...Мувофиқи ҳолати соли 2023 ба ҳисоби миёна 735 миллион нафар аҳолии рӯйи замин аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашанд. Маҳз дар чор соли охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, пандемияи коронавирус ва низоъҳои гуногун шумораи гуруснагон дар ҷаҳон 122 миллион нафар зиёд шудааст...
Рӯзи истироҳатӣ партову пасмондаҳои гӯшаву канори ҳавлиро дар борхалтаҳо ҷамъ карда, партовхона бурдам. Марде, ки бо оилаи худ дар хонаи хурдакаки шафати партовхона мезист ва барои тозагии гирду атрофи он масъул буд, аз даруни қуттии партов чизеро чида, ба борхалта меандохт. Салом дода, ҳол пурсидам. – Раҳмат,– хиратабъ гуфт мард. – Хидматҳои шумо шоёни таҳсин аст,– гуфтам.– Аз бозе, ки кӯчида омадед, ҳамеша атрофи партовхона тоза. Кам нашавед. – Кори мо ҳамин,– хоксорона ҷавоб дод. – Лекин гоҳ ҳамин кор ҳам малол меояд. – Чаро? Ягон мушкил ҳаст? – бо тааҷҷуб пурсидам. – Муаммо дар кор не, дар одамон, – гуфт ва даҳони борхалтаи худро кушода илова кард: – Ин нонҳоро бинед, – чанд пораи калони нонро аз борхалта гирифт. – Чӣ қадар одамон ба нонреза зору баъзе одамон нон камтар сахт шавад, ба партов мепартоянд. Дар селофани алоҳида гиранд ҳам дарди ба хайр, дар даруни пӯсту пӯчоқу ахлот меандозанд. Ҳамин ношукриҳоро дида, кайфият расво ва аз кор кас дилсард мешавад, – оҳ кашид мард. – Ҳа, – андешамандона гуфтам ва халтаҳоро гузошта, хона баргаштам. Роҳ ба роҳ дар бораи исрофкориҳои мардум фикр кардам ва ҳамин андешаҳо водор кард, то дар ин мавзӯъ матолибе омода кунам. Ҳамасола беш аз 1,3 миллиард тонна маҳсулот исроф мешавад Аввалин саволе, ки ба сарам зад, ин буд: ҳоло дар ҷаҳон чӣ миқдор одамон аз гуруснагӣ ва норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ азият мекашанд? Барои ҷавоб дарёфтан сар ба шабакаҳои иҷтимоӣ задам. Интернет дар як лаҳза ҳазорон маълумотро пешкаш кард, ки дар байни онҳо эътимодноктаринаш маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ буд. Бино ба маълумоти ин созмон дар 50 соли охир бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи зарурӣ истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ қариб 300 дарсад афзудааст. Новобаста аз ин, мувофиқи ҳолати соли 2023 ба ҳисоби миёна 735 миллион нафар аҳолии рӯйи замин аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашанд. Маҳз дар чор соли охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, пандемияи коронавирус ва низоъҳои гуногун, шумораи гуруснагон дар ҷаҳон 122 миллион нафар зиёд шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон қисми зиёди маҳсулоти истеъмолӣ исроф мегарданд ва ба партов табдил меёбанд. Аз рӯйи маълумоти Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан 4 миллиард тонна хӯрокворӣ истеҳсол шуда, сеяки ин маводи ғизоӣ, яъне беш аз 1,3 миллиард тонна маҳсулот исроф мегардад. Дар натиҷа, ҳамасола иқтисоди ҷаҳонӣ як триллион доллари амрикоӣ зарар мебинад. Ба худ андешидам, ки ин маблағ андак нест ва наход мамлакатҳои ҷаҳон бобати пешгирии исрофкорӣ чорае намеандешанд? Таҷрибаи ҷаҳон дар пешгирии исрофкорӣ Пойбанди чунин андешаҳо аз интернет ба дархости «Таҷрибаи ҷаҳон дар пешгирии исрофкорӣ» маълумот ҷустам. Дар натиҷа маълум гашт, ки ҳоло аксар давлатҳо бар зидди исрофкории маводи хӯрокворӣ бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд. Масалан, 29 апрели соли 2021 парлумони кишвари пуриқтидор ва рушдкардаи Чин қонунро «Дар бораи мубориза бо истифодаи исрофкоронаи маҳсулоти ғизоӣ» ба имзо расонид. Инчунин, дар Чин мунтазам маърака (аксия)-и «Табақчаи тоза» гузаронида шуда, дар доираи он одамон таоми худро пурра хӯрда, табақчаи тозаро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ мегузоранд. Дар Тоҷикистон низ Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гардидааст, ки маҳз барои пешгирии исрофкориҳо дар маросимҳои милливу динӣ ва кам кардани хароҷоти беҳуда нигаронида шудааст. Инчунин, дар Қазоқистон Платформаи фудшеринг ташкил гардида, мунтазам ба аҳолии камбизоат маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда мешавад. Дар кишварҳои Аврупо низ дар ин самт чорабиниҳои муҳим андешидаанд. Дар Дания барномаи махсуси Too Good To Go-ро ба кор андохтаанд, ки дар бораи маҳсулоти боқимондаи тарабхона ва супермаркетҳо маълумот медиҳад ва аз барномаи мазкур 11 кишвари Аврупо истифода мебаранд. Дар Фаронса аз моҳи июни соли 2021 сар карда, тамоми корхонаҳои хӯрокхӯрии умумии ин кишвар ӯҳдадор гардиданд, ки хӯрокҳои боқимондаи мизоҷонро дар пакетҳои махсус ба онҳо диҳанд. Бихӯред, бинӯшед, вале исроф накунед... Дар ҳақиқат, мафҳуми исрофкорӣ доираи васеъро фаро мегирад ва ҳоло ба яке аз мушкилоти иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар ин маврид дар дини мубини Ислом низ ҳадису ривоятҳои зиёд мавҷуданд. – Аз исрофкорӣ бояд эҳтиёт шуд, – гуфт муовини раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Зайниддин Эшонқулов. – Дар сураи Аъроф ояти 31-уми Қуръони Карим Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд, ки «Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, зеро Ӯ (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад». Чӣ чизеро исроф кунем, он ҷавобгарӣ дорад. Бахусус, солҳои охир мардуми мо дар маъракаву маросим, тӯю тантанаҳо дабдабаи барзиёд, манманиву худнамоӣ намуда, ба исрофкориҳо роҳ медиҳанд. Агар мо аз исрофгарӣ худдорӣ карда, маблағи барзиёди худро ба корҳои хайр сарф кунем, савоби бештар мегирем. Воқеан, борҳо шунидаем ва шоҳид шудаем, ки баъзе оилаҳо дар базмгоҳҳои қимат тӯю маросимҳои дабдабадор гузаронида, танҳо барои дастархон маблағи бисёр сарф мекунанд ва дар натиҷа қарздор шуда, бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ меоянд. Афсӯс, ки пас аз тӯйи 2–3 соата аксар нозу неъматҳо дар рӯйи дастархон мемонанд. Бино ба маълумоти Хидмати матбуоти Садорати андози давлатии вилояти Самарқанд ҳоло дар ин вилоят 1392-то маскани хӯрокхӯрии умумӣ, 81-то қаҳвахона, 169-то ресторан ва 39-то тӯйхона фаъолият доранд. Ин миқдор танҳо дар як вилоят аст ва тахмин кардан мумкин, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда чанд маротиба зиёд мебошад. Имрӯзҳо мо ба кадом ошхона, ресторан ё ки қаҳвахона равем, одам бисёр. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамарӯза дар ин ресторану тарабхонаҳо чӣ қадар маҳсулот исроф гардида, аз қуттии партов ҷой мегиранд ё озуқаи чорво мешаванд? Ғайр аз ин, соле пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи дар як рӯз ба партов партофтани беш аз 2 тонна нон дар шаҳри Тошканд хеле муҳокима гардида буд, ки воқеан боиси нигаронӣ аст. Аз ин рафтори мардум хулосае бармеояд, ки мо сер шудем ва акнун нонро ҳам пеши по мезанем. Ва ҳамзамон саволи барҳақ пайдо мешавад: оё дар кишвар бобати пешгирии исрофкорӣ ягон чора андешида шудааст? Дар қонунгузорӣ барои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст? Барномаи «Истеъмоли оқилона» кай таҳия мегардад? Вақте бо ин савол ба шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кардем, маълумоти аҷибе пеш омад. 31 майи соли 2023 Қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкили самарбахши фаъолияти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим» имзо гардидааст. Мувофиқи қарор дар назди вазорат вазифаи то 1 июли соли 2023 таҳияи барномаи «Истеъмоли оқилона» гузошта шудааст ва татбиқи тавсияҳои Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бобати кам кардани партовҳои озуқаворӣ ва пешгирии исрофкории аз ҳад зиёд чун вазифаи асосии барнома муқаррар гардидааст. Инчунин, бо қарор масъулон вазифадор шудаанд, ки дар рафти омодасозии барномаи «Истеъмоли оқилона» ба масъалаҳои зерин эътибор диҳанд: – муқаррарсозии меъёри оқилонаи истеъмоли хӯрокворӣ дар чорабиниҳое, ки мақомоти давлатӣ ташкил мекунанд, кам кардани истеъмоли зиёдатӣ, аз ҷумла муайян кардани меъёри хӯроки якмаротибаина барои як нафар; – нисбати маҳсулоти хӯрокворӣ баланд бардоштани масъулияти тадбиркорон ва истеъмолкунандагон дар соҳаи хӯроки умумӣ; – ташаккул додани одатҳои дурусти хӯрокхӯрӣ дар байни аҳолӣ ва пешгирии исрофкории зиёдатӣ, инчунин, маҳдуд кардани тарғиби истеъмоли аз ҳад зиёд; – андешидани чораҳои молиявӣ нисбат ба шахсоне, ки ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, инчунин, роҳандозии механизми назорат. Мо бо мақсади дарёфти ҷавоб ба саволҳои «Оё барномаи «Истеъмоли оқилона» таҳия гардид? Дар доираи барнома чӣ гуна корҳо амалӣ шуданд?» ба масъулони Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим муроҷиат кардем. – Бо мақсади таъмини иҷрои қарор ва вазифаҳое, ки дар он муқаррар гардидааст, аз тарафи Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим лоиҳаи қарор «Дар бораи тасдиқи барномаи «Истеъмоли оқилона» («Save food»), ки барои кам кардани партовҳои ғизо ва пешгирии исрофкории зиёдатӣ дар соҳаи хӯроквории умумӣ» таҳия гардид ва ҳоло бо 14 вазорату идораҳои дахлдор созиш карда мешавад, — гуфт мутахассиси вазорат Нӯъмонҷон Шокиров. – Дар семинаре, ки 25 июни соли 2024 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби намояндагии Созмони озуқа ва кишоварзӣ дар Ӯзбекистон бобати кам кардани партовҳои хӯрокворӣ ва пешгирии исрофкорӣ гузаронида шуд, мутахассисони вазорат иштирок карданд ва пешниҳоди тақдими имтиёзҳоро ба корхонаҳое, ки хайр мекунанд, ба миён гузоштанд. Ғайр аз ин, коршиносони вазорат тавассути васоити ахбори омма дар мавзӯъҳои пешгирии исрофкориҳо баромад намуда, таваҷҷуҳи мардумро ба ин масъала ҷалб мекунанд. Аз гуфтаҳои мутахассиси вазорат аён мегардад, ки аз байн беш аз як сол гузашта бошад ҳам, то ҳол барнома тасдиқ нашудааст. Умед дорем, ки вазоратҳо дар тасдиқи барнома зудтар ба созиш мерасанд ва барномаи «Истеъмоли оқилона» дар амал татбиқ гардида, иҷрои он бобати ташаккули маданияти истеъмоли маҳсулот ва пешгирии исрофкориҳо мусоидат мекунад. Исрофкориро маломат мекунем, аммо... Дар зарбулмасале «Исроф накӯ нест ба ҷуз дар амали хайр» омадааст. Воқеан, имрӯз бо касе суҳбат накунем, исрофкориро чун одати бад маломат карда, таъкид мекунанд, ки «мо бояд шукргузору сарфакор бошем, исрофкорӣ накунем». Аммо гоҳо худи ҳамин шахсони «сарфакор» ба гуфтаҳои худ амал намекунанд. Хулоса, фурсате расидааст, ки бобати пешгирии исрофкорӣ, ба тартиб андохтани тӯю маросимҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва моддӣ, ташаккули маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ чорабиниҳо андешида шавад. Дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои намояндагони пешқадами ҷомеаро шунида, бобати пешгирии ин иллати иҷтимоӣ барномаҳои муфид роҳандозӣ ва корҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем барои насли оянда ҳаёти хушбахтонаро таъмин созем ва онҳоро аз хатари ҷаҳонии гуруснагӣ ва иллати исрофкорӣ эмин нигоҳ дорем.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД, мухбири «Овози тоҷик».