СОҲИБКОРИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ РУШДИ ЗАМОНАВИИ ӮЗБЕКИСТОН
Ба муносибати иди истиқлоли Ӯзбекистон муовини директори генералии ширкати «Power International Holding»-и Қатар Морис Гаттас ба агентии иттилоотии «Дунё» интервю дод ва дар он нуқтаи назарашро дар бораи рушди имрӯзаи кишвари мо ба ҳам дид:
– Дар тӯли чанд соли охир дар кишвар ислоҳоти назаррас ба роҳ монда шуд, ки ба бунёди Ӯзбекистони Нав тавассути либерализатсияи як қатор бахшҳои иқтисодиёт ва сиёсати пулию қарзӣ, рушди рақобат дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, беҳтар намудани шароит барои рушди соҳаи хусусӣ, пешбурди минбаъдаи имиҷи мусбати соҳибкории кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Боиси хушнудист, ки Ӯзбекистон имрӯз дар марҳилаи муҳими рушди худ қарор дорад. Ба ин натиҷаҳои муайяни мусбате, ки мамлакати шумо ба даст овардааст, равшан шаҳодат медиҳад. Ман шахсан муваффақиятҳои дурахшони кишварро, ки танҳо ба шарофати саъю кӯшиш, сиёсати амиқ ва оқилонаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба даст оварда шудаанд, бодиққат пайгирӣ мекунам.
Мо мебинем, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳои бузург ба амал омада, Ӯзбекистон ба марҳилаи нави рушди худ дилпурона қадам мегузорад. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳамаҷониба ва муассир маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бори аввал аз 101,6 миллиард доллар гузашт. Ҷараёни афзояндаи сармоягузории мустақими хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвар ба шарики боэътимод ва ба як макони барои ширкатҳои хориҷӣ ҷолиб табдил ёфтааст.
Кишвар сармоягузорӣ ба манбаъҳои нави энергияи тозаро идома медиҳад ва барои беҳтар кардани самаранокии энергия ва об барои коҳиш додани тағйирёбии иқлим тадбирҳо меандешад.
Ӯзбекистон ба яке аз марказҳои сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст ва ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври васеъ эътироф карда мешавад. Тайи солҳои охир дар кишвар нишастҳои сарони Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони кишварҳои туркӣ ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва даҳҳо конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор шудааст. Ҳамаи ин дар бораи афзудани обрӯи байналхалқии Ӯзбекистон низ гувоҳӣ медиҳад
Ҳамчун коршинос бо итминон метавонам бигӯям, ки идомаи ислоҳоти аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон оғозгардида, бешубҳа, барои расидан ба қуллаҳои нав ва пирӯзиҳои нав мусоидат мекунад.
АИ «Дунё»,
ш. Доҳа.