ИСЛОҲСОЗИИ СОҲАИ АХБОР – ТАҚОЗОИ ДАВР

Асри XXI асрест, ки ахбор ва технологияи иттилоотӣ, захираҳои интеллектуалӣ, донишҳои замонавӣ ва баландтехнологӣ ба омили ҳалкунанда ва асоси рушди ҷамъият табдил ёфтааст.

Асри XXI асрест, ки  ахбор ва технологияи иттилоотӣ, захираҳои интеллектуалӣ, донишҳои замонавӣ ва баландтехнологӣ ба омили ҳалкунанда ва асоси рушди ҷамъият табдил ёфтааст.
Дар чунин давр нашр ва ба халқ расондани расонаҳои ахбори оммавӣ, бахусус, нашрияҳои даврии чопии муассисаҳои мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ, нақши муҳим дорад. Чопи нашрияҳо ва ба мардум расондани онҳо дар навбати худ ҳалли масъалаҳои назарӣ, илмиву амалӣ ва такмили механизми ҳуқуқии онро тақозо менамояд.
Моҳи майи соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба дастгирӣ ва рушди минбаъдаи нашрияҳои чопии даврии муассисаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» ба муҳокима гузошта шуд. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҳафт банд ва шаш банди хурд иборат буда, дар он вазифаҳо доир ба рушд ва ташкили хуби фаъолияти чунин нашрияҳо, тасдиқ намудани шумораи ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ бино ба штати корӣ, муайян намудани миқдори музди кори онҳо, ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби бунёдҳои ғайрибуҷавии мақомоти ҳокимияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои пардохти хароҷоти вобаста ба ҳаққи меҳнати онҳо, ба мақсади таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии таҳририятҳо, ҳангоми ҷамъбасти молиявии солона ба ҳисоби таҳририят гузоштани даромади софе, ки ба муассис дахл дорад ва таҳти назорат гирифтани истифодаи мақсадноки онҳо, баланд бардоштани малакаи ходимон ва сармуҳаррирони нашрияҳои даврии чопӣ, ташкил намудани гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат оиди ба роҳ мондани фаъолияти нашрияи электронии рӯзнома ва маҷаллаҳо ба миён гузошта шудааст. Ҷиҳати муҳими лоиҳаи қарори мазкур аз он иборат аст, ки дар он масъалаи мутахассисони нашрияҳои чопии даврӣ пеш гузошта шудааст.
Аз ҷумла, дар банди якуми лоиҳа қайд шудааст, ки «Ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунӣ, ки муассиси нашрияҳои чопии даврӣ мебошанд, бояд ба ташкили босифат ва рушди нашрияҳо эътибори алоҳида диҳанд», «Харитаи роҳ»-ро барои солҳои 2021-2022 доир ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, дастгирӣ ва рушди фаъолияти нашрияҳои мазкур, аз ҷумла, ташкили захираи журналист-мутахассисонро кор карда бароянд. 
Дар «Харитаи роҳ» вазифаҳои зерин: то 1 сентябри соли 2020 кор карда баромадан ва амалӣ гардондани вариантҳои электронии нашрияҳои чопии даврии мазкур; беҳтар гардондани вазъи моддии журналистони фаъол ва эҳтиёҷманд; пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии ходимон, дастгирии моддиву маънавии онҳо, аз ҷумла, рағбатноксозии онҳо бо роҳи тавсия намудан ба мукофотҳои давлатӣ; ҳар моҳ як маротиба баргузор намудани рӯзи рӯзномахонӣ дар маҳаллаҳо ва муассисаҳои давлатӣ бо ҳамкории Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои ҳудудии он; дар нашрияҳо ба роҳ мондани нашри ҳисоботи роҳбарони идора ва мақомоти давлатӣ ба депутатҳои шӯроҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии депутатҳои халқӣ ва ғайра пеш гузошта шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки вазифа ва қоидаҳое, ки дар лоиҳаи қарори мазкур ба миён гузошта шудааст, ба беҳтар гардондани ҳолати иқтисодӣ ва молиявии расонаҳои ахбори оммавӣ, бахусус рӯзнома ва маҷаллаҳои мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ, ба дараҷаи кофӣ кӯмаки амалӣ расондани муассисон барои таъминоти онҳо, қадр кардани меҳнати ходимон ва баланд бардоштани сифати нашрияҳои оммавӣ хидмат мекунад.

Ноила МУСТАФОЕВА,
муаллими калони кафедраи забономӯзии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: