ИСТИҚЛОЛ БАХТИ БУЗУРГ АСТ

Дар тарабхонаи ҳашаматноки «Шоҳсарой»-и шаҳри Гулистон дар арафаи 32-солагии истиқлол чорабинии шукргузорӣ баргузор шуд.

Дар он намояндагони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ, оилаҳои камтаъмин ва куҳансолон иштирок намуда, оид ба муваффақиятҳои бузурге, ки тӯли солҳои истиқлолият дар ҳаёти кишварамон ба даст оварда шудаанд, гуфта гузаштанд.
Ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев таъкид намуд, ки бо шарофати истиқлол Ватанамон ба маскани осуда, ободу озод табдил ёфта, торафт тараққӣ мекунад, тарзи зиндагонии аҳолӣ баланд мегардад.
– Истиқлол барои мо неъмати бузурги Офаридгор аст, – гуфт намояндаи вилояти сирдарёии Идораи мусалмонони ҷумҳурӣ Ҳабибуллоҳ Зокиров. –  Ҳоло Ватани азизамон ривоҷу равнақ меёбад. Барои адо намудани рукнҳои дини муқаддасамон ҳамаи шароит фароҳам оварда мешавад. Инчунин, навгониҳое, ки се соли охир дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасад, ҳисси шукргузориро дар қалбамон мустаҳкам менамояд. Ҳамаи мо ба фикри истиқлол, Ватан барои ман чӣ дод не, балки ман ба рушди Ӯзбекистони мустақил, боз ҳам мустаҳкам намудани имкониятҳое, ки истиқлол инъом намудааст, чӣ гуна ҳисса мегузорам, бояд зиндагӣ кунем. Барои чунин ҳаёти осуда ва фаровон ҳар саҳар ва ҳар рӯз шукрона бигӯем.
Тағйир ёфтани олами маънавии одамон, баланд гардидани тарзи зиндагонии аҳолӣ, рушди саноат, дигаргуншавии қиёфаи Сирдарё, ки вилояти аграрӣ ба шумор меравад, бо шарофати истиқлол мебошад. Дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои тиб, таълим, варзиш, маданият, сайёҳӣ ва ғайра ба чашм мерасад, инъоми бузурги истиқлолият ба вилоят мебошад. Муваффақиятҳое, ки дар даври гузаштаю соли ҷорӣ дастрас шуд, низ ба ин мисол шуда метавонанд.
Дар доираи чорабинӣ ба дастархони пурнозу неъмат ош кашида, оятҳо аз Қуръони карим тиловат гардид. Оҳанг ва сурудҳое, ки озодии Ватан, ободӣ ва арзишҳои миллиро тараннум намуданд, ба меҳмонон манзур гардид.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: