ИСТИФОДА АЗ ДОРУХОНАИ ТАБИАТ

Табиат ба инсон заҳираҳои бой ва бебаҳои шифоӣ инъом кардааст.

Табиат ба инсон заҳираҳои бой ва бебаҳои шифоӣ инъом кардааст. Бад-ин маънӣ мегӯянд, «табиат мекунад моро табобат». Вале барои сиҳат ва саломат умр ба сар бурдан, баробари ба роҳ гузоштани тарзи солими зист, моро лозим аз ин гуна неъматҳои нодир оқилона ва самаранок истифода намоем. 
Дар рӯзҳои мо корбасти «Дорухонаи табиат» аҳамияти бештар пайдо мекунад. Хусусан, дар шароите, ки пандемияи коронавирус ҳамон ҳамаамонро ба ташвиш мегузорад, омӯхтану донистани табиат ва асрори олами рустаниҳо зиёдтар бояд таваҷҷӯҳангез бошад.
Аз субҳи ҷамъияти инсонӣ фурӯғи тиб ва табобати мардумӣ ба мо сир нест. Ҷамъият рӯ ба тараққӣ ниҳоду тиббиёт чун фан арзи ҳастӣ кард ва рӯ ба такмил овард. Дар осори хаттии қадимаи Юнон ва Рум, Эрону Ҳиндустон, Тибету минтақаи имрӯзаи Осиёи Марказӣ маъхазҳо оиди тиб ва табобат хеле фаровон, ки қисмате аз онҳо то мо омада расидаанд. Табобати халқӣ, чун  яке аз шаклҳои асосии илми тиб, низ таърихи қадимиро молик буда, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии дини зардуштӣ ривоҷу равнақ доштани он дар  манбаъҳо, аз ҷумла дар «Авесто», қайд шудааст. «Вандедат» боби алоҳидаест дар «Авесто», ки ба тиб, гигиенаи саломатӣ, тарзи солими зист бахшида шудааст.
Падари тиббиёт Ҳипократ (460-377 то милод), ки дар Юнони қадим зиндагӣ кард ва дар Шарқ чун Буқрот машҳур гашт, дар бораи хусусиятҳои давоии олами наботот тадқиқотҳои алоҳида гузаронд, оиди 236 рустании шифобахш маълумот дод. Дар шарқи асримиёнагӣ бошад, Абӯалӣ ибни Сино хазинаи тибби башарро бо ганҷинаҳои бебаҳо бойтар гардонд ва чун «пири ҳакимони Машриқзамин» эътироф гашт. Қонунҳои илми тиб, ки Сино дар панҷ ҷилд мураттаб сохт ва дар вақташ ба қисме аз забонҳои дунё тарҷума гашт, аз ҷумла, дар Урупо ва кишварҳои араб ба китоби рӯйимизии алоқамандони соҳаи тиб табдил ёфт. Назар ба маълумоти донишманди тибби муосир А. М. Задорожний, Сино дар китоби худ оиди наздик 900 рустании шифобахш маълумотҳои дақиқ додааст.
Дар Чин, Ҳиндустон, Миср ва як қатор кишварҳои дигар, айни замон, рустаниҳои шифобахш чун инъоми табиӣ мавриди истифода будаанд.
Нонҳое, ки ба рӯяшон седона пошида шудааст, хуштаъм ва хушбӯ мебошанд. Седона, айни замон, хусусияти шифоӣ дорад. 
Райҳон, кашнич, марза барин рустаниҳои хонагиро парвариш месозем. Барои  хушбӯ ва иштиҳооваршавии таом ин навъ гиёҳҳоро реза карда мепошем. Вале на ҳамаамон воқифем, ин «кабудиҳо» хусусиятҳои зиёди шифоӣ низ доранд.
Мутахассисон мегӯянд, райҳон ба 99 фоизи беморие, ки дар холигии даҳон бо сабабҳои гуногун пайдо мешаванд, давост. Ҷуз ин, райҳон аз пайдошавии сангрезаҳо дар дандон эмин медорад, он воситаи хуби санҷидашудаест алайҳи кариес. Баргҳои тозаи райҳонро дар об шуста, хоида истодан лозим асту халос.
Бо истеъмоли сабзӣ, хусусан, нӯшидани шарбати он аз қабзият фориғ шудан мумкин. Ҷуз ин, сабзӣ роҳҳои меъда ва рӯдаро аз иллатҳо тоза мекардааст.
Бобуна (мойчечак, ромашка) низ ба касалиҳои зиёд даво, шибоғро, ки дар адирҳо фаровон мерӯяд, хушконида ва талқон сохта, чун чойи хушк истифода мекунанд. Дар лаби ҷӯ ва сабзазорҳо барги зуф, пудина, чойкаҳак, қоқутӣ барин рустаниҳои худрӯро ҳар кадоми мо пайдо карданамон мумкин, аммо на ҳама ҳавсала доранд аз онҳо самаранок истифода кунанд. Ҷуз ин, дар ҳар ваҷаб кӯҳистони мо коснӣ, роҳдавак, субинак, сапали уштур барин рустаниҳои шифобахш мерӯянд, ки назар ба ақидаи мутахассисон дар таркиби худ моддаҳои зиёди нафърасон доранд, аз қабили: гликозоди аукибин, моддаҳои даббоғӣ, кислотаи аскорбин ва ғайра. Мутахассисон ва табиатшиносҳои варзидае, ки  дар Академияи табобати мардумии ҷумҳурӣ, Маркази илмӣ-истеҳсолии «Шифобахш» хидмат мекунанд, дар бораи навъҳои зиёди рустаниҳои шифобахш дар сарзамини мо мерӯянд, тарзи тайёркунӣ ва истифодабарии онҳо  китобу дастуруламалҳои зиёд ба чоп мерасонанд. 
Марминҷон дар буттазор ва нимбуттазорҳо фаровон мерӯяд. Баробари хусусиятҳои зиёди давоӣ (дар таркиби барг ва мевааш қанд, витамини С, тезобҳои органикӣ, каротин (провиматин А), моддаҳои даббоғӣ мавҷуд) хеле хушхӯр, сершира ва чун тути заминӣ иштиҳокушост. 
Решаи марминҷонро аввали баҳор ё тирамоҳ, баргашро дар вақти гул, меваашро баъди пухта расидан ғун мекунанд, реша ва меваашро дар ҷойи кушод, баргашро дар соя мехушконанд. Дар бораи хусусиятҳои муолиҷавии зира, ки низ аз хушбӯйтарин зироатҳост,  бисёр ҳарф задан мумкин. Зира асосан дар адир ва доманакӯҳҳо мерӯяд, мевааш моҳҳои июн-июл пухта мерасад.
Айни замон марминҷон, зира ва дигар рустаниҳои ба қавле худрӯ ва «ёбоӣ»-ро чун сабзиву пиёз дар қитъаҳои наздиҳавлӣ ё чорбоғу посараҳо низ кишт кардан, парвариш сохтан мумкин.
Масалан, дар як гӯшаи ҳавлии калони мо замонҳое марминҷон ва зира мерӯид, ҳосили фаровон медод. Баъд дарак ёбам, тухми ин зироатҳоро як вақтҳо бародарбузургам пошида ва кӯчаташро шинонда будааст. Гуфтаниам, агар хоҳем дар қитъаҳои дилхоҳамон навъҳои зиёди рустаниҳои шифобахшро парвариш карданамон мумкин.
Ба ташкил шудани корхонаи истеҳсолие, ки дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд дар деҳаи Намдонаки ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд фаъолият мебарад, ҳанӯз вақти зиёд нагузаштааст. Корхона ба омодасозӣ, коркард ва қадоқнамоии рустаниҳои шифобахш махсусонида шудааст. Соли 2019 дар ин ҷо наздик 40 тонна маҳсулот омода ва ба дорухонаҳо фиристода шуд. Дар нимсолаи аввали соли равон 28 тонна маҳсулот дар 611 ҳазор қуттӣ ба ҷойҳои даркорӣ ирсол гашт. 
Аз 101 гектар майдон, ки дар ихтиёри  корхонаи истеҳсолист, қисми асосиро киштзор ва боғоти неъматҳои  табиӣ ташкил менамояд. Бинои истеҳсолӣ бошад, 21 гектар майдонро фаро гирифтааст. Баробари мардҳо занону духтарони маҳаллӣ низ, ки 45 нафаранд, дар коркард ва омодасозии дорувор аз неъматҳои табиӣ самаранок меҳнат мекунанд, донишҳои тиббиашонро такмил медиҳанд, дар баланд бардоштани маданияти тиббии аҳолӣ ва тарғиби тарзи солими зиндагӣ саҳм мегузоранд.
Алҳол 21 субъекти хоҷагидорӣ, ки ба соҳа ихтисосонида шудаанд, дар 2373 га майдон кластерҳои доруворӣ ташкил намудаанд. Соли 2019 ба андозаи 38 миллион доллар маҳсулот экспорт карда шуд. Соли равон бо Афғонистон, Туркия, Олмон барин кишварҳо шартнома ба имзо расид. Ислоҳот дар табобати мардумӣ тақозо месозад аз инъомҳои модар-табиат оқилонатар истифода кунем, бозорҳои дунёро ба дорувори хушсифати маҳаллиамон бештар ҷалб намоем.

М. ШОДИЕВ.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: