ИСТИҚЛОЛАМОН АБАДӢ БОШАД

Дар диёри рӯз то рӯз ободу зебошудаистодаамон бунёдкориҳо, навсозӣ ва дигаргунсозиҳои бузург авҷ мегиранд.

Ин ба бобою бибиҳои солхӯрдаамон низ таассуроти хуб гузошта, қалбашонро ба ваҷд меорад.
– Ман қариб навадсолаам, – мегӯяд сокини маҳаллааи «Шарқ»-и ноҳияи Қибрай Ашурбу Салметова. – Як умр дар хоҷагӣ меҳнат кардам. Говдӯшӣ, пиллапарварӣ намудам. Шавҳари раҳматиам Ҷуманбой Салметов гӯсфандҳои хоҷагиро бонӣ мекард. Бо азоб рӯзгор меҷунбондем. Соҳиби 9 фарзанд шудем. Ман бахтиёрам, ки аз онҳо 30 набера, 46 абера ва 2 чабера дидам.
Ашурбумомо бо овардани шукрона ба суханаш идома дода: – Ба Ӯзбекистони шукуфони мо чашм нарасад, – таъкид месозад гарми хаёл. – Диёрамон тинҷ, осмонамон мусаффо. Умри сардори давлат зиёда бод, барои муносиб зистан ва фаъолият бурдани аҳолӣ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Хусусан, занону духтарон, ҷавонон дар маркази эътибор. Барои оне, ки мехоҳад бо соҳибкорӣ шуғл варзад, кӯмак расонда мешавад. Ҳамаи дигаргуниҳо, фикр мекунам, бо шарофати истиқлолият. Ба куҷое нанигарем, як шукуфоӣ, як бунёдкориро дида, табъамон меболад.
Ашурбумомо ҳамаи фарзандони худро беосеб ба воя расонд, хононд ва соҳиби касбу кор, хонаю ҷой кард. Ӯ алҳол бо писари хурдиаш Исматулло, келинаш Маъмура, набераҳояш Фарҳод ва Элвира зиндагӣ мекунад.
– Аз ҳаёти имрӯза, аз Президентамон розӣ ва миннатдорам, – идома медиҳад момо, – истиқлолиятамон абадӣ бошад.
Бигузор дархостҳои самимии момо амалӣ гарданд. Ба диёри соҳибистиқлоли мо, ки истиқболи бузург дорад, омаду барорҳои нав ёр гардад.

Ш.ТУРАМУРАТОВА,
ш.Чирчиқ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: