ИСТЕЪДОДҲО САЙҚАЛ МЕЁБАНД

Дар ҷумҳурӣ баҳри тарбияи насли наврас, инкишоф додани ҳунару истеъдоди онҳо ҳамагуна шароит муҳайё карда шудааст.

 Тайи солҳои охир шахсан бо дастуру супориши Сарвари давлат якчанд мактаби эҷодӣ таъсис ёфтанд. 

Мактаби эҷодии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфия моҳи июни соли 2017 ташкил ёфтааст. Амиқтар омӯзонидани фанҳои забону адабиёт, забони англисӣ ва таърих мактаби мазкурро аз дигар муассисаҳои таълимӣ фарқ мекунонад.
– Дар мактаби эҷодии мо 26 нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд. Аз ин 15 нафарашон дорои тоифаи олиянд, – гуфт муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Маъмура Юсуфова. – Даҳҳо нафар соҳиби сертификатҳои байналмиллӣ ва худӣ мебошанд. 188 нафар толибилмони мактаб ба даҳ маҳфил аъзо шуда, истеъдоди фитрии хешро сайқал медиҳанд. Аллакай маҷмӯаи ашъори баргузидаи бист нафари онҳо рӯйи чопро дидааст. Даҳҳо тан аз онҳо мушарраф гардиданд, ки қаламиҳои худро, чӣ дар матбуоти ватанӣ ва чӣ берун аз он, ба нашр расонанд.
Китобхонаи мактаби мазкур қариб 14 ҳазор китоб дорад ва аз ин ҳашт ҳазор номгӯй адабиёти хориҷӣ мебошанд.
Ба наздикӣ дар мактаби эҷодӣ «Рӯзи дарҳои кушод» барпо гардид. Дар он омӯзгорон, падару модарон ва ходимони расонаҳои хабарии маҳалливу ҷумҳурӣ иштирок карданд. 
Дар давоми фаъолияти хеш якчанд тан аз омӯзгорон ба гирифтани мукофотҳо муяссар шуданд. Аз ҷумла, директори мактаб Дилафрӯз Ҳамдамова медали «Шуҳрат», омӯзгори фанҳои забону адабиёт Эркин Очилов «Содиқ  хизматлари учун»,  Ҳилола Мамарасулова бошад, ба унвони «Аълочии таълими халқ» сазовор шуданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Шавкат ОРИФОВ,
сарвари Дафтари матбуоти мактаби эҷодии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфия.

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: