ИСЛОҲОТИ СОҲАИ АНДОЗ

Дар коллеҷи касбу ҳунари нақлиёти роҳи оҳани Тошканд вохӯрии аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон ва коршиносони ноҳияҳои шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Дар он ба қишри васеъи аҳолӣ расондани мазмун ва моҳияти ислоҳоти соҳаи андоз, ки дар мамлакати мо амалӣ мешаванд, муҳокима гардид. 
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки аз соли ҷорӣ дар амалиёт татбиқ гардидани консепсияи нави андоз на фақат ба намояндагони тиҷорат муҳим аст, балки барои бо кор банд шудан ва афзудани даромади аҳолӣ низ хизмат мекунад. Аз ҷумла, дар натиҷаи якбора кам шудани андози даромади шахсони ҷисмонӣ ва ставкаи пардохти иҷтимоӣ дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд беш аз 150 ҳазор ҷойҳои кории  махфӣ легалӣ карда шуд.
Маълум аст, аз 1 январи соли 2019 корхонаҳое, ки гардиши солонаашон бинобар ҷамъбасти соли гузашта аз 1 млрд. сӯм гузаштааст ё дар давоми сол ба миқдори сарҳадии муайян расидааст, ба пардохти андозҳои муайяни умумӣ гузаронида шуданд. Таҷрибаи мазкур низ самараи худро дод, пардохткунандагони андози қимати иловашуда соли гузашта дар шаҳри Тошканд 1601 ададро  ташкил карда бошад, ин нишондод дар ҳолати 15 июли соли 2019 ба 13 ҳазору 200 расид.
Дар семинар қайд шуд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 июни соли 2019 «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд ба тартиб даровардани додани имтиёзҳои андоз ва гумрук» боз як зинаи муҳими ислоҳоти нави андоз гардид.
Мувофиқ ба он дар бозори дохилӣ як қатор меъёрҳое, ки ба офаридани шароити якхела ба ҳамаи соҳибкорон, ташаккул додани муҳити рақобати солим нигаронда шудаанд, муайян карда шудааст. Бо мақсади ба соҳибкорон амиқ фаҳмондани  мазмун ва моҳияти тағйиротҳои мазкур, таъмин кардани самаранокии иловаҳое, ки дар соҳа бурда мешаванд, ба ҳузури субъектҳои соҳибкорие, ки аз ҷониби мақомоти давлатии хизмати андози шаҳри Тошканд барои пардохти андози қимати иловашуда мегузаранд, ёрии амалӣ расонидан қайд шуд.
Бинобар фармон, барои офаридани занҷири мукаммали андози қимати иловагӣ ва таъмин кардани шароити баробар ба ҳамаи субъектҳои хоҷагиро бароҳгузоранда аз 1 октябри соли 2019 имтиёзҳо бинобар андози қимати иловашуда нисбат ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқи истеҳсолкардаи худӣ ва маҳсулоти хӯроквории дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсолшуда бекор карда мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагони субъектҳои соҳибкорӣ ва журналистон аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Х. ҲАМИДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: