Дар рӯзномаи оммабобтарини ҳаррӯзаи англисии Куриёи Ҷанубӣ «The Korea Herald» мақолаи раиси Сенати Олий Маҷлис, раиси Комиссияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ Танзила Норбоева «Рушди муносибатҳои меҳнатӣ – таҳкурсии асосии бунёди Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистони Нав» нашр гардид.
Чи хеле ки муаллиф менигорад, дар тӯли панҷ соли охир дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ натиҷаҳои бесобиқа ба даст оварда шуданд.
«Яке аз ҷойҳои марказии байни ислоҳоти ҷорӣ дар Ӯзбекистонро масъалаҳои рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнат, ки ба баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва таъмини манфиатҳои инсон нигаронда шудааст, ташкил медиҳад, ки ба мақсадҳои СММ дар соҳаи рушди устувор мувофиқат мекунад,– гуфта мешавад дар мақола. – Дар ин замина бояд қайд кард, ки нишондиҳандаҳои асосии рушди ҷамъият ва давлат дигаргуниҳои куллӣ дар идоракунии давлатии Ӯзбекистон гардиданд, ки мураттабӣ, низомнокӣ, самаранокӣ ва саривақтии тадбирҳои дар соҳаи меҳнат амалишударо тавсиф мекунанд.
Ба туфайли иродаи сиёсии сарвари давлат, қайд мегардад дар мақола, оид ба таъмини ҳуқуқи инсон ва кафолати он, инчунин решакан намудани меҳнати маҷбурӣ аз он ҷумла, маҷбурии бачагона натиҷаҳои мушаххас ба даст омаданд. «Чорабиниҳои дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ татбиқшуда аллакай барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи ибрат гардиданд, – гуфта мешавад дар мақола. – 10 марти соли 2022 эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» расман дар бораи бекор карда шудани «байкоти пахта» нисбати Ӯзбекистон эълон кард».
Таъкид мегардад, ки бисёр созмонҳои бонуфузи байналмилалии ғайриҳукуматӣ, аз он ҷумла «Хюман Райтс Вотч», «Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони либос ва пойафзори Амрико», «Ассотсиатсияи саноати мӯди ИМА» ва як қатор дигар ташкилотҳо дар бораи барҳам додани меҳнати кӯдакон ва маҷбурӣ мусбат ҳарф мезананд ва брендҳои байналмилалиро ба ҳамкорӣ бо истеҳсолгарони маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон даъват менамояд.
Бекор шудани байкот нисбати пахтаи Ӯзбекистон ба созмон додани миллионҳо ҷойҳои нави корӣ, хусусан дар деҳот, инчунин ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи бофандагии ҷумҳурӣ ва густариши иқтидори содиротии Ӯзбекистон хидмат мекунад.
«Дар бораи натиҷаҳои бадастомада ҳарф зада, метавонам бигӯям, ки соли 2016 меҳнати низомноки кӯдакон комилан аз байн бурда шуд, – менависад муаллиф. – Бо назардошти ин Парлумони Аврупо ворид кардани протоколи нассоҷиро ба созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон ба тасвиб расонд. Ҳуҷҷат барҳам додани маҳдудиятҳои миқдорӣ ва коҳиши боҷи гумрукиро ҳангоми воридоти се ҳазор номгӯйи маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ мекунад. Дар доираи мақоми GSP ставкаҳои гумрукӣ барои маҳсулоти бофандагӣ аз Ӯзбекистон коҳиш дода шуда, аз 4 то 12 фоиз баробар карда шуданд.
АИ «Дунё»,
СЕУЛ.