ИСТИҚБОЛИ МУТАНТАНИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН

Дар шаҳри Манамаи Баҳрайн чемпионати ҷаҳон оид ба атлетикаи вазнин ба поён расид.

Вакили Самарқанд, устоди байналхалқии варзиш Шарофиддин Амриддинов дар байни калонсолон қаҳрамон шуд. Вай санги вазнаш 212 килограммро бо як такон бардошта, рекорди нав гузошт. Ба шарафи чемпиони ҷаҳон парчами Ӯзбекистон алвонҷ зад ва мадҳияи мо танинандоз гардид.

Дар роҳи оҳани Самарқанд қаҳрамони ҷаҳонро вакилони ҳокимият, фаъолони маҳаллаи Шоҳпӯлоди ноҳияи Тайлоқ, намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ ва дигарон бо гулдастаҳои тару тоза пешвоз гирифтанд.

– Дар чемпионат шарафи Ӯзбекистонро ҳимоят кардан ба ман шарафи бузург аст, – бо ҳисси шодмонӣ таъкид намуд Шарофиддин Амриддинов, – аммо дар пеш Бозиҳои олимпӣ дар Лос-Анжелоси Амрико истодааст, ки мақсади ман ба шоҳсуфаи баланд баромада, медали тиллоро ба даст овардан аст.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: