ИСЛОҲОТИ ТАЪЛИМ: БАРОБАРИ ЗИЁД ШУДАНИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ФАРОГИРИИ БАЧАГОН СИФАТ НИЗ ХУБ МЕШАВАД

Таълим ва тарбия ба сифати ҳодисаҳои иҷтимоӣ аз вақте ки ҷамъият пайдо шудааст, баробари он ривоҷ ёфта, аҳамияти муҳим касб мекунанд.

Таълим ва тарбия ба сифати ҳодисаҳои иҷтимоӣ аз вақте ки ҷамъият пайдо шудааст, баробари он ривоҷ ёфта, аҳамияти муҳим касб мекунанд.
Инсон дар ҷараёни ба воя расидан, ҳамчун шахс ташаккул ёфтан аз зинаҳои гуногуни таълим мегузарад. Айни замон дар ҷараёни мазкур зинае, ки аз ҳама муҳим буда, пойдевори ибтидоӣ мегардад, бидуни шубҳа, таълими томактабӣ мебошад, ки онро тамоми дунё эътироф мекунад. Бача таваллуд шуда, нахустин сарчашмаи тарбияро дар муҳити оила пайдо кунад, дар даври таълими томактабӣ завқ ва қобилияти ӯ намоён мегардад, салоҳияти ақлиаш инкишоф меёбад.
Аз ин рӯ, дар мамлакати мо соли 2017 Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардида, дар соҳаи таълими томактабӣ як қатор вазифаҳо мисли кор карда баромада, дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ, васеъ кардани соҳаи созмонҳои таълими томактабӣ, бо мутахассисони малаканок таъмин кардани соҳа муайян карда шуданд.
Дар давоми се соли гузашта фаъолияти вазоратро таҳлил намуда, дар соҳа пешравии эҳсосшавандаро мушоҳида кардан мумкин. Хусусан, фарогирии бачагони синни томактабӣ ду баробар зиёд шуд. Аз ҷумла, имрӯз ба низоми таълими томактабӣ 1 миллиону 459 ҳазору 301 нафар бача (дар соли 2017 - 708 247) ё 54 фоизи бачагони синни томактабӣ (дар соли 2017 - 27,7 фоиз), аз он ҷумла, 447 ҳазору 926 нафар, яъне, 70,9 фоиз бачагони синни 6 фаро гирифта шуданд.
Маълум аст, барои бачае, ки нахустин қадамҳои худро ба остонаи мактаб ниҳодааст, ҷараёнҳои дарс мумкин аст ҳам хастагии равонӣ, ҳам ҷисмониро ба вуҷуд оваранд. Ҳатто салоҳияти зеҳнии бачагон ва нишондоди азхудкунии онҳо дар дараҷаҳои гуногун мешавад. Дар ҳолати мазкур муаллим метавонад барои бачагоне, ки азхудкуниашон поёнтар аст, дарсҳои иловагиро пешниҳод намояд. Аммо шароитҳои молиявию иқтисодӣ дар ҳар як оила мавҷуд набудани ин гуна имкониятро нишон медиҳад. 
Бо мақсади бартараф кардани муаммо, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои бачагоне, ки оянда таълими ибтидоӣ мегиранд, лоиҳаи  нахустини Вазорати таълими томактабӣ бинобар ба таълими ибтидоӣ ҷорӣ кардани гурӯҳҳои тайёркунии яксолаи маҷбурии ройгон бо муваффақият амалӣ шуд.
Дар доираи лоиҳа дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Фарғона ва шаҳри Тошканд 494 гурӯҳ ташкил гардида, 11 ҳазору 103 нафар бача ба машғулиятҳои яксолаи таълими маҷбурӣ ҷалб карда шуданд.
Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд ривоҷ додани низоми тайёркунии маҷбурии яксолаи бачагон ба таълими ибтидоӣ» аз 9 марти соли 2020 қабул гардид. Мувофиқи қарор дар миқёси ҷумҳурӣ зина ба зина гузаштан ба таълими яксолаи маҷбурии умумӣ дар назар дошта шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифода аз маблағҳои буҷет вазорат бинобар ҷорӣ кардани шаклҳои муқобили гуногуни таълими томактабӣ фаъол кор мебарад. Дар асоси шарикии давлативу хусусӣ модели таълими муқобили шакли созмонҳои таълими томактабии оилавӣ амалӣ шуд. Ба ғайр аз ин, дар низоми таълими томактабӣ ба сифати гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат (гурӯҳҳои нимрӯзӣ) боз як шакли муқобили таълим ҷорӣ карда шуд.
Айни замон дар ҳамкорӣ бо созмони байналхалқии ЮНИСЕФ дар бораи ҷорӣ кардани шаклҳои муқобили таълими томактабӣ нақша кор карда шуда, мувофиқ ба он бо оғоз аз соли 2020 якчанд шакли муқобили таълими томактабӣ, аз ҷумла, озмоиши гурӯҳҳои  гуногунсин ва плей-гурӯҳҳо шурӯъ шуд.
Соли ҷорӣ барои бачагон бисёр лоиҳаҳои завқовари инноватсионӣ амалӣ шуданд. Хусусан, дар ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ ба воситаи автобуси «Isuzu HC 40» дар натиҷаи роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳои таълими томактабии сайёр таҳти унвони “Ақлвой” наздик ба 2 ҳазор нафар бачагоне, ки дар ҳудудҳои дурдаст истиқомат мекунанд ва пеш ба таълими томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, ба лоиҳа ҷалб гардиданд. Ба ғайр аз ин, бо мақсади таъмин кардани бехатарии тарбиягирандагони гурӯҳи сайёр ва шароити зарурӣ фароҳам овардан барои фаъолияти бозӣ 44 майдончаи бачагон, ки бо ҳамаи ҷиҳозҳои зарурии бозӣ ва маводи дидактикӣ таҷҳизонида шудаанд, бунёд ёфтанд.
Дар даври пандемия вазорат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии садову симои Ӯзбекистон бо мақсади ташкил кардани таълими барои бачагон судманд, ривоҷдиҳанда ва низомнок ба падару модарон ба сифати кумаки услубӣ барномаи «Онлайн болалар боғчаси» (Кӯдакистони бархати бачагон) кор карда шуд. Барнома лоиҳаҳои таълимии «Илк қадам» ва «Ақлвой»-ро дар бар гирифта, барои бачагон имкон медиҳад, ки дар шароити хона барномаи таълимиро давом диҳанд.
Барои тайёр кардани кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа низ корҳои амалӣ анҷом мегиранд. Аз ҷумла, бо ибтикори вазорат мувофиқ ба Консепсияи рушди низоми таълими томактабӣ эҳтиёҷи кадрҳои дорои дараҷаҳои бакалаврӣ ва магистрӣ муайян карда шуд. Дар баробари натиҷаи корҳои пешбурда бинобар самти «Таълими томактабӣ» квотаи қабул ба мактабҳои олӣ 2,5 баробар зиёд шуд. Дар Тошканд Донишгоҳи Пучони Куриёи Ҷанубӣ ифтитоҳ гардида, дар соли хониши 2019-2020 дар шуъбаи таълими томактабии он 784 нафар донишомӯз таҳсил гирифт.
Музди кори педагогҳои дорои тоифаи гуногун дар соли 2018 дар ду зина аз 43 то 70 фоиз зиёд карда шуд. Таъкид ба ҷост, ки музди кори педагогҳо то ин дам қариб 20 сол боз зиёд нашуда буд.
Бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан барои таълим, тарбия, ислоҳ ва ба ҷамъият мутобиқсозии бачагоне, ки дар рушди ҷисмонӣ ё ақлӣ нуқсон доранд, дар ҷумҳурӣ бо назардошти син, хусусиятҳои фардӣ, дараҷаи ривоҷёбӣ, саломатӣ фаъолияти созмонҳои таълими томактабии ихтисосонидашуда такмил дода мешавад.
Дар 148 созмони таълими томактабии ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ 971-то гурӯҳ ташкил карда шудааст. Дар 812 гурӯҳе, ки айни замон фаъолият дорад, 12 ҳазору 122 нафар бача тарбия мегирад, 3 ҳазору 422 нафари онҳо бачагони ногиро ҳастанд.
Дар доираи иҷрои қарори Девони Вазирон аз 30 сентябри соли 2019 “Дар бораи чорабиниҳои минбаъд такмил додани фаъолияти муассисаҳои таълими томактабии давлатии ихтисосонидашудаи шаҳри Тошканд” дар пойтахт 49 созмони таълими томактабии ихтисосонидашуда аз нав ташкил карда шуданд. Дар натиҷа фаъолияти 18 созмони таълими томактабии давлатии ихтисосонидашудаи бисёрсоҳаи дорои 2 ҳазору 370 ҷой ва 158 гурӯҳ роҳандозӣ шуд. 
Дар бобати ҳамкории байналхалқӣ ва ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ наздик ба 50 меморандуми ҳамкорӣ ва шартнома ба тасвиб расиданд. Айни замон бо ташаббуси вазорат бо Ҷумҳурии Куриё, Сингапур, Хитой, Ҷопон, Туркия, Полша ва Федератсияи Русия ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Бо созмонҳои пешқадами байналхалқӣ мисли ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, ЮНДАФ, Барномаи рушди СММ, садорати оид ба моддаҳои нашъаовар ва ҷиноятгарии СММ, JICA, KOICA, TICA, Бунёди таълими Туркия, Шӯрои Британия, Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ, БРО, Бунёди рушди Саудия ва институтҳои бонуфузи молия, “Россотрудничество” алоқаи мунтазам бурда мешавад.
Боз як масъалаи муҳиме, ки дар ташкилоти таълими томактабӣ эътибор доданро тақозо менамояд, ин ташкил кардани хӯрокхӯрии солим барои бачагон мебошад. Ходимони барои ташкил кардани хӯрокхӯрӣ масъул низ бояд, ки ба таври мунтазам дониш ва малакаи худро зиёд кунанд. Бо ин мақсад аз ҷониби вазорат семинарҳои хониш ташкил карда мешаванд. Барои таъмини хӯрокхӯрии мунтазами бачагон ва дар онҳо аз бачагӣ ташаккул додани одатҳои хӯрокхӯрии солим таҷрибаи беҳтарини дунёро ба ҳисоб гирифта, меъёрҳо ва қоидаҳои санитарии ташкили хӯрокхӯрӣ аз нав дида баромада мешавад. Дар ин ҷараён баробари мутахассисони тибби ватанӣ корбастҳои хориҷии ЮНИСЕФ ширкат мекунанд.
Умуман гирем, аксарияти волидайни даври ҳозира барои бачагони худ муҳим будани таълими томактабиро хуб мефаҳманд, дар баробари ин, мехоҳанд, ки ташкилотҳои таълими томактабӣ ҳамаи намудҳои машғулиятҳои барои бача заруриро фаро гирифта, дар онҳо тартиби рӯз босифат ташкил карда шавад. Самаранокии низоми таълими ташкилоти таълими томактабӣ дар қатори  омилҳои дигар бо ёд додани мулоқоти кушод бо аъзои оила ва ҷамъият, аз ҷониби бачагон ба сифати субъектҳои ҷудонопазири ҷараёни таълим ва тарбия ба таври мусбӣ қабул шудани падару модар, мураббӣ ва муаллим тавсиф карда мешавад. 
Вазорати таълими томактабӣ бинобар эътибор додан ба масъалаҳои мазкур, дар амалиёт татбиқ кардани лоиҳаҳои самарабахш бошиддат кор мебарад. Умед дорем, ки муваффақиятҳои дар давоми 3 сол ба дастовардашуда дар солҳои наздик бо суръати баланд меафзоянд.  Асосиаш ин ки бо баробар кардани фарогирии бачагон ва сифати таълиму тарбия, яъне зиёд шудани нишондодҳои фарогирӣ ба беҳбудии сифат ҳам ноил мегардем.

Агриппина ШИН,
вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: