Истифодаи энергияи барқароршаванда – масъалаи молики аҳамияти умумимиллӣ

  • Истифодаи энергияи барқароршаванда – масъалаи молики аҳамияти умумимиллӣ

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 10 июн ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба масъалаи вусъат додани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баргузор гардид.

Дар мамлакатамон тараннуми қадри инсон дар тамоми корҳо ҳамчун тамоюли устувор муайян шудааст. Таъмини ҳаёти фаровони инсон аз бисёр ҷиҳат аз дастрасӣ ба энергия вобаста аст. Дар натиҷаи ислоҳоти солҳои охир канда шудани таъмини энергия ба таври назаррас кам гардид. Аммо бинобар зуд зиёд гардидани талаб ба энергия дар давраи тирамоҳу зимистон, ба шабакаҳои электрикӣ сарборӣ ба андозаи зиёд афзуд. Имрӯз дар мамлакатамон талабот барилова 2-3 миллиард киловатт-соат электроэнергияро ташкил менамояд. Интизор меравад, ки дар панҷ соли оянда он то 10 миллиард киловатт-соат меафзояд.

Дар чунин ҳолат усули самарабахш, вусъат додани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) дар хонадонҳо, корхонаҳо, кӯдакистонҳо, мактаб ва беморхонаҳо ба шумор меравад.

Бинобар ин дар ҷамъомад масъалаҳои васеъ татбиқ намудани дастгоҳҳо дар асоси МБЭ, чорабиниҳои рағбатноксозии аҳолӣ барои истифодаи онҳо муҳокима гардиданд.

– Масъалаи имрӯза аҳамияти умумимиллӣ дорад. Мо пеш аз ҳама аз худ бояд шурӯъ кунем. Ҳар як ҳоким, вазир, роҳбарони дараҷаҳои гуногун бояд намунаи шахсӣ нишон диҳад ва дар хонаву коргоҳи худ таҷҳизот барои истифодаи  муқобили энергияро устувор кунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бинобар ин татбиқ намудани низоми нави дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон муайян карда шуд. Ҳамин тариқ, барои ҳар як дастгоҳи насбгардида барои истеҳсоли электроэнергия дар асоси истифодаи нерӯи офтоб ва шамол, вобаста ба иқтидори он, ҷубронпулӣ ба миқдори то 15 миллион сӯм, барои дастгоҳҳои обгармкунӣ дар асоси ин манбаъҳои энергия то 2 миллион сӯм пешниҳод мегардад. Ба ҷойи ҷубронпулӣ имконоти ба муддати 3 сол бидуни фоиз дарёфт намудани таҷҳизот пешниҳод мегардад.

Бигирем, барои гарм кардани об оила ба ҳисоби миёна моҳе 195 ҳазор сӯм харҷ менамояд. Агар оила дастгоҳи обгармкунии офтобии 200 литриро ба қимати 6 миллион сӯм устувор намояд, аз давлат 2 миллион сӯм ҷубронпулӣ мегирад. Аз ҳисоби сарфаи харҷи моҳона дастгоҳи обгармкунӣ дар зарфи 21 моҳ харҷи худро мебарорад.

Агар оила ба ҷойи ҷубронпулӣ пардохти дарозмуддатро интихоб намояд, пардохти моҳона 170 ҳазор сӯмро ташкил менамояд, яъне камтар аз харҷи ҷории моҳона, пас аз се соли истифодаи оби гарм ягон хел харҷ талаб намекунад.

Боз як афзалияташ он аст, ки ҳоҷати ба ягон идора рафтани одамон намемонад. Тамоми ҳуҷҷатҳо дар ҷойи хариди дастгоҳ расмӣ карда мешавад. Ин система аз ҳисоби фонди махсуси Вазорати энергетика татбиқ мегардад. Роҳбари давлат супориш дод, ки тамоми ҷараён рақамӣ карда шуда, системаи нав аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба роҳ андохта шавад.

Ба бо чунин дастгоҳҳо таъмин намудани оилаҳои камтаъмин, сокинони ноҳияҳои дур ва душворгузар эътибори алоҳида нигаронда шуд. Ногузирии истифодаи дастгоҳҳо дар асоси энергияи муқобил дар иморатҳои бисёрҳуҷраи мавзеъҳои Янги Ӯзбекистон ва ҳамчунин ташкили равшан намудани кӯчаҳо дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» таъкид гардид.

Дар ҷамъомад таҷрибаи мусбии маҳалҳо таъкид шуд.

Барои мисол, мактаб-интернати №3 ноҳияи Хуҷайлии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бо батареяҳои офтобии 12 киловаттӣ ва дегҳои яктоннагии обгармкунӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Дар натиҷа муассиса соле 30 миллион сӯм аз электроэнергия ва гази табиӣ сарфа менамояд.

Филиали Донишгоҳи кимёю технологияи ба номи Менделееви Русия дар Тошканд василаи офтобии иқтидораш 100 киловаттӣ ва 36 дастгоҳи обгармкуниро истифода менамояд, ки ин имкони соле ба миқдори 2 миллиард сӯм сарфа намуданро медиҳад.

Дар ҷамъомад вазифаи паҳн намудани ин таҷриба ва марҳала ба марҳала гузоштани таҷҳизот дар асоси энергияи муқобил дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳо, объектҳои тиббӣ ва мухталифи иҷтимоӣ гузошта шуд.

Ғайр аз ин, аз соли 2023 бисёр биноҳо, мисли маҷмӯаҳои савдову вақтхушӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои сӯзишвории автомобилҳо, фурудгоҳу вокзалҳои роҳи оҳан, бонкҳои тиҷоратӣ вазифадор мегарданд, ки қисми харҷи энергияи худро барои оби гарм ва равшан намудани беруни биноҳо танҳо аз ҳисоби  МБЭ таъмин намоянд.

Тавре ки ҳисобу китоб нишон медиҳад, Ӯзбекистон соле ба миқдори 10 миллиард доллар электроэнергия ва газ истеъмол менамояд. Барои мисол, соли гузашта Вазорати хоҷагии об барои захираҳои энергия 3 триллион сӯм, низоми маорифи халқ ва тандурустӣ 200 миллиард сӯм маблағи буҷа харҷ намуданд.

Президент таъкид кард, ки фурсати оғоз намудани гузарондани тамоми вазорат ва идораҳо, ҳокимият ва маҳаллаҳо ба энергетикаи муқобил фаро расидааст.

Бинобар ин ба Вазорати молия муқаррар намудани меъёрҳои истмеъмоли энергия дар мақомоти давлатӣ, таҳияи Барномаи миллии сарфаи энергетика дар соҳаҳои иқтисодиёт ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ супурда шуд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти афзудани талабот ба дастгоҳҳои энергетикаи муқобил истеҳсоли онро дар мамлакат афзудан лозим аст.

Боз як манбаи муҳими энергия неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. Барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли энергия дар минтақаҳо қитъаҳое барои сохтмони НБО-и микро ва хурд муайян карда шудаанд, ҳамагӣ 200 чунин лоиҳа, ки иқтидори умумии 56 мегаваттро таъмин мекунад, таҳия гаштааст.

Роҳбари далат ногузирии татбиқи лоиҳаҳоро дар асоси шарикии давлативу хусусӣ таъкид кард. Ҳамзамон барои соҳибкорон тарифи нархҳои ҷолиби харид муқаррар гардида, замин ба ғолибони ауксион ба муддати дароз ба иҷора дода мешавад. Электроэнергияи зиёдатие, ки дар нерӯгоҳҳои офтобӣ, шамолӣ ва микро НБО истеҳсол мегардад, ба таври кафолатнок аз тарафи давлат дар муддати на камтар аз 10 сол харид карда мешавад.

Соҳибкороне, ки дар ҷамъомад баромад карданд, аз таҷрибаи мусбии худ нақл намуданд, роҳбарони масъул нақшаҳои худро доир ба таъмини иҷрои вазифаҳои гузошташуда бо ҳам диданд.

Дар мамлакатамон тараннуми қадри инсон дар тамоми корҳо ҳамчун тамоюли устувор муайян шудааст. Таъмини ҳаёти фаровони инсон аз бисёр ҷиҳат аз дастрасӣ ба энергия вобаста аст. Дар натиҷаи ислоҳоти солҳои охир канда шудани таъмини энергия ба таври назаррас кам гардид. Аммо бинобар зуд зиёд гардидани талаб ба энергия дар давраи тирамоҳу зимистон, ба шабакаҳои электрикӣ сарборӣ ба андозаи зиёд афзуд. Имрӯз дар мамлакатамон талабот барилова 2-3 миллиард киловатт-соат электроэнергияро ташкил менамояд. Интизор меравад, ки дар панҷ соли оянда он то 10 киловатт-соат меафзояд.

Дар чунин ҳолат усули самарабахш, вусъат додани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) дар хонадонҳо, корхонаҳо, кӯдакистонҳо, мактаб ва беморхонаҳо ба шумор меравад.

Бинобар ин дар ҷамъомад масъалаҳои васеъ татбиқ намудани дастгоҳҳо дар асоси МБЭ, чорабиниҳои рағбатноксозии аҳолӣ барои истифодаи онҳо муҳокима гардиданд.

– Масъалаи имрӯза аҳамияти умумимиллӣ дорад. Мо пеш аз ҳама аз худ бояд шурӯъ кунем. Ҳар як ҳоким, вазир, роҳбарони дараҷаҳои гуногун бояд намунаи шахсӣ нишон диҳад ва дар хонаву коргоҳи худ таҷҳизот барои истифодаи  муқобили энергияро устувор кунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бинобар ин татбиқ намудани низоми нави дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон муайян карда шуд. Ҳамин тариқ, барои ҳар як дастгоҳи насбгардида барои истеҳсоли электроэнергия дар асоси истифодаи нерӯи офтоб ва шамол, вобаста ба иқтидори он, ҷубронпулӣ ба миқдори то 15 миллион сӯм, барои дастгоҳҳои обгармкунӣ дар асоси ин манбаъҳои энергия то 2 миллион сӯм пешниҳод мегардад. Ба ҷойи ҷубронпулӣ имконоти ба муддати 3 сол бидуни фоиз дарёфт намудани таҷҳизот пешниҳод мегардад.

Бигирем, барои гарм кардани об оила ба ҳисоби миёна моҳе 195 ҳазор сӯм харҷ менамояд. Агар оила дастгоҳи обгармкунии офтобии 200 литриро ба қимати 6 миллион сӯм устувор намояд, аз давлат 2 миллион сӯм ҷубронпулӣ мегирад. Аз ҳисоби сарфаи харҷи моҳона дастгоҳи обгармкунӣ дар зарфи 21 моҳ харҷи худро мебарорад.

Агар оила ба ҷойи ҷубронпулӣ пардохти дарозмуддатро интихоб намояд, пардохти моҳона 170 ҳазор сӯмро ташкил менамояд, яъне камтар аз харҷи ҷории моҳона, пас аз се соли истифодаи оби гарм ягон хел харҷ талаб намекунад.

Боз як афзалияташ он аст, ки ҳоҷати ба ягон идора рафтани одамон намемонад. Тамоми ҳуҷҷатҳо дар ҷойи хариди дастгоҳ расмӣ карда мешавад. Ин система аз ҳисоби фонди махсуси Вазорати энергетика татбиқ мегардад. Роҳбари давлат супориш дод, ки тамоми ҷараён рақамӣ карда шуда, системаи нав аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба роҳ андохта шавад.

Ба бо чунин дастгоҳҳо таъмин намудани оилаҳои камтаъмин, сокинони ноҳияҳои дур ва душворгузар эътибори алоҳида нигаронда шуд. Ногузирии истифодаи дастгоҳҳо дар асоси энергияи муқобил дар иморатҳои бисёрҳуҷраи мавзеъҳои Янги Ӯзбекистон ва ҳамчунин ташкили равшан намудани кӯчаҳо дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» таъкид гардид.

Дар ҷамъомад таҷрибаи мусбии маҳалҳо таъкид шуд.

Барои мисол, мактаб-интернати №3 ноҳияи Хуҷайлии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бо батареяҳои офтобии 12 киловаттӣ ва дегҳои яктоннагии обгармкунӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Дар натиҷа муассиса соле 30 миллион сӯм аз электроэнергия ва гази табиӣ сарфа менамояд.

Филиали Донишгоҳи кимёю технологияи ба номи Менделееви Русия дар Тошканд василаи офтобии иқтидораш 100 киловаттӣ ва 36 дастгоҳи обгармкуниро истифода менамояд, ки ин имкони соле ба миқдори 2 миллиард сӯм сарфа намуданро медиҳад.

Дар ҷамъомад вазифаи паҳн намудани ин таҷриба ва марҳала ба марҳала гузоштани таҷҳизот дар асоси энергияи муқобил дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳо, объектҳои тиббӣ ва мухталифи иҷтимоӣ гузошта шуд.

Ғайр аз ин, аз соли 2023 бисёр биноҳо, мисли маҷмӯаҳои савдову вақтхушӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои сӯзишвории автомобилҳо, фурудгоҳу вокзалҳои роҳи оҳан, бонкҳои тиҷоратӣ вазифадор мегарданд, ки қисми харҷи энергияи худро барои оби гарм ва равшан намудани беруни биноҳо танҳо аз ҳисоби  МБЭ таъмин намоянд.

Тавре ки ҳисобу китоб нишон медиҳад, Ӯзбекистон соле ба миқдори 10 миллиард доллар электроэнергия ва газ истеъмол менамояд. Барои мисол, соли гузашта Вазорати хоҷагии об барои захираҳои энергия 3 триллион сӯм, низоми маорифи халқ ва тандурустӣ 200 миллиард сӯм маблағи буҷа харҷ намуданд.

Президент таъкид кард, ки фурсати оғоз намудани гузарондани тамоми вазорат ва идораҳо, ҳокимият ва маҳаллаҳо ба энергетикаи муқобил фаро расидааст.

Бинобар ин ба Вазорати молия муқаррар намудани меъёрҳои истмеъмоли энергия дар мақомоти давлатӣ, таҳияи Барномаи миллии сарфаи энергетика дар соҳаҳои иқтисодиёт ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ супурда шуд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти афзудани талабот ба дастгоҳҳои энергетикаи муқобил истеҳсоли онро дар мамлакат афзудан лозим аст.

Боз як манбаи муҳими энергия неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. Барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли энергия дар минтақаҳо қитъаҳое барои сохтмони НБО-и микро ва хурд муайян карда шудаанд, ҳамагӣ 200 чунин лоиҳа, ки иқтидори умумии 56 мегаваттро таъмин мекунад, таҳия гаштааст.

Роҳбари далат ногузирии татбиқи лоиҳаҳоро дар асоси шарикии давлативу хусусӣ таъкид кард. Ҳамзамон барои соҳибкорон тарифи нархҳои ҷолиби харид муқаррар гардида, замин ба ғолибони ауксион ба муддати дароз ба иҷора дода мешавад. Электроэнергияи зиёдатие, ки дар нерӯгоҳҳои офтобӣ, шамолӣ ва микро НБО истеҳсол мегардад, ба таври кафолатнок аз тарафи давлат дар муддати на камтар аз 10 сол харид карда мешавад.

Соҳибкороне, ки дар ҷамъомад баромад карданд, аз таҷрибаи мусбии худ нақл намуданд, роҳбарони масъул нақшаҳои худро доир ба таъмини иҷрои вазифаҳои гузошташуда бо ҳам диданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: