ИСТЕЪДОД АЗ ЗАҲМАТ САЙҚАЛ МЕЁБАД

Ҳомит Орипов, устоди саҳна ва актёри драмаи театри мусиқию драмавии вилояти Сурхондарё 20-уми июли соли 1956 дар мавзеи Шӯрсойи ноҳияи Бойсун чашм ба дунё кушодааст

Пас аз хатми мактаби зодгоҳ соли 1972 ба Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд дохил шуда, ин даргоҳро соли 1977 бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм кард. Дар сафи Неруҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст, то соли 2018 дар Театри мусиқавию драмавии вилояти Сурхондарё ба сифати актёр, директори театр, солист-вокалисти тоифаи олӣ, актёри тоифаи олии театр кору фаъолият кард. Аз соли 2018 ба ин сӯ устоди саҳна ва актёри драмаи театри мусиқию драмавии вилояти Сурхондарё мебошад. Дар муддати чилу чор соли ҳузур дар саҳнаҳо ҳудуди 100 нақшро бозида, ба маҳбубияти тамошобинон мушарраф гаштааст. Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, соҳиби нишони сарисинагии «30-солагии Иқтиқлол» мебошад.
Суҳбати хабарнигори «Овози тоҷик» бо ин марди фарҳангӣ ва ҳамеша дар такопӯй бо суоли зер оғоз гардид.
– Зиёдтар аз 100 нақши асосии песаҳоро бозидан ба ҳар актёр насиб намекунад. Ин амал заҳмату машаққати фаровонеро тақозо месозад ва албатта, ба истеъдоди худододии актёр вобаста бошад. Пас, шумо ҳам соҳиби чунин истеъдоде ҳастед?
– Бузургон дар як ақида қоиланд: – Худованд ба ҳар бандааш як дарсад истеъдод ато мекунад. Боқӣ наваду нӯҳ дарсадашро худи кас дар бадали машаққат ва ранҷҳои фаровон соҳиб мегардад. Ин ҷониб ҳам то сайқал ёбам, басо ранҷ бурдаам. Пайваста омӯхтанҳо, муттасил тамрин карданҳо, шабҳои бедорхобӣ... эҳ, чӣ қадар азоб кашидаам, танҳо Парвардигор шоҳид. Агар зиёда сайқал бидиҳӣ, санги одии қади кӯча ҳам чун лаъл ба ҷило меояд. Рост, аммо мақоми лаълро нахоҳад гирифт. Ин ҷо муроди ман он аст, ки шахси эҷодкор набояд аз заҳмат битарсад.
– Оё заҳмати актёри театр имрӯз ба таври дилхоҳ қадр мешавад?
– Мо натиҷаи меҳнати худ, ҳусну қубҳи онро дар чашмони аз фараҳ лабрез, ё нигоҳи сарду берӯҳ ва ба истеҳзои тамошобинон мебинем. Вақте намоишнома поён меёбад, мо дар саҳна саф мекашем ва барои он ки тамошобин вақти қимати худро дареғ надошта, ба дидани асари саҳнавии мо меояд, таъзим мекунем. Ин лаҳза бисёр лаҳзаи нотакрор аст. Агар асар аз дили тамошобинон ҷой гирифта бошад, чунон кафкӯбӣ ва хушнудӣ мекунанд, ки мо худро дар осмони ҳафтум тасаввур мекунем. Магар аз ин баланд мукофоте ҳаст?!
– Дар ҳаёти берун аз театр-чӣ? Мардум ба шумо чӣ навъ бархӯрд мекунанд?
– Дӯстамон медоранд. Мо гули сари сабади анҷуманҳо, маъракаҳои рӯзи шодии мардум ҳастем. Аммо аҳли тақво ҳунари моро хуш надоранд. Мегӯянд, ки дар назди дину диндорон пешаи мо манзалате надорад. Чӣ илоҷ, панҷ ангушт баробар нест. Аммо мо гила надорем. Бо офаридани образҳо симои шахсиятҳои таърихиро дар байни мардум тарғиб мекунем, аз хидмати онҳо дар назди ватан, миллати азизамон мегӯем, қаҳрамонҳои асарҳоро, ки таҷассумгари хислатҳои неки инсонӣ ҳастанд, тарғиб мекунем. Бо намоиш додани образҳои шахсони бадкирдор ба одамон мефаҳмонем, ки кадом амал савобу равост, кадомӣ гуноҳу мубост. Хуллас, тамошобин шоҳиди муборизаи образҳои хайру шар шуда, худ ба хулосае меояд, ки ҷонибдори кадом қуввае бошад. Мо ҳам дар маҷмӯъ тарбиятгари ҷомеа ҳастем.
– Фаъолияти кории шуморо ба ду бахш метавон ҷудо кард: – то истиқлол ва баъди он. Кадом давраро бештар меписандед?
– Замони истиқлолро! Дар ин давра имконоти мо васеътар гашт. Бештар рӯйи асарҳое кор мебарем, ки ба худшиносӣ ва худогоҳии миллии мо рабт доранд. Аммо мо фарзандони замони пеш аз истиқлол ҳастем ва ҳунари актёриамон дар он замонаҳо сайқал ёфта, бо таҷрибаи бойе вориди марҳилаи нави эҷод гаштем.
– Чаро маҳз актёри соҳаи театр шудед? Кино беҳтар набуд?
– Ҳаёти театр дигар аст. Ин ҷо актёр бо тамошобин чашм бар чашм сӯҳбат мекунад, дар назди мухлисони бешумори худ нақш офаридаву рӯҳияи онлаҳзаинаи онҳоро ҳис мекунад. Аз имову ишора, гиряву ханда, баъзан ҳатто аз носазои нохост аз забони онҳо берун омада мефаҳмад, ки нақши бозидааш ба тамошобин чӣ қадар таъсир кардааст. Актёр дар ҷилди қаҳрамон ҷой гирад, нақшаш муассир мебарояд. Дар замони донишҷӯӣ чандин маротиба барои иҷрои эпизодҳои ин ё он филм ширкат кардаем, аммо ба ман театр бештар писанд омад ва бо гузашти солҳо ҳанӯз ҳам дар ҳамин ақида устувор ҳастам. 
– Кадом нақшҳоро хуб иҷро кардаед? 
– Дар асари «Алишер Навоӣ» образи ҳазрати Навоиро бозидаам, даҳҳо бор ин нақшро иҷро кардаам ва хеле дӯсташ медорам, дар песаи «Адиб Собири Тирмизӣ» образи шоирро ва барои бозидани нақши Адиб Собир барандаи мукофоти ба номи Адиб Собири Тирмизии Иттиҳодияи касабаи вилояти Сурхондарё гаштам, боз образҳои Исмоили Сомонӣ, Алпомишро метавон ба тариқи мисол овард, ки дар дили мани актёри театр якумрӣ боқӣ хоҳанд монд. Умедворам, аз хотири тамошобинон низ зудуда нахоҳанд гашт.
– Оё ба кишварҳои хориҷа низ сафари ҳунарӣ доштед?
– Бале. Соли 2007 ба Тоҷикистон рафтем ва дар фестивали театрҳои академии мамолики кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони «Наврӯз – 2007» баргузор гардид, ширкат доштем. Соли 2008 дар Миср, соли 2010 дар сеюмин фестивали театрии Академии байналхалқии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон низ сафарҳои ҳунарӣ доштем. Дар он кишварҳо бо баргузории намоишномаҳо санъати миллии театрии ватанамонро ба намоиш гузоштем.
– Дар шаҳри Тошканд таҳсил кардаву чаро дар театрҳои номаш баланди он шаҳри азим намондед? 
– Вақте олигоҳро хатм кардам устод Тоҳирҷон Исломов, сарвари факултаи мо, марди дар донишу фарҳанг беназир гуфт, ки «Ҳомит, барои ту аз режиссёри театри мусиқию драмавии «Ёш гвардия» Бахтиёр Ихтиёров дархост омадааст, ки дар Тошканд мемонӣ! Аммо мо се нафар ҳамсабақ – ман, Бозор Рамазонови ҳамсинфам ва Марат Шарипови бухороӣ ният доштем, ки ба Тирмиз баргардем ва ҳунари худро дар театри ин ҷо сайқал диҳем. Вақте ман даъвати театри «Ёш гвардия»-ро рад кардаву ҳамроҳи дӯстонам ба Тирмиз омадам, ҳама ҳайрон шуданд. Аммо декани факулта не: – Шумо патриоти замон, албатта, дар кори санъати театр тавфиқ меёбед , – гуфта буд он устоди дурандеши мо. Устоди дигари ман Нина Иванова таъкид кард, ки гирди чойхонаҳо зиёд нагардам, бештар омӯзам. Вай ба истеъдоди ман боварӣ дошт.  Ин тавр, тақдир ман ва дӯстонамро ба шаҳри соҳили рӯди Ому – Тирмиз овард. Мо – се дӯсти ҷониро директори онвақтаи театр, Арбоби санъати Ӯзбекистон Мансур Равшанов хуш пазируфт. Дигар ба ҷое нарафта, 44 сол ин тараф дар Театри мусиқиву драмавии вилояти Сурхондарё кор мекунам.
– Аввалин нақши офаридаи худро дар теарти мусиқию драмавии Сурхондарё ёд доред?
– Аввалин нақш... Коргардони театр Неъмат Пардаев аз рӯйи асари «Киштии сафед»-и Чингиз Айтматов песаи хуберо рӯйи саҳна овард ва ман дар он нақши як ҷавонро бо номи Қулибек бозида будам. Баъд эътимоди ҳампешагон зиёд шуда, раҳбарон нақшҳои мураккабро пешниҳод карданд.
– Ҳомитака, чӣ тавр меҳри актёрӣ дар дили шумо ҷой гирифт? Шояд аз ҷавонӣ орзу мекардед...?
– Вақте мактабхон будам, орзу доштам, ки духтур шавам, ё ҳуқуқшинос. Аммо баъди як воқеа аз ин орзуҳо гузаштаву дар дил меҳри касби дигареро парваридам. Дар синфи 9-уми мактаб мехондам. Устодамон Қодир Назар як песаро дар бораи Абдулло Набиев – ҷавони муборизу шуҷоъ, ки дар роҳи ғояҳои инқилобӣ ҷон нисор кардааст, дар саҳнаи мактаб гузошт. Ман нақши Абдуллоро бозидам. Аз нақшофарии мо – хонандагон аҳли толор, хусусан ҷамоаи омӯзгорон чунон ба ваҷд омаданд, ки аз истиқболу пазироии гармашон хушам омад. Хоса, маро самимона табрик мегуфтанд, гоҳ рӯ ба рӯ, гоҳе дар ғайбам таъриф мекарданд ва ҳатто ошкору ниҳон ташвиқ менамуданд, ки пас аз хатми дабистон ҳатман актёр шавам. Ин тавр, аз ҳамон лаҳзаҳо сар карда дунёи мани ҳанӯз шогирди дабистон мутлақ дурахши дигар ёфт – орзуи актёр шудан дар дили ман маҳкам маъво мегирифт. Ман хеле зиёд китоб мехондам – китобҳои бадеӣ! Ва дар олами қаҳрамонҳои ҳамон китобҳо зиста, дар ҷилди онҳо ҷой шуда, ғаму ташвиши дунёро баробарашон бар дӯш мебурдам. Китобҳо он қадар маро ба худ ром карда буданд, ки ҳеч намехостам аз он олами зебо берун оям. 
– Пас, олами рангинкамони адабиёт аз наврасӣ барои шумо шинос буда?
– Бешак чунин аст. Як воқеаи он айёми мозӣ ҳаргиз аз ёди ман зудуда намегардад. Дар хона як қӯра гӯсфанд доштем, ман онҳоро ба чарогоҳ мебурдам ва ҳатман бо худ китоберо мегирифтам. Аз миёни гӯсфандон яке чун саркарда буд – тагали фарбеҳи думбакалон! Агар ҳамонро дар ҷойе баста монам, дигар ёронаш аз наздаш дур намешуданд. Тагалро бо ресмоне дар алафзори қарибии наҳраки деҳа бастам, ки мудом обаш шӯр буд ва аз ин сабаб мавзеи моро Шӯрсой мегуфтанд. Худ машғули китоб хондан шудам ва чунон ғарқи он дунёи ранга гаштаам, ки беқарории гӯсфандон, ҳатто омадани бародарам Алимро нафаҳмида будам. «Ҳомит, аз ҳоли гӯсфандон ҳам бохабар шав» – гуфт ӯ маро аз он олами мӯъҷиза берун оварда ва худ зуд қафо гашт. Ба чӣ чашм бубинам, ки ҳамон тагал аз баландии лаби сой афтода, гулӯяш дар қайди ресмон овезон меистод ва кайҳо мурда буд. Гӯсфандони дигар парешон шудаанд... Бародарам ва модарам ҳарчанд аз ин кирдори ман андак хафа шуданд, аммо сахт ҷанг накарданд. Бародарам худ китобхони гузарое буд ва дар китобхонаи деҳаву ноҳия китобе намонда буд, ки нахонда бошад. Шавқи китобхонии маро дида, ҳатто аз барои талаф ёфтани он дороии хонадон ҳарфи беҷое ҳам нагуфт. Табассуми зебо дар лаб ба сари китфам бародарвор даст гузошта:
– Ту, доноча, дар китобхонӣ аз ман ҳам гузаштӣ. Офарин! – гуфт вуҷудаш ба ҳисси ифтихор пур шуда.
Модарам, Худо раҳматашро бедареғ бубахшад, бо як ҷумла гап иктифо намуд:
– Ҳеч боке надорад, писарам, муҳим сари худат дар амон аст. Балогардони аҳли хонадон шудааст он тагал, – шояд қазову қадарро дар назар дошта, гуфта буд модари дар тимсол бебаҳо, зани фариштахисоли деҳотӣ. Тӯтӣ ном дошт модари ман ва он қадар ширин сухан мекард, ки умрам дар шонаи ҳафтод сар суда, то ҳол чунин бонуи ширинсуханро дучор наомадаам.
– Албатта, бародари китобдӯстатон – Алим бо он қадар мутолиа соҳиби ягон касбӣ хубе шудагист?
– Бародарам (ба давлати пирӣ расида, чанд сол муқаддам ба ҷавори Ҳақ пайваст, равонаш шод бод) ҳама орзуҳои худро қурбони аҳли хонадон кард. Вақте ман дар синни шаш будам, ӯ ба курси аввали Донишкадаи тиббии Тошканд шомил шуд. Аммо аз қазо саробони хонадони мо – падарам аз дунё гузашт. Вай дар набардҳои мудҳиши ҷанги алайҳи фашистон ширкат карда, бо як дасти маҷрӯҳ ба зодгоҳ баргашта буд. Ин тавр, бародарам Алим хонданро қатъ карда, барои саробонии оила ба зодгоҳ баргашт ва умри худро ба хушбахтии ману хоҳаронам бахшид. 
Ман соли 1972 ба Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд дохил шуда, панҷ сол хондаву инак ба орзуҳои дил расидаам.
– Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур.
– Саломат бошед.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: