Дар соли гузашта қариб даҳяки ӯзбекистониён дар Қирғизистон меҳмон гаштаанд.
Ин аз мавҷи умумии сайёҳоне, ки аз хориҷ ба ин ҷумҳурии ҳамсоя меоянд, аз ҳама бештар аст.
Бо назардошти афзоиши фавқулодда зиёди сайёҳон ба ҳамсоядавлат аз Ӯзбекистон дар мавсими авҷи сайёҳӣ – фасли тобистон роҳандозии нақлиёти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла аз охири моҳи ҷорӣ то аввали сентябр ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як дафъа парвози «Тошканд – Томчӣ (Иссиқкӯл) – Тошканд»-ро ба роҳ гузоштан мехоҳад, ки ин сайёҳонро бевосита ба Иссиқкӯл мерасонад. Дар тақдимоте, ки ба ин муносибат бо номи «Иссиқкӯл – 2019» барпо гардид, гуфта шуд, ки аз ин хати парвоз соли 2017 беш аз ҳазор нафар ҳамватанонамон истифода бурдаанд.
Бинобар маълумоти Саридораи сайёҳии Вазорати маданият, ахбор ва сайёҳии Қирғизистон, соли 2017 аз рӯи таснифи Ташкилоти сайёҳии ҷаҳон (СММ) аз Ӯзбекистон 380 ҳазор нафар ба Қирғизистони ҳамсоя сафар намудааст. Ва соли гузашта ин миқдор ба таври фавқулодда то ба 3 млн. нафар расидааст.
– Ҳамаи инро ба инобат гирифта, мо ба нақша гирифтем, ки дар хатҳои гуногуни минтақаҳои мамлакатҳоямон нақлиётҳои заминиву ҳавоӣ ва роҳи оҳанро ҷорӣ намоем. Аз ҷумла дар баробари омода намудани ҳаракати поезд аз рӯи хати «Тошканд – Бишкек – Балиқчӣ – Бишкек – Тошканд» дар бобати тезондани тафтиши сарҳадӣ низ кор мебарем. Дар хати «Тошканд – Бишкек – Чулпон-ато (Иссиқкӯл)» роҳандозии ҳаракати автобуси мавсимӣ, хатсайри ҳавоии «Ӯш – Тошканд – Ӯш» ва ҳаракати байналхалқии автобус байни Ӯш – Андиҷон ва Ӯш – Фарғона низ дар мадди назар аст, – мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Қирғизистон дар Ӯзбекистон Иброҳим Ҷунусов.
Т.МИРҲАЁЕВ.