31 август дар маҷмӯаи Кӯксарой ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии идона баргузор гардид.
31 август дар маҷмӯаи Кӯксарой ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар он сенаторон, депутатҳо, шахсони масъули ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, фидоиёни соҳаи илм, фарҳанг, собиқадорон ва ҷавонон иштирок карданд. Инчунин, намояндагони ҷомеаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар студияҳои махсус чорабиниро ба тариқи онлайн тамошо карданд.
Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сухани идона баромад кард.
Шукӯҳи ҷашни истиқлолият ҳарчанд солҳо гузаранд ҳам, арзиши худро гум намекунад. Ба ҷомаи амал пӯшидани орзуи деринаи халқ ва падару бобоёни мо — истиқлолияти худро ба даст овардани Ватанамон 29 сол шуд. Сарҳисоби солҳои истиқлоли гузашта беҳисоб ва пурмазмун аст. Доираи тадбирҳое, ки дар солҳои охир, хусусан озмоишии 2020 амалӣ шуданд, ниҳоят васеъ аст.
Дар чунин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва савдо механизмҳои нав ҷорӣ карда шуданд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ дар соҳаи тиҷорати оилавӣ, ҳунармандӣ, боғдорӣ, хулоса, дар тамоми соҳаҳое, ки оила бояд хуб зиндагӣ карда ва некӯаҳволиашро беҳтар гардонад, имкониятҳои калон фароҳам оварда шуданд. Бори андоз сабук гардонда шуд.
Соли равон барои мардуми мо имтиҳон буд. Офатҳои табиӣ ва техногенӣ, шароити пандемия муттаҳидии мардуми моро нишон доданд. Мо ин офатҳоро ба туфайли тадбирҳои оқилона, дақиқ ва хуб андешидашуда бартараф карда истодаем.
— Новобаста аз он, ки чӣ қадар давраҳои пурташвиш ва шиддатнокро паси сар мекунем, новобаста аз он ки мо чӣ гуна муваффақият ва натиҷаҳо ба даст меоварем, ғояи истиқлолият ва рӯҳи озодӣ ҳамеша такягоҳи боэътимоди мо буданд. Ва имрӯз мо ҳақ дорем бо ифтихор изҳор намоем, ки ба туфайли дурандешӣ, ҳамбастагӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон ҳамаи озмоишҳоро сазовор паси сар кардем. Бешубҳа, Рӯзи истиқлолият, ки қадру қимат, ифтихор ва шаъну шараф, давлатдории миллиро эҳё намуда, дини муқаддасамонро ба мо бозгардонд, дар таърихи пуршарафи Ватани мо абадӣ саҳифаҳои дурахшон боқӣ хоҳад монд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон таҳкурсии давраи нави Эҳё - Ренессанси сеюм гузошта мешавад.
Дар баробари ин омилҳои муҳим, бешубҳа, татбиқи ислоҳоти васеъмиқёс дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, рушди илм, баланд бардоштани нуфузи муаллимон ва омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таълим мебошанд.
Шавкат Мирзиёев ба Бунёди байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо, Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё ва дигар ташкилотҳо барои дастгирии барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, инчунин кумак дар нарм гардондани оқибатҳои пандемия изҳори сипос кард. Ба халқҳои ҳамаи кишварҳо ва шарикон, ки дар ин рӯзҳо Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлолият муборакбод менамоянд, сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу кард.
— Ҳеҷ кас набояд фаромӯш кунад: ҳарчанд душвор бошад ҳам, чӣ қадар маблағ ва саъй талаб карда нашавад, ягон шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳоли худ гузошта нахоҳад шуд, — гуфт сарвари давлат.
Сарфи назар аз маҳдудиятҳои карантинӣ корҳо оид ба рушди саноат ва кишоварзӣ оғоз ёфта, бунёди корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ пайваста идома доранд. Аз аввали сол ҳаҷми содирот 9 миллиард долларро ташкил дод. Имсол танҳо дар соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ ба маблағи 11 миллиард доллар лоиҳаҳо татбиқ карда мешаванд.
— Ман ба хирадмандӣ ва азми шуҷоати халқамон, ки ба онҳо сифатҳои аҷиби инсонӣ, устуворӣ ва ҳамбастагӣ, ҷасорати ҳақиқӣ хос буда, дар ин рӯзҳои душвор махсусан равшан зоҳир мешаванд, эътимоди комил дорам. Бо ҳисси муҳаббати фарзандона ва садоқат ман дар назди халқи олиҳиммат ва қаҳрамони худ сари таъзим фуруд меорам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар Ӯзбекистон чорабиниҳои идона ба муносибати 29-умин солгарди истиқлолият идома доранд.
Улуғбек АСРОРОВ,
мухбири ӮзА.