Сиву се сол муқаддам, яъне 31 августи соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон, ки дар Тошканд барпо гардида буд, «Дар бораи эълон кардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қарор содир намуд.
Инчунин дар бораи «Асосҳои истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қонун қабул карда шуд. Маҳз дар ҳамин қарор номи ҶШС Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйир дода шуд ва 1 сентябр Рӯзи касби истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон гардид. Бинобар ин ҳар сол 1 сентябрро мардуми кишвари азизи мо бо шукӯҳ ва ифтихори бузург таҷлил менамоянд. Дар ин замина мухбирамон Мирасрор АҲРОРОВ бо бархе аз сокинони тоҷиктабори шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона ҳамсуҳбат шуд ва онҳо перомуни истиқлоли Ватан фикру назари хешро иброз намуданд.
Шарофиддин ЮСУФОВ, устои кулол, узви ҳақиқии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи ҳунарҳои мардумии Ӯзбекистон «Ҳунарманд»:
– Ман зодаи маҳаллаи Дукчиёни шаҳри Риштон ҳастам. Ҳунари кулолгариро аввал аз падар омӯхтам ва баъд дар назди устодони худ Ҳотамалӣ Полвонов, Ҳакимҷон Сатторов, Иброҳим Комилов, Мӯсо Исмоилов ва Холмат Юнусов, ки аз беҳтарин намояндагони мактаби кулолгарии Риштон мебошанд, бо нозукиҳои ин касб ошно шудам. Солҳо саррассоми комбинати сафолгарии Риштонро бар дӯш доштам. Шурӯъ аз соли 1970 иштирокчии доимии намоишгоҳҳои эҷодиёти халқ, чи дар Ӯзбекистон ва чи дар хориҷ аз он, мебошам.
Вақте ки Ӯзбекистон истиқлоли давлатии худро эълон кард, 46 сол доштам. Ҳамон замон як фарди боақлу ҳуш, аз пастиву баландиҳои зиндагӣ огоҳ, ба фарқи неку бад мерафтагӣ, хулласи калом, худро кайҳо шахси ташаккулёфта мепиндоштам. Барои ҳамин ин падидаи некро хеле бо хурсандӣ истиқбол намудам.
Ошкоро мегӯям, ки чанд муддат, мисли одамони зиёд, боварам намеомад, ки Ӯзбекистон чӣ тавр метавонад аз як давлати зӯру соҳибқудрат ба номи СССР ҷудо шаваду худро ҷумҳурии мустақил эълон кунад. Аммо бо мурури замон дарк намудам, ки ин падида оҳиста ба воқеъият табдил меёбад ва минбаъд мани кулол шаҳрванди комилҳуқуқи кишваре мебошам, ки дере нагузашта, яъне 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол пазируфта шуд.
Баъзан кас худро дар гирдоби хобу хаёл ҳис мекунад. Вақте мунтазири рух додани ягон ҳодисаву таҳаввулоти ҷиддие нестӣ, ки метавонад маҷрои ҳаёти туро сӯи дигар тоб диҳад, аввал дасту по мехӯрӣ, баъд оҳиста одат мекунӣ, зеро ба атроф менигарӣ ва бо фикру мулоҳизаи одамони дигар ошно мешавӣ ва оқибат, дармеёбӣ, ки паррандаи озодро мемонӣ ва ҳар ҷо хоҳӣ, метавонӣ парида равӣ. Инак, 33 сол аст, ки мо мисли ҳамон парранда озод ҳастем ва аз накҳати истиқлол баҳра мебарем.
Ҳар сол дар арафаи иди истиқлол мо ба он тайёрӣ мебинем ва талош ба харҷ медиҳем, ки бо шодиву нишот ва шукӯҳи тоза таҷлил намоем. Боиси хушҳолист, ки дар замони истиқлол сазовори мукофотҳои зиёди давлатӣ шудам. Ҳамеша аз фарзандон ва насли ҷавон даъват мекунам, ки дар ҳар ҳолату вазъият истиқлоли давлатии кишварро қадр ва барои шукуфоии Ватани азиз садоқатмандона меҳнат кунанд.
Масъуди МИРЗО, шоир ва журналист, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона:
– Ӯзбекистони азиз 33 сол муқаддам ба истиқлол расид ва дар ин рӯзҳо барои бо шукӯҳи хос таҷлил намудани он фаъолони маркази мо низ тайёрии хоса мебинанд. Он неъ-мати пурарзишест, ки ба мо озодӣ бахшидааст, моро мустақил намудааст ва имкон фароҳам овардааст, ки ҳарфи худро дар арсаи байналмилалӣ низ ошкорову озодона баён кунем. Арзи вуҷуд намудани Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят, бо дафтари корӣ ва тамоми таҷҳизоти лозима, инчунин мошини сабукрав таъмин намудани он маҳз самараи истиқлоли ҷумҳурист ва барои ин аз Президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ сипосгузорем.
Чанд соли фаъолиятам бевосита ба тарғиби забону фарҳанг, ойинҳо ва расму ривоҷи миллиамон робита дорад. Зеро иҷрои вазифа ба сифати муҳаррири рӯзномаи «Садои Сӯх», мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Сӯх, масъули барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионии шабакаи вилоятии Ширкати миллии садову симои ҷумҳурӣ, инчунин бар дӯш доштани раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят мусоидат намудаанд, ки дар ин росто талош намоям ва ҷиҳати рушду нумӯъи он саҳми худро гузорам.
Дар баробари иҷрои вазифаҳои дигар, ҳамзамон дар гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона ба донишҷӯён аз адабиёти муосир сабақ медиҳам. Агар истиқлол намебуд, дар гумон аст, ки тоҷикони вилоят, ба чунин дастовардҳои бузург ноил шаванд ва барои рушди забону фарҳанг, расму оинҳо, арзишҳои миллӣ аз чунин имкониятҳо бархурдор буда тавонанд. Барои ин шукр мегузорем, ки давлатамон ба истиқлол расидаву дари имкониятҳои фаровонеро ба рӯйи мардуми мо низ боз намудааст.
Вақте ки бо аҳли адабу фарҳанги тоҷики муқими вилоят ҳамсуҳбат мешавам, онҳо аз ин даврони озоду обод шукр мегузоранд. Чанде муқаддам дар Фарғона китобҳое ба нашр расиданд, ки муҳтавояшонро ҳаёт ва фаъолияти олимон, устодони тоҷикзабони муассисаҳои таълими олии вилоят, одамони касбу кори гуногун, ба фатҳи марраҳо ва қуллаҳои баланди меҳнатӣ расидани онҳоро дар худ мунъакис менамоянд. Гузашта аз ин, дар шаҳристони Риштон «Хонаи дӯстии ӯзбекону тоҷикон» кушода шуд, ки барои мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқати байни ин ду халқ хидматҳои шоиста анҷом медиҳад.
Нуктаи дигар ва хеле муҳим аз он иборат аст, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи истиқлоли Ватан бо ширкати меҳмонони зиёд маҳфилҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд. Гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Иттиҳоди шуравӣ Амиралӣ Саидбеков ва «Баҳодури тоҷик» Тешабой Одилов, инчунин Мавлонои Рум, Лоиқ, Бозор Собир, баргузории чандин шаби шеъри форсӣ аз зумраи чунин чорабиниҳову маҳфилҳо маҳсуб мешаванд.
Кибор ҲУСАИНОВ, раҳбари хоҷагии фермерии «Қува – диёри тиллоӣ»-и ноҳияи Қува:
– Хоҷагии фермерии мо ба кишту парвариши ғалла ва пунба ихтисос дода шудааст. Аммо барои рафъи эҳ-тиёҷи коргаронамон ва аъзои хонаводаи онҳо намудҳои гуногуни сабзавот парвариш мекунем. Ду гектарро ба парвариши боғи мевадор ҷудо карда будем, ки ҳар сол аз меваҳои гуногун коргаронамон баҳраманд мешаванд.
Тасмим гирифтем, ки баҳри иҷрои қарори Президент дар бораи тайёрӣ ва муносиб истиқбол намудани иди истиқлоли кишвари азиз пухта тайёрӣ бинем. Имсол низ чун солҳои гузашта ҳосили баланди ғалла парвариш кардем. Аз 20 гектар 84 сентнерӣ ғалла ҷамъоварӣ кардем, ки нисбат ба соли гузашта 2 сентнерӣ зиёд мебошад. Ногуфта намонад, ки тақрибан 20 сентнери он аз ҳисоби нақшаи шартномавӣ гузашт, барои ҳамин онро ба коргарони хоҷагии фермериамон тақсим кардем. Ба ин васила онҳо соли дароз ба харидани орди мағоза ниёзе надоранд.
Ҳоло тамоми талошу тараддудҳои худро барои чидаву хушсифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пунбаи 50 гектар замин равона кардаем. Албатта, натиҷаи меҳнатамон қаноатбахш аст, танҳо аз вақт истифода намуда, онро бояд дар муддати кӯтоҳ ба хирмани Ватан супорем. 40 нафар коргарони хоҷагии фермериамон аз истиқлоли Ватанамон шукргузор ҳастанд, зеро зарбдорона меҳнат мекунанд ва аз натиҷаи меҳнаташон рӯзгори худро обод менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик низ дар Ӯзбекистон аз тамоми шароиту имкониятҳо баробар бархурдор мебошад. Мардуми деҳаи моро саросар тоҷикон ташкил мекунанд. Ҳамаи пешрафту дастовардҳои мамлакати соҳибистиқлол, бидуни шубҳа, моли ҳамаи мост. Дар деҳаамон тақрибан хонаводаи камбизоат ва эҳтиёҷманд намондааст. Ин низ дастоварди бузургест, ки ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст ва Президент ҳамеша барои коҳиши он талош мекунад.
Суҳбаторо
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.