ИСТЕҲСОЛ ВА ЭКСПОРТИ ПОЙАФЗОРИ ЧАРМИ ДАР ДЕҲНАВ

Дар вилояти Сурхондарё маҳсулоте, ки аз ҷониби ҶММ «Деҳнав – Равнақ – Камоли» истеҳсол мегардад, на танҳо бозори дохилиро бо маҳсулоти босифати пойафзори чармӣ таъмин месозад, балки ба кишварҳои ҳамҷавор низ экспорт карда мешавад.

Дар чоряки аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Деҳнав агар зиёда аз 228 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, беш аз 5 миллиону 730 ҳазор доллар маҳсулот экспорт шуда бошад, дар он саҳми корхонаи мазкур низ беқиёс аст.
Ноҳияи Деҳнав баъд аз шаҳри Тирмиз дувумин минтақае мебошад, ки дар он саноат рушд карда, ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулот сол то сол меафзояд. Ин аз як тараф эътибору ғамхории ҳукумат ба тадбиркорон бошад, аз тарафи дигар аз имкониятҳои мавҷуд фаровон ва самаранок истифода бурдани худи соҳибкорон аст. Зеро замона талаб мекунад, ки тадбиркор навҷӯву навовар бошад, то ки ривоҷу равнақи истеҳсолоти хешро таъмин созад. 
Дар ноҳияи Деҳнав корхонаи ҶММ «Деҳнав – Равнақ – Камоли» зиёда аз 10 сол мешавад, ки бо истеҳсоли маҳсулоти пойафзор шуғл меварзад. Вале панҷ сол қабл аз ин баъди аз хориҷ оварда насб кардани дастгоҳҳои замонавӣ кор ранги дигар гирифт, ҳам ҳаҷми истеҳсолот афзуду ҳам сифати маҳсулот боло рафт. Дар натиҷа маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона баробари бозоргир буданаш дар дохили кишвар ба хориҷи кишвар низ экспорт мекардагӣ шуд.
– Замони навҷӯиву навоварӣ фаро расид, – мегӯяд роҳбари корхона Ҳабибулло Муродов. – Монеаҳое, ки 7-8 сол муқаддам барои тадбиркорон мавҷуд буд, ҳоло рафъ гардидааст. Зеро худи Президенти муҳтарам тадбиркоронро дастгирӣ карда истодаанд. Агар ба муаммое дучор шавем худи раҳбарону мутасаддиён дар ҳалли мушкилот кумаки амалӣ мерасонанд. Инро дар мисоли корхонаи худ ҳам метавон арзёбӣ кард. Масалан, агар пеш мо аксари корҳоро дастӣ иҷро карда бошем, онро ҳоло тавассути дастгоҳҳои замонавӣ иҷро мекунем, ки он ҳам ба ҳаҷм ва ҳам ба сифат таъсири намоён мерасонад. Қаблан агар хоҳем ҳам ин имкониятҳоро бароямон фароҳам оварда наметавонистем. Зеро монеагиҳо бисёр буданд. Ҳоло бошад, айни кор кардану худро нишон додан аст.
Баъди насб кардани дастгоҳҳои замонавӣ фаъолияти корхона вусъат ёфт. Дар айни замон беш  аз 30 нафар коркун дар корхона меҳнат намуда, ҳар рӯз беш аз 100 ҷуфт пойафзори босифати гуногунандозаву гуногунмӯд истеҳсол мекунад. Дар айни ҳол аз маҳсулоти истеҳсолкардаи солонаи корхона зиёда аз 7 ҳазор ҷуфт пойафзор мувофиқи супориши мизоҷон ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Боқимондаи он дар бозорҳои дохилии кишвар ба фурӯш мераванд. Корхона ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам васеъ намуда, дар пайи зиёд кардани ҷойи корӣ мебошад.
Маҳсулоти корхона  ба Тоҷикистон ва Туркманистон содир карда мешавад ва Афғонистон низ хоҳиши харидорӣ кардани маҳсулоти корхонаро роҳандозӣ карданист.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: