатор таклифҳоро бинобар рушди иқтисодиёт ва коҳиш додани нодорӣ пешниҳод намудам.
Муътақидам, ки тамоми саъю кӯшишҳои пешбинишуда суръат мегиранд ва ба баланд гардидани некӯҳолии халқи Ӯзбекистон, иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамоянд.
Директори Маркази тадқиқоти минтақавии Донишгоҳи Пешовар Шабир Аҳмад ХОН (Покистон):
– 20 декабри соли 2022-юм Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон изҳор дошт, ки яке аз бартариҳо дар соли 2023-юм ин ташаккул додани низоми ихчам ва самараноки идоракунии давлатӣ мебошад.
Баъди як рӯз мо шоҳиди татбиқ шудани ин ташаббус гардидем. 21 декабр фармони Президент «Дар бораи чораҳои татбиқ сохтани ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав» қабул шуд. Мувофиқи ҳуҷҷат миқдори вазорату идораҳо коҳиш ёфт, ҳаҷми ваколатҳои ҳукумати нав вусъат пайдо кард, вазифаҳои мушаххас муайян шуданд, масъулияти ҳукумати нав барои татбиқ намудани сиёсати давлат дар ҳар кадом соҳа баланд бардошта шуд.
Боз як ҷиҳати муҳими ин ислоҳот он мебошад, ки вай фаъолияти вазоратҳоро метезонад, барои аз монеаҳои гуногуни бюрократӣ ва бесарусомонӣ халос хӯрдан кумак мерасонад. Масъулияти сиёсиву маъмурии ҳар кадом вазир баланд бардошта, низоме, ки мувофиқи он лоиҳаи қарорҳои ҳукумат бевосита аз ҷониби вазорат коркард мешаванд, тартиб дода шуд. Ин ҳаллу фасли саривақтӣ ва босифати мушкилоти мавҷударо дар мамлакат таъмин менамояд.
Ходими калони илмии Маркази тадқиқотии «Бунёди байналхалқии Виликананда» Правеш Гупта (Ҳиндустон):
– Дар натиҷаи ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев тӯли солҳои охир татбиқ мешаванд, муҳити иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳамаҷониба тағйир меёбад. Консепсияи Ӯзбекистони Нав, ки аз ҷониби роҳбари давлат пешниҳод гардид, мустақимона дар пеши назари тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба ҳаёт татбиқ мешаванд. Ба Ӯзбекистон, беш аз ҳарвақта, нафақат дар минтақа, балки дар сатҳи байналхалқӣ эътибор медиҳанд. Рейтинги мамлакат бинобар нишондиҳандаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳонӣ сол аз сол беҳтар мегардад.
Ҳамчун идомаи мантиқии ин ислоҳот Президенти Ӯзбекистон 20 декабри соли 2022-юм дар Муроҷиатномааш ба парлумон ва халқ дигаргуниҳои рӯзмарратаринро дар мамлакат мушаххас намуд ва изҳор дошт, ки дар низоми идоракунии давлатӣ тағйироти муайяне ворид карда мешаванд.
Мувофиқи фармони Президент, ки аз 1 январи соли равон қудрат пайдо кард, миқдори вазоратҳо аз 25 то ба 21 адад кам карда шуд. Ғайр аз ин, шумораи мақомоти ҳокимияти иҷроия аз 61 то ба 28 адад ихтисор гардид. Ҳамзамон фаъолияти як қатор муассисаҳои давлатӣ боздошта шуд.
Мувофиқи низоми нав миқдори вазифаҳои давлатӣ, ки ба сектори хусусӣ дода шуданд, ҳадди ақалл се баробар афзуд. Ба ин ҷараён ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии инноватсионӣ онро беш аз пеш фаъолтар мекунанд. Ба шарофати чунин тағйирот ҳамкории байни вазоратҳо осонтар мешавад, ки ба такмил додан ва тезондани кори ҳукумати Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Бовар дорам, ки ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани шаффофият, тобеият ва самаранокии фаъолияти ҳокимияти иҷроия асос фароҳам меоваранд. Аз ҳама муҳимаш, ҳамаи ин ба вусъатёбии алоқаи байни ҳукумат ва аҳолии мамлакат, ҳамчунин таҳкими эътимоди тарафайн хидмат хоҳад кард. Тӯли солҳои наздиктарин ин тағйирот дар иқтисодиёти мамлакат натиҷаҳои мусбат хоҳад дод.
Фикр мекунам, қабули ин ҳуҷҷати муҳим бобати татбиқсозии ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав бинобар дар мамлакат ташаккул додани кори самарабахши мақомоти давлатӣ, ки халқро қонеъ месозанд, қадами муҳим мегардад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: