ИСТИФОДАИ НЕРУИ «САБЗ» ДАР ҚАШҚАДАРЁ

Рӯзҳои охир насб намудани панелҳои офтобӣ дар муассисаву ташкилот ва идораҳои давлатии вилояти Қашқадарё ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҳокимияти вилоят, шаҳру навоҳӣ, идораҳои мухталифи давлатӣ ва муассисаҳои ғайридавлатӣ ба ин шакли неруи алтернативии истеҳсол ва истеъмоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар боми биноҳои худ панелҳои обтобӣ насб месозанд. Истифодаи неруи барқи панелҳои офтобӣ бо пешниҳод ва ташаббуси Президент  дар саросари Ӯзбекистон ҳамовозӣ пайдо кард ва ҳамчунин неруи «сабз»-и ба муҳити зист безиён эътироф шуда, як қисми талаботи бозори истеъмолии неруи барқро дар кишвар таъмин месозад. Ин шакли ҷойгузини неруи барқ дар ҳоле тарғиб мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзи бештаре ба неруи барқ эҳсос мекунад ва пайваста роҳҳои мақбул ва ба табиату муҳити зист бехавфро ҷустуҷӯ менамояд. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон кайҳост, ки истифода аз неруи боду офтоб дар амал татбиқ шудаанд. Бояд таъкид кард, ки давлатҳои Ғарб аз неруи «сабз» ба таври фаровон истифода карда, намунаи ибрат шудаанд. 
Мутахассисон муҳити Ӯзбекистонро дар истеҳсоли неруи «сабз» мусоид медонанд ва аз ин рӯ, Президент сохта ба истифода додани неругоҳҳои обтобиро тарафдорӣ карда ва ҳатмӣ шуморидааст. Ӯзбекистон кишвари офтобӣ мебошад ва то ин дам аз ин сарвати табиии худ ба таври бояду шояд истифода намекард. 
Насб намудани панелҳои офтобӣ ҳам як рукни ташаббуси Президент аст, ки минбаъд аҳолии моро бо неруи арзони барқ таъмин хоҳад намуд. Рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ва дар ҳамин асос беҳбуд бахшидани шароити зисти мардуми кишвар водор месозад, ки мо аз роҳҳои босамари ҷойгузини (алтернатив) истеҳсоли барқ истифода бикунем.
Ин аст, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё насб намудани панелҳои обтобӣ ҳаводорони худро пайдо кардааст ва бо тарғиби мақомот мардум ҳам ба насби ин панелҳо дар хонаҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Бо даъвати ҳокими вилоят Муродҷон Азимов ҳокимони ноҳияҳо дар боми хонаҳои худ панелҳои обтобӣ насб намуданд, то ба бошандагони дигари қаламрав намунаи ибрат шаванд. Интизор меравад, ки минбаъд дар хонаҳои мардум насб намудани панелҳои офтобӣ зина ба зина дар амал татбиқ хоҳад гашт. 
Аммо ҳоло тамоми ташкилоту муассисаҳо вазифадор гаштаанд, ки ташаббуси Пезидентро дар бобати истифодаи неруи алтернативӣ ба таври бояду шояд иҷро кунанд. Ин амал ба сарфа намудани неруи барқ, ки ба ривоҷи иқтисодиёт зарур аст, мусоидат хоҳад намуд.
Дар ноҳияи Яккабоғ дар ин замина корҳои хубе иҷро шудаанд. Коргоҳҳои ин қаламрав кайҳо ба истифодаи неруи ҷойгузин азм намуда, панелҳои офтобӣ насб намудаанд. Панелҳои обтобӣ ҳоло дар мактабҳо низ мавриди истифода қарор мегиранд. Ду мактаби ин ноҳия – рақамҳои 68 ва 103 минбаъд ниёзи худро аз неруи барқи тавассути панелҳои офтобӣ истеҳсолшуда таъмин хоҳанд кард. Инчунин дар ноҳияи мазкур нурафканҳои қади роҳ бо панелҳои офтобӣ кор мекунанд. Ноҳияи Яккабоғ то соли 2026 дар маҷмӯъ 30 дарсади талаботи худро аз неруи барқе қонеъ хоҳад намуд, ки бо роҳи алтернативӣ истеҳсол шудааст.
Қобили зикр аст, ки то ин дам панелҳои офтобӣ аз хориҷи кишвар ворид мегаштанд. Ҳоло талаботи рӯзафзуни бозори дохилии кишварро ба инобат гирифта, дар шаҳри Қаршӣ бо ҳамкории мутахассисони чиноӣ як корхонаи муштараке сохта шудааст, ки ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ ихтисос дорад. Ширкати «XUTU ELESTRISITY TECHNO-LOGY»-и Чин бо ифтитоҳи коргоҳи муштарак яки «SU SUN SOLAR» дар шаҳри Қаршӣ ба истеҳсол ва насби панелҳои офтобӣ оғоз кард. Ин ширкат нақша дорад, ки солона ба миқдори бештар аз 100 миллион доллар маҳсулот истеҳсол карда, ниёзи бозори дохилии қаламрав ва берун аз онро таъмин намояд.

Шариф ХАЛИЛ, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: