ИСРОФ ГУНОҲИ КАБИР АСТ

Вақтҳои охир бобати гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ дар тӯй ва тантанаҳои оилавӣ, ба тартиб андохтани маросимҳои дафн чорабиниҳо андешида шуда, дар ин самт таклифу тавсияҳои солими аҳолӣ ба назари эътибор гирифта мешавад. Зери ниқоби расму одат реша давондани ин иллат, албатта, ҷомеаро ба ташвиш мегузорад.

Тӯйи арӯсӣ, хатнатӯй ва дигар тадбирҳои оилавӣ дабдабанок сурат гирифта, мусобиқаро ба хотир меоранд. Дабдаба дар маъракаҳо, дар асл, аз нишондодҳои дини мубини ислом хеле дуранд, зеро дар онҳо такаббуру манманӣ ба зуҳур омада, роҳ гузоштан ба убол, хунукназарии авомона нисбати неъматҳое, ки Худованд ато кардааст, ба назар мерасанд.
Дар Қуръони азимушшаън касоне, ки исрофкорӣ меварзанд, сахт сарзаниш гаштаанд: «Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, зеро Ӯ (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад». (Сураи «Аъроф», 31).
Сад афсӯс, ҳоло бо нияти хайр дастархон кушода, ба мардум ош медиҳему ба қадри нозу неъмате, ки бо машаққат дарёфт кардаем, нарасида, ба исроф шудани онҳо роҳ медиҳем. Маросимҳо воситаҳоеанд гӯё, ки бо онҳо имкониятҳои худро ба намоиш мегузорем. 
Худованди мутаъол ин гуна касонро аз имон маҳрум ҳисобида, ба риёкороне баробар кардааст, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат боварӣ надоранд.
Ҳукми Яздони пок дар ин маврид чунин мебошад:
«... Ва (Худованд) дӯст надорад  касонеро, ки амволашонро барои намоиш пеши чашми дигарон мебахшанд (мехоҳанд чунин нишон диҳанд, ки сахӣ ва бахшандаанд) ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоранд» (сураи «Нисо», 38). 
Ҳадиси зерини ҷаноби Пайғамбар (а.с.) низ дар ҳамин боб аст: «Бихӯред, садақа кунед ва бипӯшед бидуни исрофкорӣ ва мумсикӣ».
Дар ҳама маврид меъёр афзал аст. Чӣ тӯй ва чӣ азо, ба маъние, маъракаҳои хайр буда, мутасаддиёни ин кор хуб мешуд меъёрро фаромӯш накунанд. Дар акси ҳол, тавре ишора рафт,ба ҷои соҳиб шудан ба савоб ба рӯи худ кушодани дарҳои гуноҳ муқаррар ва ин ба ҳар як инсоне, ки ақли солим дорад, сир нест.
Модоме сарватманд ҳастем ва ба харҷҳои калон қодирем, ҳазору як воситаи савобгирӣ мавҷуд. Дар мо оилаҳои камтаъмин ё шахсони муҳтоҷ каманд? Беморҳое зиёданд, ки бинобар нарасидани маблағ ба муаммо ва душвориҳо рӯ ба рӯ буда, солимӣ барқарор карда наметавонанд. Намешавад қисме аз харҷҳои касношунидро ба дорувор ё муолиҷаи ниёзмандон равона созем?
Яке аз амалҳои накӯ – гирифтани дуо ва осон гардондани мушкили шахсони муҳтоҷ аст. Чунин амалро Парвардигор низ писандида, ба яки онҳое, ки бағараз харҷ ва дили дармондагон меёбанд, аз хонаи ғайбаш сад медиҳад. 
Тӯй ва маъракаҳо бояд камхарҷ, оддӣ ва сермазмун бошанд. Танҳо худбин, худписанд ва шахсони маънавияташон хароб анъанаҳои некро вайрон сохта, ба дабдаба ва исроф роҳ медиҳанд.
Мақсад аз тӯйи арӯсӣ, воқеан, никоҳи шаръиро ба омма эълон кардан бошад, мурод аз тӯйи хатна (ақиқа) як ҷондорро забҳ карда, шукронаи Худо ба ҷо овардан аст.

Зиёвиддин СОИЛОВ, 
имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Даврон ҳоҷӣ»-и ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: