ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ҳамкории шабакаи телевизионии UZREPORT ва роҳбарияти Агентии хидмати давлатӣ оид ба масъалаҳои «Ислоҳот дар соҳа ва иҷрои санадҳои қонунӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ҳамкории шабакаи телевизионии UZREPORT ва роҳбарияти Агентии хидмати давлатӣ оид ба масъалаҳои «Ислоҳот дар соҳа ва иҷрои санадҳои қонунӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ҳисоботи агентӣ дар бораи иҷрои санадҳои хидмати давлатӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки давраи ҳисоботӣ аз ҷониби агентӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президент, ки 30 январи соли 2020 «Дар бораи рушди босуръати низоми миллии хидматрасонии давлатӣ» ба тасвиб расида буд, як қатор корҳо анҷом дода шуданд.
Соли 2021 аз ҷониби агентӣ 18 намуди хидматрасонии давлатӣ ҷорӣ гардида, шумораи умумии онҳо ба 166 расидааст. Тавассути марказҳои хидматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ зиёда аз 11 млн. намуди хидмат расонида шудааст. Беш аз 300 хидмат дар шакли интерактив ба воситаи портали ягонаи интерактив ташкил карда шудаанд.
30 санади қонунӣ оид ба хидматҳои давлатӣ таҳия карда шуда, 87 хидматрасонии давлатӣ сода карда шудаанд. Дар натиҷа, шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои хидматрасонии давлатӣ аз 186 то ба 89-то кам карда ва муҳлати истифодаашон аз 539 ба 288 рӯз  кӯтоҳ карда шуданд.
Тартиби истифодаи хидматҳои давлатӣ дар асоси тамоюли экстерриториалӣ ҷорӣ гардида, талаби 34 санад (маълумотномаҳо) аз ҷониби мақомоти давлатӣ бекор карда шуд. Дар натиҷа соле ба ҳисоби миёна зиёда аз 5 млн. нафар шаҳрванд аз саргардонӣ халос шуд.
Дар натиҷаи ҷорӣ намудани шаклҳои нави хидматрасонии давлатӣ 17 намуди он ба таври комплекс ба роҳ монда шуд.
Баргардонидани пардохтҳои зиёдатии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми истифодаи хидматрасонии давлатӣ сода карда шуда, ин як рӯзи корро дарбар гирифт. Бо мақсади ба вуҷуд овардани имтиёзҳо ба аҳолӣ, пардохти баъзе хидматҳои давлатӣ бекор карда шуд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва рушди инфрасохтор биноҳои нави 28 маркази нави хидматрасонии давлатии замонавӣ ба истифода дода шуданд. Имрӯз шумораи умумии биноҳои нави ба истифода додашуда 161 ададро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои дурдаст ва маҳалҳои сераҳолӣ 48 филиали Маркази хидматрасонии давлатӣ таъсис ёфта, шумораи умумии онҳо ба 156 адад расидааст. То имрӯз наздик ба 180 намуди хидматҳои давлатӣ расонда шуд.
Барои сарфаи вақту маблағ ба сокинони маҳалҳои дурдаст 253 903 хидматҳои мобилӣ расонда шуд.
Дар биноҳои марказии хидматҳои давлатии шаҳрҳои Тошканд ва Нуқус гӯшаҳои саломатӣ ташкил карда шуданд.
Дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла автовокзали Тошканд ва вокзали роҳи оҳан инфокиоскҳои интерактив ҷойгир карда шуда, тартиби худхидматрасонӣ ба роҳ монда шуд.
Роҳбарияти агентӣ, инчунин дар бораи нақшаҳои ояндаи соҳа маълумот пешкаш намуд, ки он аз тасдиқи стратегияи миллии модернизатсия ва рушди босуръати низоми хидматҳои давлатӣ барои солҳои 2020-2026; ҷорӣ намудани сохтори Мобил-ID-и идентифакатсияи шахсият; баланд бардоштани самаранокии хидматрасонӣ тавассути дастрас намудани сохтори ҳукумати электронӣ барои бахши хусусӣ; такмили тартиби бақайдгирии шахсони ҷисмонӣ аз рӯйи ҷойгиршавӣ; фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон ва шахсони ба нигоҳубин муҳтоҷ иборат аст.
Дар поёни чорабинӣ мутахассисони соҳа ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.

М.МАМАҶОНОВА,
мухбири «Овози тоҷик».    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: