Истиқболи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Покистон баррасӣ шуд

Дар чаҳорчӯби сафари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 26-27 декабри соли равон муовини Сарвазир - вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев бо роҳбарони вазорату идораҳои асосӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Покистон як қатор мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дод.

Аз ҷумла, бо вазири савдои ҶИП Сайид Навид Қамар, муовини аввали ӯ Суалех Аҳмад Форуқӣ, вазири амнияти миллии озуқаворӣ ва тадқиқот Тариқ Башир Чима, вазири молия Исҳоқ Дор, вазири банақшагирӣ, рушд ва ташаббусҳои махсус Аҳсан Иқбол, вазири роххои охан Хавая Саад Рафиқ мулоқотҳо анҷом ёфтанд.

Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои кунунии дуҷониба, аз қабили қабул ва татбиқи минбаъдаи Барномаи муштарак оиди ба 1 миллиард доллар расонидани ҳаҷми савдо, ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои Созишномаи савдои имтиёзнок ва истифодаи фаъолонаи имкониятҳои мавҷудаи Созишномаи тиҷорати транзитӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар бораи андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нассоҷӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, нуриҳои минералӣ, асбобҳои маишӣ, сохтмони манзил, илму техника ва сайёҳии арзиши умумиашон зиёда аз 500 миллион доллар, инчунин интиқоли тарафайни маҳсулоти кимиёвӣ созишнома ба даст омад.

Истиқболи истифодаи пурраи иқтидори транзитии Ӯзбекистон ва Покистон дар заминаи ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои ИДМ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Африқо қайд карда шуд, ки дар робита ба ин имкони иҷораи терминалҳои берун аз офф-док аз ҷониби ширкатхои Ӯзбекистон дар бандарҳои Қарочӣ ва Гвадар омӯхта шуданд.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ бо ишора ба интиқоли як қатор навъҳои маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон, ташкили содирот ва ташкили истеҳсоли муштараки ашёи хоми шакар, маҳсулоти ширӣ, ташкили муштараки хоҷагиҳои биринҷ ва фермаҳои бузпарварӣ баррасӣ карданд.

Ҷониби Покистон омодагии худро барои расонидани кумаки ҳамаҷониба ба ташаббусҳои баррасишуда, ҷорӣ намудани қоидаҳои ягонаи назорати фитосанитарӣ, пурзӯр намудани дастгирии техникӣ ва машваратӣ ба раванди узвияти Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, инчунин идома додани кори муштарак дар доираи лоиҳаҳои минтақавии нақлиёт ва логистика бо андешидани тадбирҳо оид ба ҷалби онҳо ба татбиқи давлатҳои манфиатдори минтақа изҳор кард.

 Зимни сафар муовини Сарвазир ҳамчунин бо ҳайати доираҳои тиҷоратии Покистон иборат аз раҳбарони TCS Logistics, Nishat Group, Ejaz Group, Fatima Group, All Pakistan Textile Association, Getz Pharma, Najeeb Fibres, Wah Nobel Group, AKD Group, Jazz, Alam Match, ПСС Сархад ва дигарон мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқотҳо фазои сармоягузории Ӯзбекистон, шароит барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шуда, ҳолатҳои мушаххаси сармоягузорӣ муаррифӣ шуданд.

Дар поёни муколама ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷониба дар татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор дошт, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: