ИСТИҚЛОЛ – НЕЪМАТИ БУЗУРГ!

Оре, Истиқлол барои мардуми кишвари афсонавии мо имкониятҳои васеъро ҳадя намуд.

Эй Ватан, хоки туро бар дидаам 
ҷо мекунам,
Модари ҷонам туӣ, бо ту таманно
 мекунам.
Мустақил гардидаӣ озода дар 
рӯйи ҷаҳон,
Рӯзи истиқлоли ту ман тӯй барпо
 мекунам.
Фахр месозам ба номат дар миёни 
дӯстон,
Ҳар куҷое меравам, номи ту пайдо 
мекунам.

Оре, Истиқлол барои мардуми кишвари афсонавии мо имкониятҳои васеъро ҳадя намуд. Пеш аз ҳама гуфта метавонем, ки Ӯзбекистони офтобрӯя аз он рӯзе, ки соҳибистиқлол гардид, арзи 31 сол барои мардум, алалхусус, мо зиёиён имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Баъдан тарзи зисту зиндагии мардум дигар гардид. Ба фикри ман он нафаре, ки каме ҷидду ҷаҳд ва меҳнати ҳалол намояд, албатта ҳаёташ рангин мегардад. Бубинед, барои соҳибкорони ҷавон ва онҳое, ки фаъолияташонро ба тозагӣ оғоз намудаанд, чӣ гуна имкониятҳои фаровон дода шудааст. Аз ин танҳо шукрона бояд намоем. 
Ман худ тайи чанд сол аст, ки касби омӯзгориро интихоб намуда ба шогирдон дарс мегӯям. Ростӣ, аз он ифтихор дорам, ки имрӯз барои ҷавонони мо мактабу синфхонаҳои барҳаво, ҷиҳозҳои замонавии ҷавобгӯ ба андозаҳои ҷаҳонӣ муҳайё намудаанд, ки ин барои омӯзиши фанҳои гуногун ба шогирдони мо хидмат менамояд. Фақат аз шогирдон талаб карда мешавад, ки маҳорати баланди худро нишон дода, пайваста ба омӯзиши фанҳо машғул бошанд.
Як чизи дигарро бояд ёдовар гардам, ки солҳои охир ҳукумат барои мо омӯзгорон ва умуман, ходимони соҳаи маориф як қатор ислоҳот амалӣ намуд, ки аз он як ҷаҳон миннатдорем. Махсусан, баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон, қадр намудани омӯзгорон, фароҳам овардани як қатор имтиёзҳо худ як ташаббуси ғамхоронаи ҳукумат мебошад. Дар ҳамин замина қайд намуданиам, ки мо аз ин ғамхориҳои сарвари кишвар рӯҳбаланд гардида, тамоми кӯшишу ғайрати худро пайи он бояд сарф намоем, ки дар тарбияи насли наврас роҳҳои нав ба навро кашф намуда, барои Ӯзбекистони азиз фарзандони соҳибиқтидору навовар, маърифатдӯсту зуккоро тарбия намоем, зеро дар асл вазифаву мақсади мо низ ҳамин аст.
Ҳамин тавр, ҷашни Истиқлол таҳти шиори «Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз!» бо як ҳисси баланди ватандӯстона гузаронида мешавад ва итминони комил дорем, ки мардуми ватандӯсту меҳнаткаши мо 31-солагии Истиқлолиятро бо табъи болида пешвоз хоҳанд гирифт. Зеро дар кишвари озоду ободи мо таҷлили ҳар гуна иду айём арзанда мебошад. 

Хуршеда ТИЛЛОЕВА, 
ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифати мактаби рақами 52-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: