Исроил ба дастгоҳи лазерии ҷангии "Шуои оҳанин" фармоиш дод

Вазорати дифои Исроил барои таҳвили системаҳои дифои лазерии зидди ҳавоии Iron Beam ба маблағи 2 миллиард шекел (тақрибан 535 миллион доллар) қарордод имзо кардааст.

Дар ин бора идораи низомии давлати яҳудӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи системаи пуриқтидори дифои ҳавоии лазерӣ аз замин бар зидди тирҳои миномётӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои гуногун меравад. Таҳиягарони асосии он Rafael Advanced Defence Systems ва Elbit Systems мебошанд, хабар медиҳад oxu.az.

«Шуои оҳанин» як дастоварди технологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Қобилияти аҷиби боздоштани он дар як қатор таҷрибаҳо собит шудааст... Система ҳамчун илова ба "Гунбази оҳанин" ба системаи мудофиавии бисёрсатҳӣ муттаҳид карда мешавад", гуфта мешавад дар гузориш.

Директори генералии Вазорати дифо Эял Замир гуфт, ки аввалин дастгоҳҳои заминии системаи дифои лазерии ҳавоӣ соли 2025 ворид мешаванд. «Ин созишнома давраи нав — давраи системаи мудофиаи лазериро нишон медиҳад, - гуфт ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: