ИСТЕҲСОЛГАРОНИ ПАХТАИ ӮЗБЕКИСТОН ИМКОНИЯТИ БА БОЗОРИ АМРИКО БАРОМАДАНРО ПАЙДО КАРДАНД

Бинобар хабари сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Вашингтон Департаменти меҳнати ИМА 25 марти соли 2019-ум бобати аз рӯйхати Фармони иҷроияи №13126-ҳуҷҷати президентӣ, ки дар ИМА хариди давлатии молҳоеро, ки бо истифода аз меҳнати иҷбории бачагон тайёр мешаванд, манъ мекунад, хориҷ намудани пахтаи Ӯзбекистон қарори қатъӣ қабул намуд.

Пахтае, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мегардад, ба рӯйхати мазкур соли 2010-ум дохил карда шуда буд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳокимаи ошкорои ҷамъиятии масъалаи зикршуда аз ҷониби идораи амрикоӣ дар охири моҳи июли соли гузашта баргузор шудааст. Дар доираи омӯзиши ин мушкилот фикру ақидаи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ – иттиҳодияи байналхалқии «Cotton Campaign» ва Анҷумани байналхалқии ҳуқуқи меҳнаткашон (ILRF), ҳамчунин тавзеҳоти расмие, ки ҳайати дипломатии Ӯзбекистон дар Вашингтон пешниҳод намудааст, таҳлил карда шуданд. 
Як қатор далелҳо дар бораи ҳанӯз бармаҳал будани қабули чунин қарори «Cotton Campaign»-ро тавзеҳ дода, идораи амрикоӣ кам будани ҳодисаҳои меҳнати бачагона, баланд бардоштани самаранокии тафтишоти гузаронидашаванда ва таъқиби судии ҳуқуқвайронкуниҳоро зикр кардааст. Дар ин маврид махсус таъкид мегардад, ки бо тафриқа аз солҳои пешина тафтишот дар пояи санадҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони фаъол ошкор карда шудаанд, гузаронида шуд.
Дар қарор ҳамчунин бомуваффақият ҷорӣ гардидани механизмҳои иртиботи баръакс, низоми «хатҳои зудамал»-и сохтори давлатии шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, «клиникаҳои ҳуқуқшиносӣ»-и назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар минтақаҳо, ҳамчунин қабулгоҳҳои халқии Президенти мамлакат, ки барои самарабахш ошкор кардани ҳодисаҳои вайронкунии ҳуқуқи меҳнаткашон ва беэътиборӣ ба онҳо имкон медиҳанд, таъкид карда мешавад.
«Баъд аз омӯзиши ҷиддии тавзеҳоти ба дастомада ва маълумоти мавҷуда департаментҳо муайян карданд, ки истифодаи меҳнати иҷбории бачагон ҳангоми ғунучини пахта дар Ӯзбекистон хеле коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа ин маҳсулот дигар ба шартҳое, ки барои дохил кардан ба рӯйхати Фармони иҷроия заруранд, мувофиқат намекунад», – гуфта мешавад дар қарори Департаменти меҳнат. 
Қарори идораи амрикоӣ дар бораи аз рӯйхати мазкур хориҷ кардани пахта ба ҳама гуна муассисаҳои давлатии ИМА имкон медиҳад хариди маҳсулоти мазкурро бидуни талаботи сертификатсияи он, ки шаҳодати бе истифодаи меҳнати бачагона ва меҳнати иҷборӣ истеҳсол шудани он мебошад, амалӣ кунанд. Ҳамчунин бинобар ақидаи намояндагони Департаменти меҳнати ИМА, аз рӯйхати номбурда хориҷ кардани пахтаи Ӯзбекистон ба ширкатҳои хусусии Амрико имконият фароҳам меоварад, бо муҷовирони Ӯзбекистон бидуни ҳарос аз рехтани обрӯйи идораи  худ ҳамкорӣ кунанд. Ҳамин тариқ, ба истеҳсолгарони пахтаи Ӯзбекистон барои куллан роҳ пайдо кардан ба бозорҳои ИМА пешомадҳои нав боз мегарданд. 
Қарори мазкур шаҳодати аз ҷониби ИМА эътироф гардидани чораҳо бобати ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон мебошад. Ҳамзамон вай ба хулосаву натиҷаҳои мониторинге, ки аз ҷониби Созмони байналхалқии меҳнат ва Бонки умумиҷаҳонӣ бароварда шудаанд, куллан мувофиқат мекунад. 

Роман БОНДАРЧУК, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: