ИСТИФОДАИ САМАРАНОК АЗ ТАК

Замон беист пеш меравад. Илму фан тараққӣ мекунад.

Ҳар рӯз навигарие дар илм ба чашм мерасад, ки ҳатто инсонро ба ҳайрат меоварад. Бале, имрӯз инсоният ба кашфи чизҳое ноил гаштааст, ки касе аз ин пеш шояд интизор набудааст. Пас ҳамроҳи замон қадам задан яке аз асосҳои зиндагии инсони муосир мебошад. 
Рушду такомул ва ислоҳоте, ки тайи чанд соли охир дар кишвари мо дар соҳаи таълим ба вуҷуд омад, ҷавононро ба сӯйи ояндаи нек дилгарм месозад. Дар донишгоҳҳо ҷорӣ кардани технологияи ахбору коммуникатсия (ТАК) кори хеле муҳим ва саривақтӣ дар соҳаи таълим буд. Аммо имрӯз ҳаёт тақозо мекунад, ки дар ин соҳа ҷиддитар қадам гузошта шавад, вагарна дар соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсус ба дастовардҳои илмӣ ноил шудан душвор аст. Зеро дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё ба ин ҷиҳат эътибори алоҳида дода мешавад, ки дар натиҷаи он бозёфтҳои бузурге имрӯз дар пеши чашми мову шумо арзи ҳастӣ мекунанд. 
Ҳанӯз веб-сайтҳои муассисаҳои таълими олӣ бо маводи зарурии соҳавӣ ба пуррагӣ фаро гирифта нашудаанд. Албатта, дар кишваре, ки ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мегузорад, чунин камбудиҳо садди роҳи тараққиёти соҳа хоҳанд шуд. Ба ин манзур роҳбарони Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус чораҳои зарурӣ андешида, барои пешбурди таълим ва бо технологияи ахбор таъмин кардани муассисаҳои таълим мекӯшанд.  
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус бахшида ба масоили муҳими дар низоми таълими олӣ ва миёнаи махсус ҷорӣ кардани ТАК-и замонавӣ нишасти матбуотӣ ба амал омад.  
27 феврали соли ҷорӣ дар доираи барномаи миллии рушди «Илм-фан – 2020» бо Агентии байналхалқии рейтинги Times Higher Education ва ширкати «Elsevier» қарордоди ҳамкорие, ки барои се сол пешбинӣ шудааст, имзо гардид. 
Дар назар аст, ки бо ташаббуси ширкати «Elsevier» платформае, ки 41 маҷаллаи МТО-ро дар худ муттаҳид мекунад ва барои тақриздиҳандагон созгориҳо дорад, офарида шавад. 
Дар нишаст роҳбари шуъбаи ба ҷараёни таълими вазорат ҷорӣ кардани ТАК А. Абдуллоев таъкид намуд, ки веб-сайтҳои МТО инвентаризатсия гардида, аз нуқтаи назари танқидӣ баҳогузорӣ шудаанд. 
– Барои баланд бардоштани ҷаззобият ва ташаккули имиҷи  МТО нахуст бо ташаббуси вазорат веб-сайтҳои онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Натиҷаи таҳлил нишон медиҳад, ки такмил додани мазмуни веб-сайтҳои соҳаи мазкур, ба муштариён маълумотҳои зарурӣ дастрас намудан, хусусан, ба забони хориҷӣ ғанӣ кардани контентҳо зарур аст. 
Ба ин боис айни замон МТО бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеи худ дар рейтинги веб-сайтҳои донишгоҳҳо  веб-сайтҳои МТО аз нав кор карда, бо маълумотҳои зарурӣ ғанӣ гардонда мешаванд,– мегӯяд А. Абдуллоев.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: