Исроил Мадримов аз Кроуфорд аз ҳисоби хол мағлуб шуд

Дар Лос-Анҷелеси ИМА, қаҳрамони WBA дар тоифаи вазни суперниммиёна Исроил Мадримов ва амрикоӣ Теренс Кроуфорд ба ҳам қувва озмуданд.

Дар ин баҳс муштзани 29-солаи Ӯзбекистон бояд камарбанди WBA-и худро ҳимоя мекард ва камарбанди WBO Interim низ дар миёна гузошта шуд.

Пеш аз мубориза, Теренс Кроуфорд пешвои рейтингт «Pound-for-pound» ҳисобида мешуд. Вай дар 40 набард дар бокси профессионал 40 ғалаба ба даст овардааст. Устоди дастпӯшакҳои чармӣ Кроуфорд, ки лақаби мағлубнашавандаро гирифтааст, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, соҳиби камарбанди WBC ва WBA буд.

Исроил Мадримов барандаи камарбанди WBA дар вазни суперниммиёна дар бокси касбӣ аз 10 қувваозмоӣ 9-тоаш пирӯз шудааст ва танҳо як қуввааш дуранг анҷом ёфтааст. Ӯ 7 ҷангро бо нокаут анҷом додааст.

Пас аз 5 даври аввали мубориза, таҳлилгарони мустақил бартарии Исроилро бо ҳисоби 3:2 аз рӯи холҳо сабт карданд, аммо аз даври 6-ум Кроуфорд раундҳоро ба фоидаи худ ҳал кардан гирифт. Бо вуҷуди ин, Мадримов 12 раунд бо ҳарифаш баробар мубориза бурда, як қатор зарбаҳои равшану пурзӯр зад. Аммо бо қарори доварон бартарӣ ба муштзани мизбон дода шуд ва ӯ аз рӯи холҳо пирӯз шуд. Ба ин тартиб, Мадримов дар набарди 11-умаш шикасти аввалинро ба даст овард ва Теренс дар 41-умин қувваозмоӣ пирӯз шуда, дар 4 вазн қаҳрамони ҷаҳон шуд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: