ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

Ба наздикӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси роҳбарияти Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалиқ дар мавзӯи «Ҷамъбасти соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва кормандони «КМК Олмалиқ» ширкат варзиданд.
Муовини раиси раёсати ҶС «КМК Олмалиқ» оид ба иқтисодиёт, молия ва боркашонӣ Фирӯза Ҳамидова изҳор дошт, ки тибқи  натиҷаҳои соли 2022 дар «КМК Олмалиқ»  тамоми нишондиҳандаҳои пешбинишудаи фаъолияти хоҷагӣ иҷро гардиданд. Аз ҷумла, даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр 30,5 триллион сӯмро ташкил дода, нақшаи фурӯши маҳсулот 108,2 фоиз иҷро шуд. Даромаднокии истеҳсолот 21,8 фоизро ташкил дод.  Бо вуҷуди дар соли 2022-юм коҳиш ёфтани миқдори андоз аз 15 то 10 фоиз барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва аз 75 то 50 фоиз  барои даромад ба буҷаи давлат 18,4 триллион сӯм (2,6 триллион сӯм бештар нисбати то ҳамин давраи соли гузашта) пардохта шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки соли 2022 дар натиҷаи татбиқ намудани чораҳо бобати коҳиш додани арзиши маҳсулот дар комбинат сарфа кардани 418 миллиард сӯм имконпазир гардид, ки 3,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби комбинат ба маблағи 947,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содир карда шуд ва иҷрои нақшаи пешбинишуда 110,8 фоизро ташкил дод.
Аз ҷумла, ба маблағи 8,5 триллион сӯм дивиденд пардохт гардид. Сарфи назар аз сардиҳои ғайримуқаррарӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ мушоҳида шуд, дар се моҳи аввал сад фоиз иҷро гардидани нақшаи пешбинишудаи истеҳсоли маҳсулоти молӣ ба маблағи 6,8 триллион сӯм чашм дошта мешавад.  Бинобар ҷамъбасти чоряки якум даромади соф 1,4 триллион сӯмро ташкил медиҳад, яъне нақша 100 фоиз иҷро мегардад.  Ба буҷет 2,6 триллион сӯм равона ва нақшаи ин самт 144,8 фоиз иҷро мешавад. 
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми содироти маҳсулот 174,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард. Дар доираи 4 лоиҳаи барномаи сармоягузорӣ 112,2 миллион доллари ИМА азхуд шуда, иҷрои нақша 119,0 фоизро ташкил хоҳад дод.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: