Бо ибтикори Бонки Осиёии рушд дар мавзӯи «Ислоҳоти минтақавии энергетика: тақвияти таҷрибаи танзим» нишасти минтақавӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони созмонҳои молиявӣ, коршиносон ва ҳудуди 40 меҳмони хориҷӣ ширкат намуданд.
Директори Оҷонсии рушд ва танзими бозори энерҷии Ӯзбекистон Шерзод Хӯҷаев изҳор кард, ки ҳукумати кишвар бо судури як қарори вижа ривоҷ додани бозори энергетикӣ ва тартибу танзими он, истифодаи оқилонаи энергияи барқ, тавсеаи рақобатпазири муносибатҳои бозаргонӣ, беҳбуди шабакаҳои барқ ва амсоли онро ба тартиб даровард.
– Президент дар як ҷамъомади васеъ неруи барқро ҳаракатдиҳандаи асосии иқтисодиёт унвон кард. Ҳоло дар мамлакати мо тақрибан 14 ҳазор мегаватт неруи барқ тавлид карда мешавад. Аммо соли 2030 мо ба 20 ҳазор мегаватт неруи барқ эҳтиёҷ хоҳем дошт. Бар ҳамин асос ба кор андохтани неруи барқи ҳастаӣ барои сарфа намудани миқдори хеле зиёди гази табиӣ мусоидат менамояд, – гуфт Шерзод Хӯҷаев.
– Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо дар соҳаи энергетика як қатор ислоҳот ба амал бароварда мешавад. Ин барои афзудани ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвари мо, аз ҷумла неругоҳҳои офтобӣ, шамолӣ, обӣ, инчунин истеҳсолкунандагони хусусӣ роҳи васеъ кушод. Маҳз дар ин раванд танзими бозори энергетикӣ муҳим аст. Албатта, дар мамлакати мо марҳилаҳои аввалини кор дар ин соҳа оғоз ёфтаанд, – иброз дошт Хӯҷаев.
Дар нишаст ба сифати ҳадафи асосӣ ба ваҳдат овардани тарафҳои манфиатдор ва коршиносон, кумак расонидан барои таҳияи асосҳои самараноки меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ба пуштибонӣ аз рушди устувори минтақа нигаронида шудааст, инчунин табодули таҷриба арзёбӣ гардид.
Директори намояндагии доимии Бонки Осиёии рушд дар Ӯзбекистон Канокпан Лао-Арайя қайд кард, ки ин бонк дар қатори дигар соҳаҳо бо Ӯзбекистон дар бахши энергетика ҳамкориҳои доманадорро ба роҳ мондааст.
– Бояд тазаккур дод, ки ҳукумати Ӯзбекистон барои рушди соҳаи энергетика ҳадафҳои бузург гузоштааст. Аз ҷумла, чораҳои зиёд кардани ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз онҳост. Умуман, дар Ӯзбекистон васеъ ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия самараи хуб мебахшад. БОР дар ин самт низ дастгирии худро идома медиҳад. Дарвоқеъ, чорабинии дурӯза як ҷузъи ҳамон ҳамкориҳои мост, ки натиҷаи мусбати худро дар рушди бозори энергетикӣ равшану возеҳ намоиш медиҳад, – қайд намуд Лао-Арайя.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».