ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОН ДАР БУХОРО

21 ноябри соли ҷорӣ вокзали роҳи оҳани Бухоро дар шаҳри Когон намуди идона дошт.

Ба ин ҷо намояндагони Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи аҳдномаи байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо омадаанд, ташриф оварданд. 
Соати 11:15 қатораи зудгарди «Афросиёб» дар истгоҳи охирин қарор гирифт. Меҳмонони ба дилу дида наздик: Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Қодири Қосим, муовини вай Исмоил Файзизода Нарзӣ, раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи авиатсияи Тоҷикистон Саидҷон Касиров, раиси кумитаи ҷамҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва созмонҳои хусусии Тоҷикистон Исмоил Шарифзода Зариф, раиси кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи саноати кӯҳию металлургӣ ва геологии «Тоҷикметалл», раиси кумитаи  ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи маданият, ахбор, сайёҳӣ ва варзиши Тоҷикистон Зарина Хоҷаева, раиси иттифоқҳои касабаи кормандони нигаҳдории тандурустӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон Раҷаббой Ӯлмасов, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Акобир Қурбонов, раиси иттифоқҳои касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тоҷикистон Нуринисо Бобоева, раиси иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и Роғун Толиб Абдулҳақзода, раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон Рамазон Одиназода Сафар ва дигаронро мизбонон – роҳбарон, мутасаддиёну гулдухтарони миллипӯш бо нону намак истиқбол карданд. Сипас меҳмонон аз шаҳри Когон сӯйи Бухорои шариф раҳсипор гардида, дар меҳмонхонаи «Эдем» қарор гирифтанд. Дере нагузашта, гӯё табиат низ «аз шодии дидори дӯстон ашки шодӣ» рехт, борон борид. Баъди истироҳати кӯтоҳ онҳо аз корхонаи «Buxoro Brilliant Silk»боздид ба амал оварданд.
Қабули расмӣ ва мутантани меҳмонон аз ҷониби ҳокимияти вилоят дар ресторани «Ипак йӯли» сурат гирифт. Дар атрофи дастархони пурнозу неъмат суҳбату мулоқоти гарму самимии меҳмонону мизбонон бо иштироки ҷонишинони ҳокими вилоят, роҳбарони иттифоқҳои касабаи вилоят, ба таъбире қаймоқ баст, тамошои рақсу сурудҳои дилписанд, намоишҳои театрӣ дар иҷрои санъаткорони вилоят ба меҳмонон хуш омаданд.
Баъд меҳмонону мизбонон оромгоҳи пири комил – Баҳоуддини Нақшбандро зиёрат карданд. Дар ин ҷо дар пеши қадами мубораки меҳмонон гӯсфандеро забҳ намуданд. Баъди тиловати сурае аз Қуръони маҷид тамошои ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Бухоро, аз ҷумла мақбараи Исмоили Сомонӣ, Арк, маҷмӯи Пойи Калон, кӯчаю хиёбонҳо, бунёдкориҳои нав оғоз ёфт, ки ба меҳмонон таассуроти хуб гузошт.
Ташрифи меҳмонон ба иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи вилоят ва мулоқот бо кормандони он фаромӯшнопазир буд. Дар монитори бузурги даромадгоҳ лавҳаҳо аз сафарҳои давлатии президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, мулоқотҳои самимонаи онҳо намоиш дода шуд. Меҳмононро ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ хайра мақдам гуфтанд. Сипас тоҷикистониён ба мақсади шиносоии наздик бо фаъолияти ҳамкорони худ дафтарҳои кории онҳоро тамошо карданд. 
Мо аз фурсат истифода бурда, бо чанд нафари онҳо суҳбат кардем. 
– Бо шарофати сиёсати оқилонаи ду роҳбари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев анъанаҳои дӯстии мо боз эҳё мешаванд, гуфт ҷонишини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Исмоил Файзизода Нарзӣ. – Моҳи августи соли ҷорӣ ҳайати вакилони иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар доштанд. Инак, ҳоло дидори дӯстон насиби мо шуд.  Табодули таҷрибаи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, албатта, ба манфиати халқҳоямон хидмат хоҳанд кард.
– Мо шодем, ки чанд рӯз боз дар сарзамини дӯстон қарор дорем. Рӯзи аввали сафарамон дар Бекобод хеле мароқангез буд. Мо аз комёбиҳои меҳнатии мардуми Ӯзбекистон хушҳолем. Бобои ман аслан аз Самарқанд аст. Он ҷо наздикони бисёр доштем. Мутаассифона, солҳои зиёд аз ҳам дур шудем.
Ҳоло кӣ ҳасту кӣ нест, хабар надорем. Умед мекунам, ки рӯзҳои наздик бо аҳли оилаам ба ҷустуҷӯйи онҳо меравем. Сафари Бухоро шавқовар мегузарад. Рафтуои тарафайн ҳам барои таҳкими дӯстӣ, ҳам барои хабардорӣ аз таҷрибаи якдигар судовар аст. Муносибатҳои дӯстонаи мо, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи ду Президент эҳё гардид, бигузор ҳамешагӣ бошад, – гуфт раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода. 
– Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон...
Яқин аст, ки Рӯдакии бузургвор ин мисраъҳоро дар Бухорои шариф навишта буд. Хушбахтона, имрӯз дидани Ӯзбекистони дилрабо, тамошои Бухорои шариф насибамон гардид. 
Дил мехоҳад, ки дӯстиамон ҷовидон бошад, – гуфт хушнудона раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон Рамазон Одиназода Сафар.
Шомгоҳ дар тарабхонаи «Лаби ҳавз»-и Бухоро барои дӯстони тоҷикистонӣ дастурхони зиёфат густурда шуд. 
Субҳи бармаҳали 22 ноябр меҳмонон бо қатораи зудгард ҷониби Тошканд раҳсипор шуданд. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: