ИСМАШ МУҚАДДАМ ҶИСМАШ МУКАРРАМ БУД

Дар байни ҳамдиёрону ҳамзамонони мо шахсони азизу муътабаре ҳастанд, ки ба ҳама гуна иззату ҳурмат сазовор мебошанд.

Занони сабуру ботоқат ва ҷасуру фидоии мо, ки дар набардгоҳҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон – солҳои 1941-1945 мардонавор ҷангидаанд, аз ин зумра мебошанд.
Оре, дуруст мегӯянд, ки мард дар майдон аз санҷиш мегузарад. Аслан аз азал иштирок дар ҷанг кори мардон будааст. Вале  дар таърихи кишвардории мо бо тақозои ҳаёт силоҳ дар даст дар майдонҳои ҷанг корнамоӣ нишон додани бонувон бисёр рух додааст. Қавми худро аз душманон озод кардани Тумариси афсонавӣ, савори асп бар рағми зулми хони бадандеш баромадани Ойгули ҷасур, ору номуси худро бо шамшери тез ва сипар ҳифз намудани Гулойим ва ғайра мисоли равшани гуфтаҳои болоист.
Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон тақрибан 500 нафар занони ӯзбекистонӣ низ бевосита дар набардгоҳҳои хунин иштирок карда, барои Ғалаба бар фашизм саҳми муносиб гузоштаанд. Аксарияти онҳо шифокорону ҳамшираҳо, тирандозону алоқачиён, лётчик, назоратгар, пулемётчиён будаанд. Тирандоз Зебо Ғаниева, шифокорон Муқаддам Ашрапова, Ҳанифа Муродова, Анвар Муҳаррамова, Собира Маҷидова, Фахринисо Рамазонова, хоҳарони шафқат Азиза Қаландарова, Мавҷуда Саматова, Манзура Мастонова, хоҳарон Мунира ва Розия Ғиёсоваҳо, Ҳикоят Муталова, Лутфияхон Юсупова, Раҳимахон Алимова ва бисёр дигаронро метавон номбар кард. Аз ин боис ин бонувони ҷанговар ва ҷасур дар байни халқ азизу муътабаранд, хотираи гузаштагон муқаддас ва қадри дар қайди ҳаёт будагон беқиёс аст.
Ҳангоме ки сухан дар бораи занони дар ҷанг ширкатварзида меравад, пеш аз ҳама номи Муқаддам Ашрапова ба забон меояд. Ин беҳуда нест.
Дар оилаи Саид Ашрафхон ва Ойимхонапа, ки дар маҳаллаи Ҷаркӯчаи шаҳри Тошканд – ибтидои асри бистум зисту зиндагӣ мекарданд, пасу пеш панҷ духтар ба дунё омаданд. Саид Ашрафхон аз ҷумлаи одамони зиёии даври худ буд, таърих, санъат ва адабиётро дӯст медошт, китобхонаи шахсӣ дошт, ки дар он асарҳои нодир ҷамъоварӣ шуда буданд. Бино бар ҳамин ҳам зиёиёни машҳуру маъруфи ҳамон давр ба ин хонавода зуд-зуд ташриф меоварданд.
Дар чунин як хонадони бомаънавияту бомаърифат соли 1919-ум Муқаддамхон ба дунё омад. Вай аз хурдӣ духтари хушзеҳн, фаъол, меҳнатдӯст ва хушсухан буд. Баъд аз хатми мактаби миёнаи нопурраи ба номи Улуғбеки маҳаллаашон ба факултаи коргарони назди Донишкадаи давлатии тиббии Тошканд (ҳоло Академияи тиббии Тошканд) дохил шуд. Соли 1936-ум таҳсилро хатм намуда, ба сафи толибилмони ин донишкадаи олӣ ворид гардид. Даврони донишҷӯӣ, ки онро даврони тиллоӣ низ меноманд, бо омӯзишу хониши муттасил, пухта азхуд кардани касби интихобкарда, афзудани донишҳои амаливу назарӣ ва тадқиқоти илмӣ зуд гузашт.
Оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон чун тамоми мардуми кишвар Муқаддамро низ ба ташвиш гузошт. Дар ҳама ҷо сафарбарии ногаҳонӣ оғоз ёфт. Онҳо се-чор нафар дугонаҳо низ аҳд карданд, ки ба комиссариати ҳарбӣ мераванд ва барои ба майдонҳои ҷанг рафтан иҷозат мегиранд. Вале роҳбарони комиссариати ҳарбӣ ба дугонаҳо маслиҳат доданд, ки дар ақибгоҳ кору хидмат кунанд. Муқаддам бо роҳхати комиссари халқии нигаҳдории тандурустӣ ба ноҳияи Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардид. Вай дар ин ҷо барои табобати бемороне, ки солҳои 1941-42 бино бар паҳн шудани касалии вараҷа азият мекашиданд, хидмат кард ва ҷонбозӣ нишон дод. Дар ин ҷо ҳам аз комиссариати ҳарбӣ барои ба набардгоҳ рафтан рухсат пурсид. 
– Ниҳоят моҳи феврали соли 1943 бо баҳонаи он ки барои таҳсил ба Маскав меравам, дар сафи ихтиёриён ба ҷанг равона шудам, – навиштааст дар хотираҳояш Муқаддамхон Ашрапова. – Танҳо баъд аз он ки аз фронт ба оилаамон мактуби секунҷа расидааст, аҳли хонавода аз дар ҷанггоҳҳо будани ман хабардор шудаанд. Падари шодравонам ба ҷойи коҳиш ба ман номаҳои бисёр аҷиб менавиштанд, баъди хондани онҳо дилам бардошта мешуд, қуввату нерӯ мегирифтам.
«Хуб кардӣ, духтарам, писар надорам гуфта, ғам мекашидам. Акнун ту ҳам духтар ва ҳам писарам ҳастӣ. Мард шав, амон бош!» сабт мешуд дар анҷоми ҳар мактуб.
Ман дар ҷангҳои шаҳри Брянск, фронтҳои шимолу ғарбӣ, набарди назди Курск, фронтҳои як ва чоруми Украина ҳамчун ҷарроҳ хидмат кардам. Ҳамроҳи ҷанговарон дар майдонҳои ҷанг шуда, рӯзе то 200 ҷарроҳиро мегузаронидам, хасташавиро намедонистам...
Муқаддам Ашрапова, ки ҳаёти худро зери хатар гузошта, барои ҳифз кардани умри халоскорон ва аз нав ба ҳаёт баргардондани онҳо хидмат кардааст, моҳи июли соли 1945 дар қатори ғолибон ба Ватани азизаш – ба шаҳри Тошканд баргашт. Дар ҳамон донишкадаи тиббие, ки таҳсил дошт, ба кор даромада, зери назари устодаш М.Астров фаъолият бурд. Вай аввал дар клиникаи ҷарроҳӣ ҳамчун ординатор, аз соли 1947 бошад, дар вазифаи ассистенти кафедра кор кард, донишҳои илмиву назарӣ ва таҷрибаи ҳаётии худро ба донишҷӯён омӯзонид. Соли 1953 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Баъзе дигаргуниҳои биокимиёвӣ ҳангоми шикаст ёфтани мағзи сар» бомуваффақият ҳимоя карда, номзади илмҳои тибб, сонитар дотсент шуд. Муқаддам Ашрапова ба сифати устоди моҳири касби худ пажӯҳишҳои илмиашро идома дод ва соли 1964 рисолаи  доктории худро бино бар мавзӯи «Ташхиси синдроми гипертензия ва табобати он» дифоъ намуда, доктори фанҳои тибб, профессор гардид. Олима фаъолияти илмиву амалӣ ва омӯзгориву педагогии худро якҷо бо корҳои ташкилотчигӣ идома дод, вай солҳои 1966-1975 мудири кафедраи стоматологияи  Донишкадаи давлатии тиббии Тошканд, аз соли 1975 мудири кафедраи факултаи ҷарроҳӣ ва декани он кор карда, дар байни халқи кишвар соҳибобрӯ гардид. Дар ин байн беш аз 150 мақолаи илмӣ, тақрибан 10 рисола ва барои донишҷӯён дастурҳои илмии оид ба ҷарроҳии умумиро интишор намуд. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 10 нафар номзад ва докторҳои илм шуданд. Хулоса, устод ва омӯзгори муҳтарам Муқаддам Ашрапова аз худ номи нек гузошт. Ӯ нафақат ҳамшираи босадоқат, дӯсти фидокору ҷонсӯз, балки модари меҳрубон, момои мушфиқ низ буд. 
Соҳиби унвонҳои баланди «Ходими хидматнишондодаи тибби Ӯзбекистон», «Арбоби илми Ӯзбекистон», барандаи ордени «Соғлом авлод учун», Муқаддам Ашрапова баъд аз ба нафақа баромадан солҳои дароз муовини раиси Шӯрои марказии Бунёди дастгирии иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний» буд. Вай дар ҷамъоварӣ ва нашри китоби бисёрҷилдаи «Хотира», ки ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Ӯзбекистон бахшида шудааст, фаъол иштирок кард.
Алғараз, Муқаддам Ашрапова, бешубҳа, файзу шукӯҳ ва зебу ҳусни ҳама гуна маҳфилу давраҳо буд. Ба мусиқӣ, рақс ва таронахонӣ завқи зиёд дошт, дутор менавохт, ҳангоми иҷрои оҳангҳои машҳури «Муноҷот», «Тановар» ва ғайра товусвор мерақсид.
Таассуф, ки 22 майи соли 1999 марги бешафқат зани оқилаву доно, инсони самимиву серғайрат – Муқаддамхон Ашраповаро аз байни мо рабуд. Вале ин бонуи азизу муборак, ки исмаш Муқаддам буду ҷисмаш мукаррам, роҳи ҳаёти ӯ, корҳои хайраш барои ҳифзи сиҳҳату саломатии халқамон, ҳамчунин баҳри гул-гулшукуфии Ватанамон дар қалбҳоямон абадӣ боқӣ хоҳанд монд.

Искандар РАҲМОН,
узви Иттиҳоди нависандагон ва Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: