Фаъолгардонии хонандагон ҳангоми омӯзиши забони англисӣ, аз масъалаҳои муҳим ҳисобида мешавад.
Фаъолгардонии хонандагон ҳангоми омӯзиши забони англисӣ, аз масъалаҳои муҳим ҳисобида мешавад.
Яке аз роҳҳои самарабахши ҳалли ин масъала, дохил намудани бозиҳои гуногун ба ҷараёни таълим мебошад. Равоншиноси машҳур Лев Виготский ҳанӯз дар аввали асри XX ба аҳамияти бозӣ зимни омӯзиш диққати махсус дода, иброз намудааст, ки кӯдакон тавассути бозӣ маҳорати фикркунӣ, ҳалли мушкилот, муошират бо ҳамсолон ва ҳаракатҳои мураттаби баданро сайқал медиҳанд. Истифодаи бозиҳо дар таълими забони англисӣ имкон медиҳад, ки омӯзгор фазои хуби психологӣ ва фазои эҷодиро дар дарс муҳайё карда, хонандагонро ба омӯзиши ин фан ҳавасманд намояд, маърифати кӯдаконро рушду такомул бахшад. Истифодаи бозӣ ба кӯдак имконият медиҳад, ки бо изтироб, шармгинӣ, тарс аз хатоӣ, мубориза барад, иқтидори эҷодии худро боз ҳам бештар ошкор кунад ва ба худаш боварӣ пайдо намояд.
Бешубҳа, интихоби бозиҳои мушаххас барои лаҳзаҳои дилхоҳи дарс аз маҳорати педагогӣ ва тахайюлоти муаллим низ вобастагии калон дорад.
Дар асоси таҷрибаи корӣ ва мушоҳидаҳои дарсҳои омӯзгорон ба хулосае омадам, ки истифодаи бозиҳо дар дарси забони англисӣ барои самарабахшии таълиму тарбия ниҳоят муфид мебошанд. Барои намуна дар зер чанд намуди бозиро, ки дар дарсҳои забони англисӣ истифода намудан мувофиқи мақсад аст, пешниҳод менамоям:
Ҳикоя бо хатоиҳо (Story with mistakes)
Ин фаъолият маҳорати гӯшкунии хонандагонро беҳтар гардонида, ба таври бозӣ ташкил карда мешавад. Омӯзгор ба хонандагон ягон ҳикояро нақл мекунад, ё ягон хонанда ин корро иҷро мекунад. Вай кӯшиш мекунад, ки ҳамаи воқеаҳои ин ҳикояро нақл кунад. Баъд аз ин, хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, як хонанда бори дигар ҳикояро нақл намуда, ба хатоиҳо роҳ медиҳад. Аз гурӯҳҳо хоҳиш карда мешавад, ки ин хатоҳоро ёбанд. Кадом гурӯҳе бисёртар меёбад, ғолиб мебарояд.
Пурсиши вазифаи хонагӣ (Homework review)
Омӯзгорон баъзан барои пурсиши вазифаи хонагӣ вақти зиёди дарсро сарф мекунанд ва ин фаъолият барои самаранокии истифодаи дарс ва шавқовар гузарондани он хеле мувофиқ аст.
Омӯзгор хонандагонро ду нафарӣ шинонда, онҳо ҷавобҳои вазифаи хонагии иҷрокардаашонро муқоиса мекунанд. Дар мавриде, ки ба ҷавоби ҳамдигар розӣ набошанд, бояд исбот кунанд, ки ҷавоби онҳо дуруст аст ва барои чӣ. Омӯзгор ин равандро хомӯшона назорат намуда, барои худ қайд мекунад.
Шоҳназар ДОДОҚОЗИЕВ,
омӯзгори фанни забони англисии мактаби таълими
умумии рақами 7-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.