ИСТИФОДА АЗ МЕРОСИ ИЛМИИ БЕРУНӢ

Маълум аст, ки яке аз олимони машҳури асрҳои миёна Абурайҳон Берунӣ Муҳаммад ибн Аҳмади Хоразмӣ (973-1048) 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кат (Шаббози баъдина, Берунии ҳозира)-и Хоразм дида ба дунё кушодааст.

Маълум аст, ки яке аз олимони машҳури асрҳои миёна Абурайҳон Берунӣ Муҳаммад ибн Аҳмади Хоразмӣ (973-1048) 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кат (Шаббози баъдина, Берунии ҳозира)-и Хоразм дида ба дунё кушодааст. Ӯ аз навозишҳои падар хеле ҷавон бебаҳра мемонад. Тарбияи ӯро астроном ва математик Абӯнаср ибн Ироқ ба ӯҳда мегирад ва ба ӯ фанҳои математика ва астрономияро меомӯзад. Дертар асарҳои файласуф ва табиатшиносон, математик ва географҳо, аз ҷумла, Муҳаммад Хоразмӣ, Абуаббос Фарғонӣ, Собии ибн Қурра, Абӯнаср Муҳаммад ал-Форобӣ, Абуҷаъфар ал-Хозин, Абул Вафо Хуҷандӣ, Абунаср ибн Ироқ, Абусаид аз-Сиҷизӣ ва дигаронро бо таҳлили амиқ омӯхт. Берунӣ ғайр аз забони форсии тоҷикӣ  забонҳои арабӣ, юнонӣ, дертар ҳиндӣ ва яҳудии қадимиро азбар намуд ва асарҳои бо ин забонҳо таълифшударо азхуд кард.
Берунӣ дар як замони пуртаҳлука умр ба сар бурда бошад ҳам, аз омӯхтану ҷустуҷӯ боз намонд. 
Ҳамин тариқ, ӯ дар Хоразм, Ироқу Эрон, Шому дигар роҳҳои Ҳинд гашта фаъолияти илмии худро идома додааст. Ӯ асарҳои илмии бузурги «Осор-ул-боқия», «Ҳиндустон», «Китоб доир ба санъати ситорашиносӣ», «Қонуни Масъудӣ», «Геодезия», «Линирология» ва дигарро офарид, ки онҳо то имрӯз қимати худро гум накардаанд.
Берунӣ дар асари «Осор-ул-боқия» усули дарёфти ҳосили ҳудуди прогрессияи геометриро бо мисолҳои ба худ хос овардааст. Ӯ дар асарҳои «Қонуни Масъудӣ» ва «Ҳиндустон» дар асоси геометрияи ҳисобкунӣ қоидаҳои андозагирии тарафҳои бисёркунҷаи дар дохили доира кашидашударо шарҳ додааст. Масалан, ҳар як тарафи панҷкунҷа, шашкунҷа, ҳашткунҷа, нӯҳкунҷа ва даҳкунҷаи байни онҳоро тавассути радиуси доира ҳисоб карда, қимати таркибии шумораи П-ро то ҳафт рақами даҳӣ дақиқ ҳисоб карда, ҳалли масъалаҳои геометриро низ нишон додааст. Мисол, дар асар ба 12 усули ҳалли масъала оиди ба се ҳиссаи баробар тақсим кардани кунҷ вомехӯрем. 
Олими бузург дар асари дигараш «Китоб оиди тафсири асосҳои ҳунари ситорашиносӣ» дар бораи мафҳумҳои математикӣ оиди арифметика, алгебра, геометрия ва назарияи шумораҳо мулоҳиза меронад, роҳҳои андозагирии ҳаҷмҳоро нишон медиҳад.
Дар бахши геометрияи китобҳои дарсӣ қоидаҳои шаклҳои асосии геометрӣ, таъриф ва махсусияти онҳо, дарёфти ҳаҷми сатҳи шаклҳо дар ҳамворӣ оварда шудаанд. Аз ҷумла, қоидаи дарёфти дарозии хоссаи доира ва таърифи он, ҳамчунин дарёфти сатҳи доира дар ин асар мавҷуд аст. 
Берунӣ бори аввал тригонометрияро ба сифати илме қабул кард, ки ҳисобу китоби астрономиро дарбар мегирад. Олим дар ин асар усули дақиқи ҳисоби миёнаи тригонометриро офарид ва ҷадвалҳои вобаста ба онро пешниҳод намуд. Берунӣ синусҳои ҳосили ҷамъу тарҳи ду кунҷ ва теоремаҳои оиди синуси кунҷҳои ду баробар ва нимкунҷаҳои бо ватарҳои муқтадир ҳамнерӯро исбот намуд.
Албатта, дар як мақолаи хурд наметавон фикрҳои олими бузургро доир ба математика ба осонӣ шарҳ дод. Бинобар ин, ҳар як омӯзгори моҳир агар пеш аз тайёрӣ ба мавзӯъ фикрҳои олимони пешинаро ба назари эътибор гирад, дарсаш пухтаву сермазмун мебарояд. Ҳамон вақт  хонанда на танҳо ба омӯхтани мероси илмии Берунӣ, назарияи арифметика, ченакҳои хаттӣ ва фигураҳои фазовии онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, балки дар онҳо ҳисси ватанпарварӣ, фахр  нисбати гузаштагони худ зиёда мегардад.
Академик В. Розин дар бораи асари «Ҳиндустон»-и аллома чунин фикрҳои ҷолиб гуфтааст: «Ин ёдгорӣ дар байни ин намуди асарҳо ягона буда, дар адабиёти қадим ва асри миёнаи Шарқу Ғарб асари беҳамтост».

Дилдора ИСМОИЛОВА,
омӯзгори математикаи мактаби миёнаи рақами 4-уми
ноҳияи Қӯшкӯпири 
вилояти Хоразм.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: