ИСТЕҲСОЛИ МАВОДИ СОХТМОНӢ АФЗОИШ МЕЁБАД

Ба наздикӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки намояндагони Иттиҳодияи «Ӯзсаноатқурилиш» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Тавре дар чорабинӣ қайд гардид, ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли равон ҳаҷми истеҳсоли маводи гуногуни сохтмонӣ ба 110 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.
Дар маърӯза ва саволу ҷавобҳо бештар ба маҳалликунонӣ, инвеститсия, татбиқи лоиҳаҳо, ба ҷойҳои нави корӣ рӯйи эътибор гардонда шуд. Дар тӯли соли 2022 дар самти инвеститсия корҳои зиёде ба амал татбиқ шудаанд. Бино ба Барномаи инвеститсия татбиқи 12 лоиҳае, ки 369, 4 млн. доллар арзиш доранд ва фароҳам овардани 1035 ҷойи корӣ дар назар аст.
Соҳаи муҳими сохтмон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли семент маҳсуб меёбад. Дар соли сипаригардида истеҳсоли он 14,2 тоннаро ташкил карда буд, ки нисбат ба соли 2020 13 фоиз зиёд аст. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли семент ба 17,6 тонна расонда хоҳад шуд. Иқтидори истеҳсоли солонаи семент дар ҷумҳурӣ ҳоло 21,3 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 3 заводи сементе, ки иқтидори истеҳсолии солонаашон 2, 25 млн. тонна мебошад, ба кор андохта мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар тӯли солҳои 2022 — 2023 дар вилоятҳои ҷумҳурӣ 12 заводи нави сементистеҳсолкунӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар думоҳаи соли 2022 ба арзиши 6,4 млн. доллар 410 ҳазор тонна семент содирот карда шудааст.
Бино ба қарори Президент, ки 21 феврали соли равон ба тасвиб расидааст, аз 1 марти соли 2022 ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ рухсат дода мешавад, ки семент, клинкери семент ва оинаи сохтмониро бемаҳдудият, дар асоси шартнома (бе квота) ба содирот бароранд. Ҳамчунин, то 1 январи соли 2024 аз ҷониби Ангентии рушди содирот ба корхонаҳои маҳаллии содироткунанда (ба вакилони ваколатдори онҳо) барои кашондани маводи сохтмон ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ба кишварҳои ҳамсоя тавассути автомобил, роҳи оҳан ва роҳи ҳавоӣ (ба ҷуброни хароҷот) субсидияҳо пешниҳод карда мешавад.

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: