Бо шарофати истиқлолият пояҳои давлатдории миллии мо таҳким ёфта, дахлнопазирии сарҳадҳоямон таъмин, дар ҷомеамон сулҳу оромӣ пойдор гардида, ваҳдати байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ кафолат дода шуд.
Аз ҳама муҳимаш, тавассути мустаҳкам кардани устувории қонун оиди ба рӯйи об баровардани ҳуқуқу озодиҳои инсон дигаргуниҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд.
Дар қарор, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани сию якумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи фархунда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид, муайян шудааст, ки ҷашни имсола дар доираи ғояи асосии “Дар Ӯзбекистони Нав халқ азиз, инсон азиз” таҷлил карда шавад.
Шубҳае нест, ки дар замири ин ғоя мазмуну моҳияти ниҳоят амиқ ниҳон аст. Азбаски, дар мамлакати мо ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбанд, дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои табиии шаҳрвандони мо аз қабили зиндагии озодонаи шаҳрвандон, соҳиби манзил ва моликият шудани онҳо, ҳифзи сиҳатӣ, дониш гирифтан ислоҳоти бузург ба амал бароварда мешаванд, дар оянда низ чунин ислоҳот идома хоҳанд ёфт.
Солҳои охир ислоҳоти густурдае, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ ба ҷавонон, занон, пиронсолон, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, амалӣ гардида, натиҷаҳои назарраси мусбат ба даст оварда шуданд.
Хусусан, агар роҳатон ба ягон гӯшаи ноҳияҳои Норин ва Уйчии вилояти Намангон афтад, (он ба ҳайати округи интихоботии 54-уми Норин, ки ман аз он ҷо интихоб шудаам, дохил мешавад), аз болои бунёдкориҳои азим мебароед. Боғчаҳои навбунёд, мактабҳо, иншоотҳои варзишӣ чашми шуморо мерабоянд. Фикр мекунам, ки оид ба гӯштии озод дар мусобиқаи варзишии «Бачагони Осиё-2022», ки дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор шуд, чемпион шудани тарбиятгирандаи Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Норин Санҷарбек Анварбеков натиҷаи ислоҳоти мо дар ин самт аст.
Яке аз дастовардҳои асосии мо дар ин бобат он аст, ки тафаккури сиёсӣ ва фаъолияти иҷтимоии мардуми мо рӯз то рӯз меафзояд, онҳо нисбат ба рӯйдодҳои гирду атроф бетафовут набуда, дар ислоҳоти мо бо ҳисси дахлдорӣ зиндагӣ мекунанд. Мо далели инро дар он дидем, ки дар рафти муҳокимаи умумихалқии Қонуни конститутсионӣ дар бораи тағйироту иловаҳо ба Қомуси асосии мо аз тарафи халқи мо зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор таклиф ба миён гузошта шуд.
Чунон ки дар қарор гуфта шудааст, мо барои дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, деҳоту овулҳои кишварамон васеъ таҷлил намудани чашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон далелҳои кофӣ дорем. Чунки дар ислоҳоти мо ҳар як ҳамватанамон саҳми муносиб дорад. Ин қарор аз он ҷиҳат ҳам муҳим аст, ки мақсад аз он боз ҳам баланд бардоштани шаъну эътибори инсон, обрую ифтихор, умуман, гиромидошти инсон дар Ватани маҳбубамон мебошад.
Зафар ХУДОЙБЕРДИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ӮзЛиДеП.