ИСТЕҲСОЛИ ГАЗИ ТАБИӢ АФЗУД

Кишвари мо аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст, ки яке аз инҳо гази табиӣ буда, барои ривоҷи соҳаи саноат, ҳаракати нақлиёт, истеҳсоли нерӯи барқ ва ғайра хеле муфид мебошад.

Кишвари мо аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст, ки яке аз инҳо гази табиӣ буда, барои ривоҷи соҳаи саноат, ҳаракати нақлиёт, истеҳсоли нерӯи барқ ва ғайра хеле муфид мебошад. Солҳои охир маҳз аз афзудани коркарди гази табиӣ минтақаҳои дурдасти аҳолинишин бо сӯзишвории арзону қулай, бедуду хокистар таъмин мегарданд. Боиси хурсандист, ки танҳо дар вилояти Самарқанд 289 415 хонадон аз гази табиӣ ва 479 339 оила аз гази фишурдаи баллонӣ истифода мебаранд.
Мо дар бораи сатҳи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ, вазифаҳо дар ин самт, корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бо сардори шӯъбаи «Ҳудудгаз Самарқанд»-и вилоят Олимҷон ИСОҚУЛОВ суҳбат кардем.
– Бо фарорасии фасли зимистон талаб ба ин намуди сӯзишворӣ зиёд мешавад, – мегӯяд Олим Абдуллоевич. – Ба ин хотир барои тайёрӣ ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон барномаи чораву тадбирҳои махсус таҳия намуда, аллакай корҳои зиёдро амалӣ намудем. Беш аз 840 километр қубури газ тоза шуда, 8630 нуқтаи газтақсимкунӣ мукаммал таъмир ва аз санҷиш гузаронида шуд.
Барои ба мардум саривақтӣ расондани баллонҳои газ 85 мошини «ISUZU» ва ду адад «CHAKMAN» кор мекунанд. Агар дар шаш моҳи соли равон ба истеъмолчиён 30 419 тонна гази фишурда расонида шуда бошад, танҳо дар тӯли ду моҳи охир ин ба 24 ҳазор тонна расид.
– Дар рафти қабулҳои сайёр ё вохӯриҳо бисёр мешунавем, ки баъзе шаҳрвандон аз ғайриқаноатбахш ва тӯл кашидани таъминот бо гази фишурда шикоят мекунанд...
– Мушоҳидаи шумо дуруст аст. Мо барои ҳалли муроҷиати аҳолӣ дар ноҳияи дурдасти Қӯшработ, корхонаи пур кардани баллони газ сохтем. Чунин иншоот дар ноҳияҳои Ургут, Пайариқ, Булунғур, Оқдарё низ ба истифодабарӣ супурда шуданд.
– Қариб 20 сол аст, ки деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ва нисфи зиёди ноҳияи Самарқанд аз гази табиӣ маҳрум ҳастанд. Лекин қубурҳои газ «зеб»-и кӯчаҳо ва гузарҳо мебошанд. Саволе пайдо мешавад: дар оянда ин гузарҳо боз бо гази табиӣ таъмин мегарданд ё не?
– Танҳо дар ду соли охир дар ин соҳа ислоҳоти зиёд амалӣ гардид, ки аллакай самараи худро медиҳад. Ҳоло истеҳсоли гази табиӣ дар кишвар ба 10 фоиз афзуд. Сарвари давлатамон барои истеҳсоли маҳсулоти нафту газ ва пурсамар истифода бурдан аз ин, қарору фармонҳои махсус имзо кард. Зина ба зина таъминот бо гази табиӣ беҳтару хубтар хоҳад гашт.

Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: