ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТИВАЗКУНАНДА – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Дар заводи ҶММ «Uzbekistan GTL» бо мақсади густариш додани робитаҳои маҳаллисозӣ ва рушди соҳа дар ҳамкорӣ бо ҶММ «Uzbekistan GTL» ва «Маҷмааи газу кимиёи Шӯртан» форуми «Механизми «ба ядан гирифтан»-и корхонаҳо ва рушди истеҳсолоти маҳаллӣ» баргузор гардид.

Мақсади асосии он густариши маҳаллигардонӣ ва робитаҳои кооператсионӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва иваз намудани маҳсулоти воридотӣ гардид.
Дар ҷараёни форум беш аз 500 намуди маҳсулоти қариб 40 корхонаи истеҳсолӣ ва хидматрасонии ватанӣ аз тамоми минтақаҳо, ки дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, чарм, бофандагӣ, сохтмон ва электротехника фаъолият мекунанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
– Ширкати мо соли 2018 таъсис ёфтааст, –  мегӯяд муассиси ҶММ «Navkar perlit» Музаффар Мавлонов. – Маҳсулот барои изолятсияи таҷҳизоти криогенӣ истифода мешавад. Мо бо корхонаи GTL аз соли 2019 ҳамкорӣ дорем. Ғайр аз ин, мо инчунин барои филтркунии нафт маҳсулот истеҳсол мекунем. Он воридотивазкунанда мебошад. Дар оянда ба нақша гирифтаем, ки панелҳои гармигузорро истеҳсол кунем. Чунин форумҳо барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.
Дар рафти чорабинӣ дар бораи навъи нави маҳсулоти сӯзишвории синтетикӣ, ки дар корхонаҳои GTL истеҳсол мешавад, маълумоти муфассал дода шуд.
Дар доираи форум бо иштироки роҳбарони ҶС «Ӯзбекнефтегаз», ҶММ «Uzbekistan GTL» ва маҷмааи газу кимиёи Шӯртан мулоқоти кушод ба амал омад. Дар рафти мулоқот пешниҳоди соҳибкорон шунида шуда, ба шахсони масъул тавсияю супоришҳои дахлдор дода шуд.

Ӯлмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: